Home ХАБАР ХУШХАБАР: ЧОҲИ АМУДӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДА ШУД!

ХУШХАБАР: ЧОҲИ АМУДӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДА ШУД!

by admin
254 views

Санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илми педагогика, профессор Мирализода Абдусалом ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони факултети химия, биология ва география 1 адад чоҳи амудӣ барои таъмини донишгоҳ бо оби тозаи ошомиданӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа татбиқи амалишавии ин лоиҳаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои бо сифат анҷом додани корҳои баанҷомрасида ба раёсати донишгоҳ арзи сипос намуд. Аз ҷумла афзуд: “Ин кори хайр шаҳодат аз дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад ва мо бовар дорем, ки раёсати донишгоҳ дар оянда низ чунин корҳои ободкориро давом медиҳад. Ҳамаи сокинони шаҳри Кӯлобро ба ин рӯзи нек муборакбод мегӯям.”

Сипас, Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, қайд карданд, ки: “Ин иқдоми олӣ барои пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ шудааст ва бинобар ин, ба раёсати донишгоҳ миннатдории самимии худро баён менамоям. Бояд зикр намуд, ки ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 800 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва мо кӯшиш мекунем, ки дар ин самт аҳолии шаҳрро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намоем.”

Дар идома ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мо ҳамеша саъю талош мекунем, то корҳои ободонӣ дар донишгоҳ зиёдтар амалӣ карда шаванд.

Ин иқдом бо ташаббуси бевоситаи ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом роҳандозӣ шуда, илҳом аз идомаи иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинони шаҳри Кӯлоб ба шумор меравад.

Бо амалӣ гаштани ин лоиҳа, яъне таъмини донишгоҳ бо оби нӯшокӣ, пурра таҷдиду навсозӣ ба ҳалли яке аз мушкилоти асосии сокинони шаҳри Кӯлоб мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки раёсати донишгоҳ баҳри беҳбуд бахшидани шароити хобгоҳи донишгоҳ, ободкориву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯшишу заҳматҳои зиёд кашида истодааст.

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳр, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ намудани низоми устувор мебошад.

 

Related Articles

Leave a Comment