Home ХАБАР ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

by admin
20 views

 

     Имрӯз ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон‑ватани азизи ман” аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баъди ҷамъбасти озмун ба донишгоҳ баргаштанд.

Ғолибонро дар саҳни донишгоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, Назаров ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.

Нахуст ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо суханронӣ намуда,  ба ғолибон ва роҳбарашон барои расидан ба ин муваффақия

ти назаррас изҳори сипос намуда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуданд.Сипас,аз ҷониби садорати донишгоҳ ба ғолибони озмун сипоснома тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.  

 

 

 

 

Related Articles

Leave a Comment