Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ШАРМУ ҲАЁ –ҲУСНИ ИНСОН АСТ

ШАРМУ ҲАЁ –ҲУСНИ ИНСОН АСТ

by admin
106 views

Гарчи гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст

Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.

Оре, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ, хислатҳои бузурги инсонианд, ки одамиятро зебу зиннат, обрӯю эътибор ва фаросат мебахшанд. Шахсе, ки дорои ин хислатҳо нест, дар шумораи инсонҳои асил буда наметавонад, зеро шарму ҳаё ҳамчун зару зевар ва ороишоти бузург инсонро зебоиву фасоҳат ва бузургиву ҳашамат мебахшад. Бояд гуфт, ки гули қоѓазин низ дар шумораи гулҳост, лекин чун рангу бӯй надорад, ба ҷои гули зинда буда наметавонад. Инсон низ чи зан бошад, чи мард дар ҳолате, ки дорои хислатҳои бузурги инсонӣ, аз қабили иффату покдоманӣ, номусу ор, виҷдон, шарму ҳаё набошад, зиндагӣ дар ягон давру замон барояш таровате бахшида наметавонад. Одамият дар зиндагӣ аз дигар махлуқоти зинда маҳз бо ана ҳамин хусусиятҳояш фарқ мекунад, зеро ин хусусиятҳо ба инсон хос дар ҳама мавридҳо одамиятро ҳамчун зару зевар оро медиҳад. Шарму ҳаё ҳадди эътидолест, ки инсониятро то як андоза дар чорчӯбаи муайян нигоҳ медорад, намегузорад, ки беиффатона рафтор намояд, сухани беҷо гӯяд. Чунон ки бузургон мегӯянд: “Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.”

Махсусан, занону духтаронро ҳаё зебу зинат ва бузургӣ мебахшад. Бузурге гуфтааст: “Зани беҳаё ваҳшатнок аст, чун аждаҳо.” Ҳамеша аз касони беҳаё ҳазар кард, то покизаву осоишта, баору номус ва  боиффату баланд зиндагӣ кард. Бо саҳро суҳбат кун, бо дарё суҳбат кун, бо  дунё суҳбат кун, аммо бо шахсе, ки шарму ҳаё надорад, суҳбат макун. Шарму ҳаё бисёртар занони тоҷикро ҳусн  мебахшад. Хулоса, шарму ҳаё нишонаҳои инсони бузурганд, ки аз хираду маънавиёт, номусу виҷдон поктинатию покдоманӣ хабар дорад.

Гулҷамоли ДУСТМУРОД, донишҷӯи соли 1-уми факултети химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment