Home СИЁСАТ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД: «ИСТИХБОРОТ НОҶИИ ҶАНГ АСТ»

АҲМАДШОҲИ МАСЪУД: «ИСТИХБОРОТ НОҶИИ ҶАНГ АСТ»

by admin
286 views
Эй аҳли ҷаҳон, ҷаҳони Масъуд гузашт,
Гар ҷону дилу нури назар буд, гузашт.
Чун толеъи фархунда дар ин даҳри шукӯҳ,
Дер омада буд, ҳасрато зуд гузашт!
Яъқубии Панҷшерӣ
   Дар давоми 23 соле, ки Аҳмадшоҳи Масъуд — ин рамзи муборизаи мардуми азияткашидаи Афғонистон барои озодӣ ва истиқлолияти кишвар пайваста дар корзор ва муттасил дар пайкор буд, рӯзноманигорону нависандагон, коршиносону муҳаққиқони сиёсиву низомӣ дар бораи ӯ аз мақолаи кӯчаке шурӯъ карда то даҳҳо китобҳои муфассале навиштаанд, филмҳои зиёди мустанад ба навор гирифтаанд. Баъди шиносоӣ ва омӯхтани фаъолиятҳои сиёсиву низомии ӯ иддае аз ин муаллифон маҳорати лашкаркашӣ ва кордонии низомии ӯро дар радифи чунин шахсиятҳои бузурги таърихи инсоният аз қабили Искандари Македонӣ, Амир Темури Самарқандӣ ва Наполеон Бонапарт гузоштаанд. Вале бояд бигӯем, ки ин шахсиятҳои таърихӣ, донишу малакаи низомии худро барои мақсадҳои кишваркушоӣ сарф кардаанд, на мисли нобиғаи даврон Аҳмадшоҳи Масъуд ба хотири ҳифзи озодӣ ва истиқлолияти Ватанашон. Бархи дигари нависандагон ҷаҳду талоши Аҳмадшоҳи Масъудро дар ин роҳ ба фаъолиятҳои чунин абармардони таърих, аз қабили Шарл де Голл, Иосиф Броз Тито, Мао Цзе дун, Хошимин, Че Геваро муқоиса кардаанд.
   Чунин қиёс то андозае ба ҳақиқат наздик аст. Зеро ин симоҳои барҷаста дар давраҳои гуногуни таърихи кишварашон дар раъси муборизаҳои мусаллаҳонаи мардум Ватанашонро аз чанголи ишғолгарони бегона наҷот додаанд. Чунин буд муборизаи Шарл де Голли фаронсавӣ ва Иосиф Броз Титои югославӣ алайҳи ишғолгарони фашистӣ дар даврони ҷанги ҷаҳонии дуввум. Чунин буд набарди мусаллаҳонаи Мао Цзэ дун зидди милитаристони ҷопонӣ ва пайкори Хошимин дар аввалҳо алайҳи ишғолгарони фаронсавӣ ва баъд зидди амрикоиҳо. Ҳамин тавр буд ҷаҳду талошҳои Че Гаваро дар Куба. Вале боз ҳам аз бисёр ҷиҳатҳо чунин қиёс ноқис ва нопурра ба назар мерасад ва бузургиву шаҳомати Аҳмадшоҳи Масъудро барои хонандаи хориҷ аз кишвари Афғонистон ба пуррагӣ нишон дода наметавонад. Зеро Аҳмадшоҳи Масъуд дар баробари ин ки дар ин тӯли23 сол аз озодӣ ва истиқлолияти Ватанаш қаҳрамонона дифо кардааст, ӯ инчунин рисолати таърихиеро дар назди башарият ба ҷо овардааст, ки аз моҳияти умумиҷаҳонӣ ва умумиинсонӣ бархӯрдор аст.
   Рӯзноманигори амрикоӣ Кент Каплан ҳанӯз соли 1992 дар китоби худ«Сарбозони роҳи Худо» навишта буд: «Муҷоҳиди қаҳрамон Аҳмадшоҳи Масъуд монанди раиси Ҷумҳури Полша Лех Валенса, роҳбари католикҳои ҷаҳон Папаи Рим Иоҳан Поли II ва раиси Ҷумҳури ИМА Роналд Рейгон камари империализми Иттиҳоди Шӯравиро шикаст ва ҷаҳонро аз шарри вабои коммунизм наҷот дод» (Маҷмӯаи мақолаҳо, Марди устувор ва умедвор ба уфуқҳои дур, Теҳрон1999, саҳ: 307.). Ин суханон чи тавре, ки дар боло ишора кардем, ҳанӯз соли1992 гуфта шуда буданд. Дар байн 10 сол гузашт.
Дар ин муддат дар таърихи инсоният даврае ба вуқӯъ пайваст, ки дар он нақши Аҳмадшоҳи Масъуд боз ҳам муҳим ва созанда ба назар мерасид. Даврони мубориза алайҳи терроризми байналмиллалӣ. Ба иллати бетаваҷҷӯҳии ҷаҳон ба қазияи Афғонистон ин кишвари ҷангзада бар асари ҷангҳои давомдори дохилӣ ва дахолати кишварҳои хориҷ ба пойгоҳи террористони байналмиллалӣ мубаддал гашт. Боз ҳам Аҳмадшоҳи Масъуд дар хатти аввали ҷабҳаи зидди терроризми байналмиллалӣ дар раъси муборизаи оштинопазир қарор гирифт. Билохира бо қиммати ҷони худ ҷаҳонро аз ин вабои охирзамон низ наҷот дод.
    Тафовут ва фарқияти Аҳмадшоҳи Масъуд аз шахсиятҳои таърихии дар боло зикршуда маҳз дар он аст, ки Аҳмадшоҳ дар маҳдудаи танги кишвари худ, яъне дар қаламрави Афғонистон, ҳатто дар як бахши кӯчаки он аз манофеи умумибашарӣ ва умумиҷаҳонӣ ҳимоят кардааст.
    Дар сурате, ки абармардони дар боло зикргардида таърихӣ асосан барои кишвари худ, миллати худ, кишваркушоӣ ва хизматҳои дигар кардаанд.
