Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

by admin
277 views

Бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ маҳз бо нуру сафо ва қадами ихтиёрии мубораки Пешвои миллат ба руйдоди пурарзиши таърихӣ ва Иҷлосияи сарнавиштсози миллӣ табдил ёфт.

Дар ибтидои солҳои 1991-ум, ки Тоҷикистон гирифтори балои азим гардида буд, ки мардум гурезаю сарсону саргардон буданд, тақдири миллатро ҷасуронаю далерона Пешвои миллат ба дӯши худ гирифтанд.

Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири раҳоии Ватан ва хатари парокандагӣ, наҷоти миллат аз вартаи ҳалокат аз баҳри худ аз баҳри ҷисму ҷон ҳаёти шахсӣ ва дигар унсурҳое, ки марбут ба як инсону шаҳрванди комилҳуқуқ мебошад, гузашта буд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо ҳамасола рӯзи 16–уми ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, конфронсҳо, мулоқоту вохӯриҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, мардуми кишвар ин ҷашни миллиро бо фараҳу шодмонӣ қайд мекунанд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани ин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 16.11.1994 Пешвои муаззаму маҳбуби кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд ва тамоми он ваъдае, ки ба халқ дода буд, ба он содиқона поквиҷдона амал кард.

Кароматулло ҚУРБОНЗОДА, ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он            

Related Articles

Leave a Comment