Home ХАБАР ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ НАВИ ХОЛГУЗОРӢ

ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ НАВИ ХОЛГУЗОРӢ

by admin
35 views

     Шурӯъ аз соли таҳсили 2021-2022 Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба низоми нави холгузории ҳафтаина фосилаҳо (рейтинги 1 ва 2) ва журнали электронӣ дар барномаи иттилоотии идоракунии раванди таълим тасмим гирифт.

Бо ин мақсад Донишгоҳ ба барномаи Uchproc Teacher пайвасат шуд. Барномаи мазкур дорои имкониятҳои васеъ буда, назорати бештарро фароҳам оварда метавонад модули ғунҷоиши холҳои хафтаина ва журнали электрониро дар шакли Web сабт намояд.

Ректори Донишгоҳ профессор Мирализода А.М. барои гузариш ба низоми нави холгузории ҳафтаина

 фосилаҳо (рейтингҳо), журнали электронӣ ва ҳозиру ғоиб намудан дар дафтари академии электрониро дар барномаи иттилоотии идоракунии раванди таълим зарур донистаанд. Ин равандро Маркази тестӣ дар мувофиқа бо раёсати Донишгоҳ барои омӯзиши барнома ба кормандону омӯзгорон семинар — машваратҳоро ташкил намуданд. Дар рафти семинарҳои омӯзиши мутахассисони марказ ба омӯзгорон тарзи пайваст шудан, ба кабинети инфиродӣ дохил шудан, ворид намудани ахборотҳои лозима ва нозукиҳои барномаро меомӯзонанд.

Ҳамчунин шакли мобилии барнома (замима) дар Плей Маркет барои истифода бурдан озод пешкаш шудааст.

Related Articles

Leave a Comment