    Боз як фарқияти ҷиддии Аҳмадшоҳи Масъуд аз шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дар он аст, ки ӯ дар раддаи ин афроди бузург ягона шахсест, ки аз ормонҳои волои исломӣ дифо кардааст. Дар даврони таҳоҷуми шӯравиҳо ба Афғонистон Аҳмадшоҳ агар барои тасбити ҳуқуқҳои мусалмонон ҷиҳод карда бошад, дар замони зуҳури Толибон ва таҷовузи аҷнабиҳои террорист кӯшишҳо ба харҷ додааст, ки аз чеҳраи исломи ноби Муҳаммадӣ дифо намояд ва нагузорад ки дар назди оламиён дини мубини Ислом ҳамчун дини террористону даҳшатафканҳо шинохта шавад.
    Аз ин ҷиҳат хизмати Аҳмадшоҳи Масъуд барои ҷаҳони Ислом ва мусалмонони ҷаҳон хеле бузург аст. Вале боз ҳам дар байни Аҳмадшоҳи Масъуд ва он симоҳои барҷастаи таърихие, ки журналистону нависандагон ва муҳаққиқону коршиносон дӯст доранд онҳоро ба ҳам муқоиса намоянд ва монанд кунанд, як умумияте низ вуҷуд дорад. Ва ин умумият он аст, ки ҳам он бузургони таърих ва ҳам Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷараёни расидан ба аҳдофи худ ва бароварда кардани мақсадҳояшон касби иттилоот, иттилооти дақиқ, саривақтӣ ва объективиро меҳвари асосии фаъолияти сиёсиву низомии худ қарор додаанд. Бо ин мақсад ҳамаи онҳо, минҷумла Аҳмадшоҳи Масъуд дастгоҳҳои пурнуфузи истихборотӣ (разведка) ва зиддиистихборотиро (контрразведка) созмондиҳӣ намуда аз онҳо хеле моҳирона ва васеъ истифода кардаанд.
     Дар мусоҳибаҳои сершумори худ бо хабарнигорони хориҷӣ Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷавоб ба саволи гарави асосии пирӯзиҳои ӯ дар сангарҳои ҷиҳод алайҳи шӯравиҳо ва баъдтар дар ҷанги зидди Толибон дар чист, ӯ ҳамеша ҷавоб додааст, ки музаффариятҳои ӯ пеш аз ҳама аз лутфи Худованд ҳасту дуввум аз доштани як дастгоҳи қавии истихборотӣ ва зиддиистихборотӣ.
Чунончи хабарнигори ҳафтаномаи русии «Собеседник» чопи Маскав Михаил Сердюков дар як мусоҳибаи худ, ба Аҳмадшоҳи Масъуд бо чунин суол муроҷиат кардааст: — «Сабаби асосии пирӯзиҳои низомии худро шумо дар чӣ мебинед? Америкоиҳо дар он вақтҳо шуморо «Ҷои дастгирнашаванда» лақаб ниҳода буданд. Генерали шӯравӣ Варенников ният карда буд, ки баробари дастгир кардан шуморо ба дор меовезад. Бо ин мақсад даҳҳо гурӯҳҳои вижаи низомии шӯравӣ дар атрофу маҳалҳое, ки он ҷо мебудед, пиёда мешуданд.
Вале ҳамеша бенатиҷа. Бигӯед, сирри ин комёбиҳои шумо дар куҷо пинҳон аст?
     Аҳмадшоҳи Масъуд: Бале, дар ҳақиқат ман ҳамеша дар ҳаракат будам. Маҳали буду боши доимӣ, чи тавре, ки шумо мегӯед, ситоди доимӣ надоштам. Хеле кам ба вуқӯъ мепайваст, ки дар як манзил паи ҳам ду шабро рӯз карда бошам. Муҳимаш он буд, ки дастгоҳи қавии иттилоотӣ доштам, яъне истихборот ва зидди-истихбороти қудратманд. Ба фикри ман истихбороти қудратманд ноҷии(наҷотдиҳандаи) ҷанг аст. Имрӯз метавонам, ки бидуни худситоӣ бигӯям: Хадамоти махсуси шӯравиҳо, яъне КГБ ва истихборотии низомиро мо дар даврони ҷанг хеле ҳам фиреб додем. Дар ин набарди иттилоотӣ дастгоҳи истихборотии ман ҳамеша баранда буд» (.Михаил Сердюков, Мои шпионы были и среди советских генералов, еженедельник, Собеседник, №29, 1997 г.).
Айнан ҳамин маъниро Аҳмадшоҳи Масъуд чанде пештар моҳи январи соли 1992 дар як мусоҳибаи ихтисосиаш ба рӯзномаи дигари чопи Маскав«Труд» низ иброз дошта буд. Ба саволи чӣ тавр аз ҳаргуна набарду даргириҳо, бомбаборонҳо ҷони солим ба дар мебурдед, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфтааст, ки «ин ҳама ба лутфи Худовандӣ ва фаъолияти муназзами дастгоҳи истих-боротӣ даст медод» (Владимир Снегеров, Среди моих агентов были и советские генералы, газета Труд, от 22.01.92.).
    Дар бораи фаъолияти хуби дастгоҳи истихборотии Аҳмадшоҳи Масъуд на танҳо худи ӯ ва таҳлилгарону хабарнигорон шарҳу тавзеҳоти бешуморе додаанд, балки рақибони асосии ӯ, афсарони олирутбаи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ки бевосита дар ҷангҳо алайҳи ӯ ширкат варзидаанд ва аз тамоми дилу ҷон кӯшишҳо ба харҷ додаанд, ки ӯро аз байн бубаранд, низ бисёр суханҳоимунсифона ва объективона гуфтаанд. Чунончи яке аз собиқ фармондеҳони нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон генерал– полковник Борис Громов дар китоби худ«Ограниченный контингент», ки соли1994 дар Маскав ба табъ расида дар мавзӯи ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ алайҳи Афғонистон ҳамчун санади муҳиме ба шумор меравад, дар бораи ин ҷиҳати фаъолияти Аҳмадшоҳи
Масъуд чунин менависад: «Ба нақша гирифтани амалиётҳои низомӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани онҳо, ба ҳама маълум аст, кори душвор мебошад. Вале тарҳрезӣ кардани амалиётҳо ва татбиқи онҳо бар зидди Масъуд даҳчанд душвортар буд. Ба ҳангоми омодагиҳо ба ин гуна амалиётҳо фармондеҳии Қитъаоти маҳдудро на танҳо лозим меомад, ки барои касби иттилооти зарурии иктишофотӣ ва таҳлили онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ бидиҳанд, балки ҳамеша боз мувоҷеҳи он бошад, ки ҳамаи ин кӯшишҳо ва маълумотҳо дастраси тарафи муқобил нагарданд. Тамоми амалиётҳои низомиро мо муштаракан бо нерӯҳои ҳукуматӣ анҷом медодем.
