Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МОҲИЯТИ ЗАМБУРУҒҲО

МОҲИЯТИ ЗАМБУРУҒҲО

by admin
507 views

     Замбуруғҳо ба таври гетеретрофӣ, яъне аз ҳисоби модаҳои органикӣ бофтаҳои растанию ҳайвонот, модаҳои ғайриузвӣ ғизо мегиранд. Вобаста ба ғизо замбуруғҳо сопрофит чун ғизои модаҳои органикӣ бофтаҳои мавҷудоро истифода мебаранд.

Замбуруғҳо аз рӯи ҳаҷм, намуди зоҳирӣ, маҳали рӯиш ва амали физиологӣ тафовут доранд, андозаи замбуруғҳо то чанд метр мешаванд. Ҳуҷайраи бисёр замбуруғҳо бо пардаи сахт пӯшонда шудааст, ки 90%-и онро полисахаридҳои нитрогендору бенитрогендор ва селюлоза ташкил медиҳад. Танаи аксари замбуруғҳо аз печҳои риштамонанд, ки митсепияро ба вуҷуд меоранд, иборат аст. Митсепияи замбуруғҳо олӣ ташаккул ва митсепияи номукамал суст инкишоф ёфтааст. Замбуруғҳо тавасути гиф ғизо мегиранд. Митсепии баҳри замбуруғҳои сапрофил дар муҳити мисли реша ғизоӣ инкишоф меёбад. Дар сурати номусоид омадани шароити зист митсепои бисёр замбуруғҳо, узвҳои афзоиш нашъии масъалаи скперосия ғизоморфо хлоралирдосфароро ташкил медиҳанд. Митсепии замбуруғҳо найчашакл буда, бараш 1-10 мкм ва дарозиаш 90-100 мкм аст. Митсепии хурд одатан борику нозук ва митсепии калон нисбатан ғафси рангин мешавад.

Аксари замбуруғҳо дар давраи нашъ чанд намуд насл медиҳанд. Спорои замбуруғҳо гуногуншакл мешаванд. Дар замбуруғҳо хусусан афзоиши ғайриҷинсӣ бо супо-спирангспора конидия бештар дучор меояд.

Зооспораю спорангиоспораҳо дар дохили узви махсус зооспорангию спронгиҳо ба вуҷуд меояд. Конидияҳо дар нуги торҳои махсуси митселия ҳосил мешавад. Ҳангоми афдомии ҷинсии замбуруғҳо ду ҳуҷайраи гуногун гометаҳо (модина-нарина) омехташуда дар натиҷа зигота пайдо мешавад. Афзоиши ҷинсии замбуруғҳо номуташакил дар натиҷаи омехта шудани гаметаҳои якхела, изогамоя ё гуногун геторегомия сурат мегирад. Узви ҷинси модинаи замбуруғҳо олиташакул архикари ном дошта аз аскогон трихогин иборат аст тавасути артеридияи нарина бордор мешавад.

Супорои замбуруғ ба воситаи об одам ҳайвонот ва ғайра паҳн мешавад. Супорои баъзе занбуруғҳо зооспораҳо дар об тавассути қамчинак ҳаракат мекунад. Замбуруғҳо дар рафти ҳаёт бисёр вақт ба симбиёз гузашта, бо дигар организмҳои наботию ҳайвонӣ ҳамзистӣ менамояд, ё ферментҳои махсус заҳр, антибиотик, витамин модаҳои рушд ва ғайра худро аз нест шудан эмин нигоҳ медорад. Дар ҷумҳурӣ қариб 20 ҳазор намуди замбуруғ мавҷуд аст. Замбуруғҳо вобаста ба сохти митселия, роҳои афзоиш ҷинсию ғайриҷинси, таркиби химиявии ҳуҷайра –парда ва дигар аломатҳо ба замбуруғҳои дараҷаи паст ва оли ҷудо мешавад.

                                                                           Низора АЗИЗОВА, ассистенти кафедраи биология

Related Articles

Leave a Comment