Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АЗ ДӮСТИ  НОДОН ДУШМАНИ ДОНО БЕХТАР

АЗ ДӮСТИ  НОДОН ДУШМАНИ ДОНО БЕХТАР

by admin
5034 views

То тавонӣ дӯстонро гум макун!

Дӯстони меҳрубонро гум накун!

Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, ки маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон баяд дар ҳама мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.

Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхуширо ҳам дида, аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Дӯст афзуни ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад, зеро дона танҳо хирман намегардад, нони танҳо файзи дастурхон намешавад, шукуфтаи муғчае бе ҷамоли офтобу боди субҳ сурат намегирад. Инсон ҳам бе дӯсти наздик буда наметавонад. Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд: забониву нониву ҷонӣ. Асостаринашон дӯстони ҷонианд, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд. Дӯсти ҳақиқӣ ҳамеша мекӯшад, ки ба шодии дӯсти худ боз шодие зам намояд, хотири болидатар гардонад, танҳо ва танҳо манзили дӯсти худро ободу дили ӯро шод гардонад. Дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад. Дӯстӣ ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Дӯстон ҳамдаму ҳамроз ҳамқадаму мӯнису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бе шоху баргеро мемонад ки зинатеро соҳиб буда наметавонад. Пас биёед азизон мекӯшем пайи ҷамъоварии дӯстони ҷонӣ, ки лаззатгарои ҳар каломе равшандиҳандаи хонадону илҳомоварандаи имону ҷонамон бошанд. 

Зайнаб КАРИМОВА, донишҷӯи соли 1-уми факултети химия, биология ва география

 

Related Articles

Leave a Comment