   Аҳмадшоҳ бошад соҳиби шабакаи васеи истихборотӣ ва гумоштаҳои зиёд дар байни роҳбарияти артиши афғон ва ҳукумати кишвар буд. Албатта ин ҷиҳати кор ба рафти омодагиҳои мо таъсири манфии худро ҳатман боқӣ мегузошт. Тарҳрезии нақшаи амалиёт дар доираи танги одамон сурат мегирифт. То оғози шурӯъи амалиётҳо мо амалан ба афғонҳо дар бораи ҳадафҳои аслӣ, нерӯҳои ширкаткунанда дар ин амалиёт ва инчунин дар бораи манотиқе, ки дар он ҷойҳо ин амалиёт пиёда мешуданд, чизе намегуфтем.
Қумандонҳои ҷузъу томҳои низомӣ, афсарони Ситоди кулли урду ва Вазорати дифои Афғонистон дар бораи амалиётҳои низомии қарибулвуқӯъ танҳо як рӯз ва баъзан ҳатто фақат якчанд соат пеш аз оғози онҳо огоҳ карда мешуданд» (Б.В.Громов, Ограниченный контингент, Москва, Прогресс» – 1994, стр.181 – 182.).
     Ин гуна эҳтиёткориҳои шадиди фармондеҳони шӯравӣ ҳаргиз садди роҳи кормандони хадамоти иттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд шуда наметавонистанд. Онҳо ҳатман иттилооти огоҳкунандаеро дар бораи омодагиҳои қумандонҳои шӯравӣ алайҳи нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дарёфт мекарданд.
Дар як мусоҳибаи ихтисосии худ ба хабарнигори рӯзномаи иронии«Иттилоот» Мирзо Шукурзода Аҳмадшоҳи Масъуд гуфтааст, ки барои мисол аз нақшаи ҳуҷуми ҳафтуми артиши шӯравӣ ба дараи Панҷшер 25 рӯз қабл аз оғози он ҳамла огоҳ шудааст: «Иттилооти ин ҳамла аз маркази фармондеҳии қувваҳои шӯравӣ ба дастам расид. Ҷолиб ин аст, ки бахши зиёди иттилоотро аз женролҳои Артиши Сурх мегирифтем. Ва ин иттилоотро на дар баробари пул, балки аз тариқи женролҳое, ки аз миллатҳои мухталиф буда ва аз шӯравиҳо безор буданд, дарёфт мекардем» (Маҷмӯаи мақолаҳо, Марди устувор ва умедвор ба уфуқҳои дур, саҳ: 364.).
    Президенти Академияи Илмҳои Ҳарбии Федератсиони Россия Маҳмуд Аҳмадович Гареев, ки баъди хуруҷи нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон чанд муддат дар он ҷо ба ҳайси мушовири низомии Сарфармондеҳи Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Афғонистон, Раиси Ҷумҳури Аф-ғонистон доктор Наҷибуллоҳ ифои вазифа намудааст, дар китоби худ«Афганская страда», оиди ин самти фаъолияти Аҳмадшоҳи Масъуд менависад: «Дар ҷараёни тайёрӣ дидан ва татбиқ кардани амалиётҳои ҷангӣ Аҳмадшоҳ Масъуд таваҷҷӯҳи махсусеро ба хадамоти иктишофотӣ (разведка) зоҳир мекард. Ӯ ва ҳамроҳонаш мавқеи ҷуғрофӣ ва мардуми маҳалиро хеле хуб медонистанд.
Асосан мардуми таҳҷоӣ Аҳмадшоҳро муттасил аз таҳарукоти нерӯҳои низомии шӯравиҳо ва нерӯҳои режими Кобул огоҳ мекарданд. Хадамоти иктишофотии ӯ хеле хуб кор мекард. Ҳамеша аз авзои минтақа огаҳӣ доштан, онро дуруст баҳо додану пешбинӣ кардани таҳаввулоти он ба Аҳмадшоҳ имконият медоданд, ки сари вақт нерӯҳои худро аз хатари шикаст ва ё ҳаддиақал талафоту хисороти зиёд наҷот бидиҳад» (М.А.Гареев, Афганская страда, Москва, 1999, стр144 – 145.).
Вале биёед, бубинем, ки худи Аҳмадшоҳи Масъуд чи мегӯяд, ки аз иттилооти саривақтӣ ва муҳими касб кардааш ӯ чӣ гуна истифода мебурдааст. Масалан, баъди он ки дар соли1984 аз нақшаи ҳамлаи ҳафтуми шӯравиҳо ба дараи Панҷшер қариб як моҳ қабл огоҳ шуд, ӯ кадом корҳоеро анҷом дод?
Дар ин бора ӯ дар ҳамон мусоҳибааш ба рӯзномаи «Иттилоот», чопи Теҳрон чунин мегӯяд: «Ман, ки иттилооти кофӣ аз барномаи онҳо(артиши Шӯравӣ, С.Ҳ.) доштам, шурӯъ ба фиребҳои зиддииттилоотӣ намудам. Яъне ба гунае амал кардам, ки шӯравиҳо фиреб бихӯранд ва интур фикр кунанд, ки мо дар Панҷшер сахт муқовимат мекунем. Як қисмат аз нерӯҳои худро ҷиҳати ҷангҳои оддӣ ба берун аз Панҷшер ва бахши аъзами онҳоро дар дохили Панҷшер ҷиҳати муқовимат ҳифз мекунем. Дар маҷлиси умумӣ, дар иҷтимоъи муҷоҳиддин, дар ташреҳи вазъи ҷангӣ, сангар кандан ва ғайраву ҳоказо ба гунае рафтор кардем, ки шӯравиҳо (КГБ) комилан фиреб бихӯранд. Аз ҷосусҳои дуҷониба ба хубӣ истифода кардем. Бо додани иттилооти ғалат ба онҳо мо душманро ба иштибоҳ меандохтем. Ҳадафи мо ин буд, ки душман бовар кунад, ки гӯё мо дар дараи Панҷшер башиддат муқовимат хоҳем кард. Дар асл бошад ҳадафи мо дигар буд. Тибқи нақшаи тарҳрезӣ шуда мо бояд як рӯз қабл аз он, ки қувваҳои шӯравӣ дохили Панҷшер бишаванд, тамоми дараро аз аҳолӣ тахлия(холӣ) кунем.
