Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АҶОИБТАРИН ДУНЁИ МИСРИ ҚАДИМ

АҶОИБТАРИН ДУНЁИ МИСРИ ҚАДИМ

by admin
451 views

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Мисри Қадим дунёе вуҷуд дорад, ки боис шуд тамоми ҷангҳои хонумонсӯз дар ин кишвар ҳукмронӣ кунанд. Дар солҳои қарни пеш мисриён табодули чандин оинҳои гуногун доштанд. Ҳамзамон, дар ин мамлакат худоёне вуҷуд доштанд, ки онҳоро дар ҳар макони шаҳр парастиш мекарданд. Дар ин матлаб далеле аст, ки он худоёне, ки мисриён мепарастиданд, бутҳои онҳо дар куҷо дафн карда мешуданд?

Дар Мисри Қадим худоёни зиёд буданд, ки дар он давра зиёда аз 13 худоён вуҷуд дошт. Дар ин худоён ҳар кадомашон, вазифаҳои худро анҷом медоданд, ки бо номҳои гуногун оварда шудаанд: Ра, Себек, Нут, Хатхор, Анубис, Хап ва Асар, Геп, Баст, Исида, Сети ва Осирис, Мут, Хатмехит, Хепри, Хнум, Нефтида, Маат, Тот, Унут, Нехебкау, Гор, Имхотеб, Нефертити, Селкет, Шу, Селшат, Тефнут ва дигар худоён. Ин худоён ба Фиръавҳое тааллуқ доштанд, ки ҳангоми дафн карданашон бо худ як худоро дафн мекарданд. Оини Мисри Қадим ин буд, ки шахсони боломартаба баъд аз марг худоёни Миср дар дунёи марг кӯмак расонашон хоҳанд кард, зиндагии ҷовидонаро насибашон гардад, аммо дар ҳангоми дафни баъзе аз Фиръавнҳо ҷасадҳои дуздидашударо намеёфтанд, ки онро ба фарҳанги ҳамон шаҳр супуранд. Дар солҳои ҳуҷуми Напалеон ба Миср чандин асрори гумшудаи мисриёнро ба яғмо бурданд. Ҳатто дар ин солҳо бояд, гуфт, ки мӯмиёҳои кардашудаи ғуломон ва канизакҳои дарборро ба бозор бурда мефурӯхтанд. Акнун мо якчанд далели дунёи марги Фиръавнҳоро ба шумо мегӯем.

Дар Мисри Қадим баъд аз марг Фиръавнҳоро ба ҳуҷраи махсус мебаранд ва дар ин ҳуҷра ӯро мумиёӣ мекунанд. Пас аз мӯмиёӣ кардан ӯро ба тобути махсус, ки Тутанхамон ном мебурданд, дафн мекунанд. Чунин аст, ки ин мӯмиёкардашуда махсус дар зерқабатҳои тобут дафн карда мешуданд, ки ба онҳо канизакҳо ва ашёи рузгорро низ бо Фиръавн дафн мекарданд. Дар соли 1920 олими Британияи Кабир дар Мисри ҳузур доштанаш, нақди гумшударо меёбанд, ки дар он баъзе аз канизакои Фиръавн дафн карда шудааст.

Дар илм саҳми олимони Миср беҳад беканор буданд, ки коҳинони Мисри Қадим аз ин гуна олимон истифода мебурданд. Ин аҷоибтарин дунёи Мисри Қадим буд, ки то имрӯз номҳои таъриихи гумшудаи Фиръавнҳо зинда шуда истодаанд.

Ҳисайн КАРИМЗОДА, донишҷӯи соли 4–уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment