Home ХАБАР БА МУНОСИБАТИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУРҶИ БАЛАНДТАРИНИ МАЛАЙЗИЯ БО РАНГҲОИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН РАВШАН ГАРДИД

БА МУНОСИБАТИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУРҶИ БАЛАНДТАРИНИ МАЛАЙЗИЯ БО РАНГҲОИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН РАВШАН ГАРДИД

by admin
169 views

Сентябрь 9, 2021 11:14

        ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2021 рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баландтарин бурҷҳои дунё, ки дар пойтахти Малайзия ҷойгир шудааст инъикос гардид. 

       Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

      Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд. Имрӯз дар макотиби олии Малайзия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

      Дар ин бора мавод дар расонаҳои Малайзия бо пайванди зерин дастрас мебошад:

https://www.bernama.com/en/world/news.php?id=2001041&fbclid=IwAR0VVASP9mfbMqdE4cy463gr6UjYvE5aOa-MDjzSGO066rnUyzdJi1azX0c

      АКС аз www.bernama.com

Related Articles

Leave a Comment