Аз ин рӯ босуръат даст ба кор шудем. Ва тақрибан беш аз 100 ҳазор зану марду хурду калони Панҷшерро аз минтақа берун бурдем.
Ибтидо дараро аз вуҷуди мардуми ғайринизомӣ тахлия кардем. Онҳо куллан ба дараҳои ҳамҷавор ҳиҷрат карданд. Ба вижа ба Кобул. Мардуми Кобул аз муҳоҷирати мардуми мо истиқболи гарм ба амал овард.
Сипас бахше аз таҷҳизоти низомиро ба хориҷ аз Панҷшер, яъне ба Парвон ва Каписо интиқол додем. Ва танҳо бахши маҳдуде аз силоҳҳои худро дар Панҷшер боқӣ гузоштем. Иқдоми дигари мо шиносоӣ ва дастгирии ҷосусҳои шӯравиҳо дар дараи Панҷшер буд, ки ин амал дар ду–се рӯзи боқимонда, то замони оғози амалиёт ва баста шудани дарвозаи Панҷшер анҷом гирифт. Бинобар ин шӯравиҳо бозуи иттилоотии худро аз даст доданд ва акнун намедонистанд, ки дар минтақа чӣ мегузарад. Як рӯз пеш аз оғози амалиёти қувваҳои шӯравӣ мо дар ҳудуди ду то се ҳазор муҷоҳидди худро дар зарфи 36 соат бидуни доштани имконоти кофии нақлиётӣ бо як ғунд (баталён) силоҳи сангин ба тартибе, ки душман аслан мутаваҷҷеҳи ин интиқолот нашавад, аз Панҷшер хориҷ кардем. Ин ҷо ба ҷойгузориҳо дар ҳоле анҷом мешуд, ки ҳам аз тарафи ғарб ва ҳам аз тарафи шарқ се ҳавопаймои иктишофотии(разведкаи) шӯравӣ ба таври мураттаб дар атрофи Панҷшер парвоз мекард. Бо вуҷуди ин корҳои дигареро низ анҷом додем. Аз ҷумла иловатан дар минтақа ҳазорҳо минаи зиддинафарӣ ва садҳо минаи зидди тонкӣ коштем. Шӯравиҳо баъд аз бомбаборонҳои шадид ва мутамарказ фикре карданд, ки агар қувваҳояшонро пиёда кунанд ҷанги густурда ва тамом айёр дар Панҷшер сурат хоҳад гирифт. Аммо вақте, ки нерӯҳояшон дар минтақа пахш шуданд, ба ҳар тараф ки ҳамлавор мегардиданд бо инфиҷори минаҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Ва дар ҳақиқат ин минаҳо буд, ки меҷангиданд. Дар ин амалиёт садҳо низомии шӯравӣ ба ҳалокат расиданд. Ба дунболи ин ҷараён вақте, ки тонкҳо дохили дара шуданд дар масири роҳ бо минаҳо рӯ ба рӯ мешуданд ва дар хориҷ аз масир ҳам боз ба минаҳо бархӯрд мекарданд ва ба ҳар чизе ки даст мезаданд, ба минаҳои кошташуда мувоҷеҳ мешуданд.
Мо ба ҳангоми хуруҷ аз Панҷшер ҳама ҷоро ба мин фарш карда будем. Бинобар ин ҳамлаи Артиши Сурх ба худашон баргашт ва худашон ба хоку хун кашида шуданд. Шӯравиҳо замоне, ки диданд дар дохили дара касе ба ҷуз мин вуҷуд надорад, шурӯъ ба пиёда кардани қувваҳояшон дар дараҳои атроф мисли Андароб ва Хусту Фринг ва ғайра карданд, то моро таъқиб кунанд.
Вале бо ин амал ҳам чизе ба даст наёварданд ва саргардон монда буданд, ки чӣ бикунанд. Дар ин вақт мо нерӯҳои худро дубора ба самти Панҷшер ҳаракат додем, ки мунҷар ба ҷанги бисёр шадиди партизанӣ дар муқобили қувваҳои Сурх шуд. Дар он замон ин ҷанги тозаеро, ки мо шурӯъ карда будем, бо тамоми ҷангҳои гузашта аз назари тактикӣ фарқ дошт. Ҷанги дигаргунае, ки қувваҳои шӯравӣ худро барои он омода накарда буданд. Шӯравиҳо мехостанд аз нерӯҳои густурдаашон истифода кунанд ва таҳаррук дошта бошанд. Вале мо ҷангро дар дохили дара ба сурати инқибозӣ– инбисотӣ (яъне вақте шӯравиҳо ҳамла мекарданд, муҷоҳиддин пинҳон мешуданд ва баръакс, вақте шӯравиҳо дар ҳолати истироҳат буданд, муҷоҳиддин шабехун мезаданд. С.Ҳ.) идора мекардем. Дар ин ҷанг садҳо сарбози шӯравӣ кушта шуданд» (Маҷмӯаи мақолаҳо, Марди устувор ва умедвор ба уфуқҳои дур, саҳ: 364 — 367.).
Ана ҳамин тавр хонандаи азиз, чи тавре ки аз ин иқтибоси хеле ҳам тӯлонӣ, вале хеле ҳам батафсил шумо пай бурдед, фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд иттилооти 25 рӯз пеш дар бораи ҳуҷуми ҳафтуми шӯравиҳо ба дараи Панҷшер ба даст омадаро танҳо на барои аз зери борони тиру тӯп ва бомбаборонҳои шӯравӣ наҷот ёфтан (чи тавре, ки М.А.Гареев изҳор намудааст) истифода кардааст, балки як силсила чораҳоеро ба нақша гирифта амалӣ кардааст, ки ҳамаи онҳо дар ҷамъбаст шикасти ин таҳоҷуми артиши шӯравиро низ таъмин карданд. Қабл аз ҳама ин аз зери оташи тӯпхона ва бомбаборонҳои шадид сари вақт беталаф бурдани аҳолии мулкии Панҷшер. Дуввум аз байн бурдани шабакаи иттилоотии душман ё чи тавре, ки худи Аҳмадшоҳ мегӯяд, аз«бозуи иттилоотӣ маҳрум кардани душман».
