Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БАСЕ РАНҶ БУРДАМ ДАР ИН СОЛ СӢ…

БАСЕ РАНҶ БУРДАМ ДАР ИН СОЛ СӢ…

by admin
316 views

       Мафҳуми сулҳу ваҳдат ба унвони ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ минбаъд бояд ҳамчун василаи муҳимтарини ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамаҷониба ба кор гирифта шавад. Зеро дар замони пуртазоди имрӯза масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳаммияти хосса касб карда, танҳо инсони дорои тафаккури миллӣ қодир аст, ки барои ҳимояи забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва дигар арзишҳои милливу умумибашарӣ бо иродаи қавӣ талош варзад.

                                                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

        Пешвои миллати тоҷикон ин давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад. Маҳз ӯ буд, ки имрӯз тоҷик сарҷамъ аст, имкон дод, ки миллати  тоҷикон аз нав эҳё ва рушд кунад. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯз ва ҳамзамон дастури корӣ ва орзӯю умеди дигарон гардидааст. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохт, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии ӯ мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки 30 сол қабл ӯ чун Пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд. Касе бояд имрӯз бо ин андеша миннат нагузорад, балки Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияш пешво кард. Фарҳангҳои аз дастрафтаро эҳё бахшиданаш ӯро раҳнамои миллат сохт. Ин ҳам падидаи фарҳангист, ки ӯро акнун Пешво меномем, зеро ин падида боз як омили муттаҳид шудани тоҷикон дар атрофи ӯ мебошад.

         Пешвои миллат аз рӯзҳои нахуст фарҳангро дӯст медошт, бар он такя мекард ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанг шеваи фаъолияти доманадори ӯст. Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳарсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тавассути чорабиниҳои байналмилалӣ тарѓиби фарҳанги пурѓановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дошт ва дорад.

        Бунёд ва эҳё намудани муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, мақоми давлатӣ гирифтани як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои «Наврӯз», «Меҳргон», «Рӯзи Шашмақом», «Рӯзи Фалак», «Рӯзи Китоб», «Корвони китоб», инчунин дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳириявию байналмилалӣ гувоҳи толошҳову нақшҳои Пешвои миллатанд. Ҳангоми гузоштани хишти аввалин ва нома ба наслҳои оянда дар бунёди бузургтарин театри замонавӣ дар маркази пойтахт Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Имрӯз парлумон ба бинои нав ниёз дошт, аммо сарфи назар аз ин эҳтиёҷот бунёди театри замонавиро заруртар ва муҳим медонем. Зеро ки он моли фарҳангии миллат мешавад». Ин нукта баёнгари он аст, ки ӯ фарҳангро дар сиёсати худ муҷаддам мешуморад.

       Бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат бунёди яке аз бузургтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ дар як гӯшаи пойтахт, ки рухдоди бузурги фарҳангӣ дар тамоми ҷаҳони ислом мебошад. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, парчаму нишони миллии партавафшон бинои муҳташами Қасри Миллат ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳр ба таври рамзӣ дар як ҳудуд қомат афрохтаанд, худ як гувоҳномаи бузурги фарҳанги миллати кӯҳанбунёди мост. Ин бунёдҳо рисолати ҳазорсолаҳо барои наслҳои минбаъда дошта, чун як санади кафолат дар роҳи шинохти ҳастии миллати тоҷик мебошад. Месозад, ки мо хурду калон дар гирди Пешвои миллат ҷамъ гашта, созандаи фарҳанги миллии худ бошем.

                       Одина МУҚИМОВ, ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ

Related Articles

Leave a Comment