Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

by admin
237 views

ПАЁМИ

табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба ифтихори Рӯзи Конститутсия

    Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.

      Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст.

                           Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи мардуми шарифи тоҷик мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллати тоҷик ҳисобидааст.

Бояд қайд намуд, ки сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита бо озодиҳои воқеии инсон, таъмини ҳуқуқҳои аввалиндараҷа ва фитрии ҳар аъзои ҷомеа сурат мегирад. Танҳо дар давлати ҳуқуқбунёд шахс воқеан озод буда метавонад. Ҳамзамон, бунёди иқтисоди бозор, инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ бо иштироки шахсони хусусӣ, вусъати соҳибкорӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодӣ танҳо бо иштироки шахсони озод, таъмини ҳуқуқи конститутсионии онҳо ба моликиятдории хусусӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ имконпазир мегардад. Аз ин нуқтаи назар, амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия дар бобати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънои сохтмони давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, пойдории муносибатҳои нави иқтисодиву моликиятиро дорад. Табиист, ки бунёди сохторҳои давлати ҳуқуқӣ, иқтисоди бозор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муддати тӯлониро талаб мекунад.

Дар ҳама давру замон бо рушт ёфтани давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтори идораи давлатӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо номи Конститутсия муаррифӣ мешавад. Имрӯз тамоми ҳуҷҷатнигориву санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми таҳияи Конститутсия ба масъалаи бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модар ва тарбияи фарзандон диққати махсус дода шудааст. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар як шахс ҳуқуқи ташкил кардани оиларо дорад. Илова бар ин масъуляти падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар ба низоми муайяни ҳуқуқӣ дароварда шудааст. Воқеан, Конститутсияи мо, яке аз беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо такя ба хиради азалии фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат, дӯстдори пиру ҷавон, набзшиноси давру замон – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули ин санади муҳими таърихӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуданд, ки халқи тоҷик, воқеан ворисони арзандаву посдорандаи арзишҳои ниёкони хеш, хосса яке аз чеҳраҳои барҷастаи арсаи сиёсат ва давлатдории сатҳи ҷаҳонии аҳди бостон Куруши Кабир мебошад. Ин чеҳраи мондагори таърих барои нахустин бор дар таърихи инсоният намунаи эъломияи ҳуқуқи башарро таҳти унвони «Устувонаи Куруш» содир намуда, мутобиқи он дар шоҳаншоҳии паҳновари худ баробарҳуқуқии бошандагони қавму халқиятҳои сершумор ва дорои урфу ойину эътиқодоти мухталифро таъмин намуд. Қонунномаи ӯ то ба ҳол сарманшаи «Эъломияи ҳуқуқи башар» ва мояи ифтихори қавмҳои ориёист.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро бо кору фаъолияти назаррас созем ва ба арзишу меъёрҳои Конститутсия эҳтиром  гузорем.

Ҳамватанони гиромӣ! Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам. Бигузор ҳамеша дар Тоҷикистони азиз озмони софу беолоиш бошад.

Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамватанони азиз!

Related Articles

Leave a Comment