Саввум ба хориҷ аз дараи Панҷшер кашондани захираи силоҳу муҳимоте, ки бо эҳтимоли зиёд метавонистанд ба асари бомбаборонкуниҳои шадид аз байн бираванд ва талаф шаванд. Чаҳорум дар масири ҳаракати техникаи низомӣ, минҷумла тонку зиреҳпӯшҳо ва сарбозони пиёданизом коштани минаҳои гуногун. Ва аз ҳама муҳимаш Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин фосилаи 25 рӯзе, ки иттилоотро дар бораи ҳамлаи ҳафтуми русҳо дар даст дошт, тавонист дар тактикаи ҷангии худ тағироти ҷиддие ворид кунад ва фармондеҳии артиши шӯравиро ба як нокомии шадиди низомӣ мувоҷеҳ созад. Афсарони урдуи шӯравӣ, ки артиши худро ба тарзу сабки дигари ҷанг омода карда буданд, бо рӯ ба рӯ омадан бо тактикаи нави ҷангии Аҳмадшоҳ то дер боз натавонистанд тасмимоти дурустеро алайҳи ӯ бигиранд, ки ин амал мунҷар ба талафот ва хисороти зиёде дар суфуфи лашкари онҳо гардид.
Тибқи иттилооти муаллифи китоби «Панҷшер дар даврони ҷиҳод» Абдулҳафизи Мансур танҳо дар ду ҳуҷуми охир ба Панҷшер, яъне ҳамлаҳои ҳафтум ва ҳаштум, ки аз 20 – уми апрели соли 1984 оғоз шуда 1262 рӯз идома кардаанд, шӯравиҳо ва режими Кобул барои аз байн бурдани Аҳмадшоҳи Масъуд ва муҷоҳиддини ӯ 20 ҳазор сарбоз ва тахминан ду ҳазор техникаи низомиро истифода бурданд. Дар натиҷаи ҷангҳои шадид тахминан 8600 сарбози шӯравӣ ва режими Кобул кушта ва захмӣ гардиданд. Дар ин байн 1677 адади техникаи низомии душман аз кор бароварда шуд. Дар ҳамин муддат74 адад ҳавопаймо ва чархболи артиши сурх ва ҳукумати Афғонистон бо дасти муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъуд суқут дода шуданд (Абдулҳафизи Мансур, Панҷшер дар даврони ҷиҳод, Кобул 1993, саҳ: 181.). Албатта дар натиҷаи ин набардҳои таърихӣ муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъуд низ талафотеро мутаҳаммил шуданд. Вале на ба таври муқоисашаванда бо талафоти душман. Тибқи иттилооти Абдулҳафизи Мансур дар тӯли ин ду ҳамла қариб 900 сарбози Аҳмадшоҳи Масъуд куштаву захмӣ шуданд. Тахминан 1800 нафар аҳолии мулкӣ низ ё ҷони худро аз даст доданд ва ё ҷароҳат бардоштанд (Абдулҳафизи Мансур, Панҷшер дар даврони ҷиҳод, Кобул 1993, саҳ: 181.).
Бино ба гуфтаҳои Маҳмуд Гареев дар даврони ҷанг артиши шӯравӣ ва низомиёни ҳукумати режими Кобул ба болои Панҷшер ва дигар манотиқи таҳти нуфузи Аҳмадшоҳ беш аз ёздаҳ маротиба ҳамин гуна ҳамлаҳои густурдаро ба роҳ мондаанд.
Дар иқтибосе, ки дар боло аз китоби собиқ фармондеҳ урдуи 40 – уми Нерӯҳои Низомии Иттиҳоди Шӯравӣ женрол Б.В.Громов оварда будем, ӯ таъид кардааст, ки нақшаҳои амалиётҳои ҷангӣ дар шароити бисёр махфӣ тарҳрезӣ мешуданд. Зеро разведкаи(истихбороти) Аҳмадшоҳи Масъуд дар миёни низомиёни режими Кобул ва ҳукумати он шабакаи васеи гумоштаҳои худро дошт. Ба ҳамин хотир афғонҳоро аз оғози амалиёт ҳамагӣ якрӯз қабл ва ҳатто баъзан фақат чанд соат пеш огоҳ мекардем. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин эҳтиёткориҳо Аҳмадшоҳи Масъуд аз нақшаҳои низомиёни рус хеле бармаҳал аз оғози амалиётҳои онҳо огоҳ мешудааст. Сабаби онро хабарнигорону таҳлилгарон борҳо дар мусоҳибаҳо бо ӯ, дар нишастҳои матбуотиаш аз Аҳмадшоҳи Масъуд пурсон мешуданд. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша бо як ҳисси ифтихор изҳор мекард, ки дар байни афсарони баландрутбаи шӯравиҳо хабаррасонҳои худро доштааст ва иттилооти зарурӣ ва саривақтиро ӯ маҳз аз ҳамонҳо мегирифтааст. Дар иқтибосе, ки дар боло аз мусоҳибаи ӯ бо хабарнигори рӯзномаи «Иттилоот» — и чопи
Теҳрон манзури шумо хонандаи азиз кардем, Аҳмадшоҳ дар ин бора хеле возеҳ ибрози назар кардааст. Дар мусоҳиба бо хабарнигори газетаи «Труд» Владимир Снегиров Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷавоб ба саволи ӯ гуфтааст, ки «нафарҳои ман дар ҳама ҷо фаъолият мекарданд. Аз он ҷумла дар байни афсарон ва ҷенеролҳои Шумо. Теъдоде аз онҳо барои пул бо мо ҳамкорӣ мекарданд, қисмати дигарашон барои он ки нисбати муборизаи мо нуқтаи назари нек доштанд». Замоне ман ёддоштҳоямро хоҳам навишт ва дар он вақт ҳатман дар ин бора муфассал нақл хоҳам кард. Ба ғайр аз ин мо гумоштаҳои худро дар сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Кобул низ доштем. Яке аз беҳтарин ёрдамчии махфии мо дар сафоратхонаи Ҳиндустон фаъолият мекард.
— Дар сафоратхонаи шӯравиҳо низ одами худро доштед?– мепурсад аз ӯ хабарнигор.
— Бале, дар он ҷо низ нафарҳои мо буданд, — ҷавоб медиҳад Аҳмадшоҳ.
Сипас хабарнигор менависад, ки «агар худаш дар соли 1985 шоҳиди воқеаи зерин намебуд, чунин суханрониҳои бебоконаи Аҳмадшоҳро худтаърифкуние беш намедонист. Соли 1985 хадамоти зиддиистих-боротии шӯравиҳо шабакаи ҷосусии Аҳмадшоҳро, ки дар Раёсати иктишофоти Вазорати Дифои Афғонистон амал мекард, ифшо намуд. Роҳбарии ин шабакаи иттилооти Аҳмадшоҳро худи сардори раёсати кашфи Вазорати дифо ҷенрол Халил ба ӯҳда дошт» (Владимир Снегиров, Среди моих агентов были и советские генералы, газета Труд, от 22.01.92.).
Воқеан, дар бораи сабабҳои ифшо шудану ба эъдом расидани ҷенрол Халил, ки дар ҳақиқат ба муҷоҳиддин кӯмак мекардааст, тарафи Аҳмадшоҳи Масъуд фарзияи дигареро пешниҳод мекунанд. Дар ин бора дар фурсати муносиб баҳс хоҳем кард.
Дар идомаи суханаш рӯзноманигор менависад, ки «баъдтар, яке аз афсарони баландрутбаи КГБ–и шӯравӣ ба ӯ гуфтааст, ки амалиёти ифшосозии гумоштаҳои Аҳмадшоҳи Масъудро дар байни афсарони Шӯравӣ нафаре аз боло хеле моҳирона монеагузорӣ мекард. Ба гумонам, гап дар сари пули калон ё худ сангҳои қимматбаҳо меравад, хулоса кардааст он афсари баландрутбаи КГБ». Ҳарчӣ набошад, вале дар тӯли ҷанг ҳамеша аз тасмимоти қумандонии шӯравиҳо бохабар будани Аҳмадшоҳи Масъуд бо далелҳои раднашаванда борҳо исботи худро пайдо кардааст» (Владимир Снегиров, Труд, от 22.01.92.) — гуфтаастдар хотима В. Снегиров.
Танҳо хадамоти махсуси Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукумати Кобул набуданд, ки зидди муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъуд фаъолияти иттилоотӣ ва зидди иттилоотӣ мебурданд. Тибқи суханони нафарони масъули хадамоти истихборотӣ ва зиддиистихборотии Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҷуз КГБ, ГРУ– и Иттиҳоди Шӯравӣ ва ХОД– и Ҳукумати Афғонистон, Раёсати Кашфи Вазорати Дифои кишвар, таваҷҷӯҳи дигар хадамот-ҳои ҷосусӣ ва зиддиҷосусии ҷаҳон аз қабили УМР, (CIA), ИМА, истихбороти низомии Покистон (ISI) ва ғайраро нисбати шахсияти Аҳмадшоҳ, фаъолияти низомии ӯ ва муҷоҳиддинаш баръало мушоҳида кардан мумкин буд.
Барои мисол дар даврони мубориза алайҳи таҷовузи шӯравиҳо дар Афғонистон кормандони хадамоти иттилоотии ИМА, Исроил ва Покистон агарчанд мунфиатдори он буданд, ки шӯравиҳо ҳарчӣ тезтар шикаст бихӯранд ва аз Афғонистон хориҷ бишаванд, вале бештар ба қумандонҳои паштутабор таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд ва ба онҳо кӯмакҳои фаннӣ мекарданд. Ба Аҳмадшоҳи Масъуд, ки аз ҳама бештар мавриди ҳамалоти шӯравиҳо қарор мегирифт, ҳатто аз додани рокетҳои«замин ба ҳаво» — и«Стингер» худдорӣ карданд. Зеро дар симои Аҳмадшоҳи Масъуд онҳо шахсияти сиёсиву низомиеро медиданд, ки барои ӯ озодӣ, истиқлол ва манофеи халқу кишвараш дар қадами аввал меистод. Онҳо наметавонистанд ба ҳеҷ ваҷҳ тавассути ӯ аҳдофи худро пиёда созанд. Бинобар ин ҳисобро онҳо болои рақибони сиёсии ӯ, аз ҷумлаи роҳбарони аҳзоби сиёсии дигар гузошта буданд. Дар ҳақиқат баъд аз он, ки шӯравиҳо Афғонистонро тарк гуфтанд ва ҳукумати муҷоҳиддин дар раъси роҳбари Ҷамъияти Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба сари қудрат омад ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин ҳукумат яке аз нақшҳои калидиро бозӣ мекард, хадамоти иттилоотии кишварҳои мазкур агарчанде зоҳиран бетарафиро ихтиёр карда буданд, вале дар асл амалиётҳои пинҳонии худро алайҳи ҳукумати Раббонӣ ташдид мебахшиданд. Аз ин хусус аланга гирифтани оташи ихтилофҳои байни аҳзоби мухталифи Афғонистон, ба муборизаи мусаллаҳона мунҷар шудани ин мухолифатҳо, ба саҳнаи сиёсиву низомии Афғонистон баромадани гурӯҳи Толибон гувоҳи равшани ин гуфтаҳост. Албатта ҳамаи ин аҳзобу ҷунбишҳо ба ин амалҳо аз ҷониби хадамоти иттилоотӣ ва зиддииттилотии кишварҳои зикршуда таҳрик дода мешуданд. Вале бояд гуфт ҳамаи бузургтарин аҳзоби сиёсии Афғонистон, ки шохаҳои низомии худро соҳиб буданд, дар сохтори худ ҳатман ниҳодеро ба унвони созмони иттилоотӣ доштанд, ки вазифаи асосии он касби иттилооти зарурӣ барои раҳбарияти ҳизб, анҷом додани амалиётҳои махсус ва инчунин таъмини амнияти физикии раҳбарони аҳзоб будааст.
Дар таркиби баъзе ҳизбҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Ҳизби Исломии Гулбидин Ҳикматёр, Ҷунбиши Толибон гурӯҳҳои махсуси террористие буданд, ки вазифаи асосии онҳо аз байн бурдани рақибони сиёсӣ, алалхусус шахсиятҳои шинохтаи низомию сиёсӣ будааст. Аз ин рӯ хадамоти иттилоотии Аҳмадшоҳро зарур буд, ки гумошта ва омилони худро дар дохили ин аҳзоб ба хусус дар сатҳи роҳбарияти низомии он дошта бошад. Масалан, зиддияти Гулбидин бо Аҳмадшоҳи Масъуд ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Муҳаммад Довуд шурӯъ шуда буд. Аҳмадшоҳи ҷавон, дар даврони донишҷӯиаш дар Институти политехникии Кобул махфиёна узви Наҳзати Ҷавонони Мусалмони Афғонистон буд. Гулбидин дар ин созмон бахши низомии онро сарварӣ мекард. Ҳикматёр террори шахсиятҳои давлатӣ ва сиёсиро яке аз роҳҳои асосии расидан ба аҳдоф медонист. Аҳмадшоҳ бошад ин тарзи муборизаро инкор мекард. Ӯ ҷонибдори дар байни мардум, ба хусус низомиёни давлатӣ пайдо намудани тарафдорон ва ба шӯриши мусаллаҳона даъват кардани онҳо буд. Бисёр аз муҳаққиқони таърихи Афғонистон бар онанд, ки зиддиятҳои байнихудии ин шахсиятҳои барҷастаи даврони навини ин кишвар маҳз аз ҳамин дидгоҳи онҳо ба тарзу услуби мубориза барои озодӣ ва истиқлолият маншаъ мегирад.
Ҳарчанд иллату сабабҳои зиёди дигаре низ вуҷуд доранд ва аз онҳо низ ёдовар мешаванд. Гулбидин агар ҳар навъ василаи низомӣ, аз ҷумла террорро барои расидан ба ҳадаф таъид карда бошад, Аҳмадшоҳи Масъуд аз аввал зидди ин тарзи муборизаи расидан ба аҳдоф буд. Билохира кор ба ҷое расид, ки Гулбидин борҳо нақшаи террори худи Аҳмадшоҳи Масъудро низ тарҳрезӣ намудааст ва кӯшишҳо ба харҷ додааст, ки онҳо амалӣ бишаванд. Чунончи дар сӯиқасди 9 – уми июли соли1989 дар минтақаи Тангии Фархори вилояти Тахор ба ҷони Аҳмадшоҳ пайваста танҳо ба фазли Худовандӣ Масъуд ҷон ба саломат бурд. Дар ин сӯиқасд 32 тан аз ҳамсангарон ва саргурӯҳҳои низомии Аҳмадшоҳи Масъуд ба дасти қумандон Саид Ҷамол, ки аъзои Ҳизби Исломии Ҳикматёр буд, ба шаҳодат расиданд.
Баъди дастгир шуданаш Саид Ҷамол дар ҷараёни бозпурсӣ эътироф намудааст, ки раҳбарияти Ҳизби Исломӣ тасмими бо роҳи террор аз байн бурдани Аҳмадшоҳро қабул кардааст. Баъдан ин гуфтаҳои Саид Ҷамол исботи худро пайдо карданд. Ходимони амниятии Аҳмадшоҳ аз нақшаи чандин сӯиқасдҳо сари вақт огоҳ шуда, онҳоро хунсо кардаанд.
Тибқи иттилооти аз манбаъҳои наздик ба Аҳмадшоҳи Масъуд ба даст омада сохтори ниҳоди иттилоотӣ ва зиддииттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд шакли ба худ хосеро доро буд, ки аз сохтори иттилоотӣ ва зиддииттилоотии маълуми кишварҳои ҷаҳон ва аҳзоби сиёсӣ тафовут дошт.
Ба ибораи дигар бигӯем Аҳмадшоҳи Масъуд ду ниҳоде дошт, ки ҳамзамон ҳадафи онҳо таъмини иттилоотӣ ва амниятии ӯ ва ҷабҳаи ӯ буданд. Яке аз ин ниҳодҳоро кумитаи иттилоот мегуфтанд, ки расман дар сохтори низомӣ арзи вуҷуд карда буд ва нафарҳои масъули худро дошт. Масъулини онро одамон аксаран мешинохтанд ва бо онҳо оиди масоили амниятӣ дар тамос мешуданд. Раҳбари ин кумитаро Аҳмадшоҳи Масъуд худ таъин мекард ва ӯ шахсан ба Аҳмадшоҳ аз натоиҷи кораш муттасил гузоришҳо таҳия менамуд. Раҳбари кумитаи иттилоот расман масъули таъмини амнияти ҷабҳа ва минтақаи таҳти тасарруф ба ҳисоб мерафт. Вале дар баробари ин кумита Аҳмадшоҳи Масъуд созмоне иттилоотӣ ва зиддииттилоотие дошт, ки шахсан худи ӯ ба он роҳбарӣ мекард. Ва касе дар бораи мавҷудияти ин созмон, тарзи фаъолияти он иттилои дақиқ надошт. Кормандони ин созмони амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд умдатан аз намояндагони ақшори мухталифи ҷомеа, ба хусус аз онҳое буданд, ки тибқи вазифаи худ дар сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ, низомӣ, сафоратхонаҳо, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои гуногуни кишварҳои душман аз нуқтаи назари амниятӣ ва иттилоотӣ мавқеъҳои муҳимеро ишғол мекарданд ва имконияти хуби ба даст овардани иттилоот ва ё расондани таъсири мусбат бо раванди воқеот ба манфиати ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва манотиқи таҳти нуфузи ӯро доштанд.
Дар воқеъ ниҳодҳои иттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд на фақат маълумотеро касб мекарданд, ки танҳо марбути ҷабҳа буд ва ё танҳо аз хусуси ҳамлаҳои эҳтимолии нерӯҳои низомии шӯравӣ ва қувваҳои ҳукуматӣ ба сангарҳои ӯ хабар медоданд.
Даҳҳо маротиба шудааст, ки тавассути иттилооти огоҳкунандаи аз манбаъҳои хеле муҳим ва эътимодбахш расида аз чандин сӯиқасдҳо ба ҷони Аҳмадшоҳи Масъуд пешгирӣ карда шудааст. Барои мисол соли 1984 хадамоти иттилоотӣ ва зиддииттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд беш аз 12 нақшаи сӯиқасд ба ҷони ӯро ифшо ва хунсо намудааст.
Чунончи таҳти роҳбарии собиқ президенти Ҷумҳурии Афғонистон Наҷибуллоҳ, ки ҳамон солҳо раиси Хадамоти Амниятии давлати Афғонистонро ба ӯҳда дошт, якчанд лоиҳаи нақшаи аз байн бурдани фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд тарҳрезӣ шудааст. Барои амалӣ кардани нақшаҳои тарҳрезӣ шуда ҳукумати Афғонистон ҳамон вақт беш аз як миллион доллар ихтисос дода будааст. Ин маблағи ҷудо шуда барои омӯзиш дидани террористҳо, таҳияи лавозимоти зарурӣ аз қабили васоити гуногуни ҷосусӣ ва истихдоми нафарҳои кӯмаккунанда масраф шудааст. Аксари ин нақшаҳо дар марҳилаи аввали татбиқшавиашон кашф мешуданд ва хунсо мегардиданд. Дар ин кор ёрдамчиёни пинҳонии ӯ, ки дар ХОД расман фаъолият мекарданд, нақши ҳалкунанда мебозиданд. Масалан мутахассисони соҳа корманди ХОД Комронро барои аз байн бурдани худи Аҳмадшоҳи Масъуд омӯзиши махсус дода буданд. Ӯ мебоист ё аз тариқи додани заҳр ва ё аз тариқи тирпарронӣ Аҳмадшоҳи Масъудро ба қатл мерасонд. Ӯ бояд зери пӯшише вориди минтақа мешуд ва нақшаро дар мавриди мусоид амалӣ мекард. Одамони наздики Аҳмадшоҳ, ки аз ин нақша хабардор буданд, Комронро ба он талқин карданд, ки баробари ворид шудан ба дараи Панҷшер худашро ба мақомоти амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд ифшо кунад ва бо ҳамин ӯ хизмат барои миллати Афғонистон хоҳад кард ва инчунин бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷони худро низ ҳифз хоҳад кард. Комрон, ки ҷавони дурандеши ватанпараст ва озодидӯст буд, ин маслиҳатро пазируфт ва баробари дохили хоки Панҷшер шудан пеши Аҳмадшоҳ рафт ва асли қазияро изҳор кард. Комрон дар баробари ин иқроршавӣ асноду далелҳои муассиреро пешниҳод кард, ки барои шакку шубҳа овардан ба гуфтаҳояш истидлоле намонда бошад. Ба ҷуз ин Комрон дар бораи ХОД ва шеваи бархӯрди ӯ бо муҷоҳиддин, услуби кории онҳо, иттилооти қимматеро пешниҳод кард.
Ба ғайр аз касби иттилооти зарурӣ дар мавриди ҳамлаҳои эҳтимолии болои қароргоҳҳои муҷоҳиддин, хунсо кардани сӯиқасдҳо ба ҷони фармондеҳон, ходимони амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд корҳои муҳими дигареро бо истифода аз шеваву усулҳои мухталифи кори иттилоотӣ анҷом медоданд. Масалан, бо додани иттилои бардурӯғ ба душман ба иштибоҳ андохтани онҳо ва бо ҳамин онҳоро маҷбур кардан ба тасмимгирии нодуруст, ки дар натиҷа ба шикаст меовард. Намунаи ин корро мо дар мисоли болоӣ оиди фаъолияти кормандони иттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд пеш аз ҳамлаи ҳафтуми шӯравиҳо ба Панҷшер дидем.
Яке аз сабабҳои асосии дар дохили душманон хуб кор кардани хадамоти амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд дар он буд, ки бо усарои ҷангӣ муомилаи хуб мекарданд. Ҳамеша мекӯшиданд онҳоро аз тариқи далелҳои мантиқӣ, машварату маслиҳат мутақоиди худ созанд. Дар натиҷаи чунин корбарӣ усаро аксаран омодагии худро барои ҳамкорӣ кардан бо ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд, минҷумла хадамоти амниятии ӯ изҳор мекарданд. Дар натиҷа созмони иттилоотии Аҳмадшоҳ на танҳо аз ин усаро иттилои дақиқ, саривақтӣ ва муҳимро мегирифт, балки аҳёнан ин асиронро дар корҳои иттилоотии худ васеъ истифода мебурд. Масалан, зери пӯшишҳои зиёд вориди дастгоҳҳои иттилоотии созмонҳои ҷосусии кишварҳои душман мекард. Билохира ҳамин тарзи корбарии ӯ буд, ки чандин сӯиқасдҳоеро, ки истихбороти низомии Покистон(ISI) алайҳи ӯ созмон дода буд, кормандони амниятиаш сари вақт хунсо карданд. Мутаассифона, чаҳорчӯбаи ин мақола имконият намедиҳад, ки раванди ифшои даҳҳо сӯиқасдҳои дигареро, ки баъзеашон ба гуфтаи шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд «шоҳкориҳои созмони зиддиҷосусиаш» буданд, муфассалан дар ин ҷо шарҳ бидиҳем. Ин кор ва сабабҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани сӯиқасди 9 – уми сентябри соли 2001 – ум, ки бар асари он Аҳмадшоҳи Масъуд ба шаҳодат расид, бояд мавриди омӯзиш баррасӣ ва таҳлили чуқур қарор бигирад, то парда аз асрори ин ҷинояти мудҳиш ва ноҷавонмардона бардошта шавад. Баъзеҳо дар ин ҷо мумкин саволеро матраҳ намоянд, ки агар хадамоти иттилоотӣ ва зиддииттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд ончунон тавоно буд чаро аз ин сӯиқасд ба ҷонаш пешгирӣ накард. Бале, хоҳу нохоҳ ин савол матраҳ мешавад ва ҷавоби худро интизор аст. Вале ҳоло дар ҳамин мақтаи замонӣ ҳаминро аниқ гуфтан мумкин аст, ки душманони ӯ ягона нуқоти заъфи ӯро ноҷавонмардона истифода бурданд. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша ба дастаи муҳофизонаш таъкид менамуд, ки ба талошии (кофтукови шахсӣ) хабарнигорону журналистон роҳ надиҳанд. Дар замоне, ки муҳоҷирини тоҷик дар хоки Афғонистон ба сар мебурданд, ҳамин гуна имтиёзро онҳо низ доштанд. Маҳз рӯзноманигорон ва тоҷикони муҳоҷир бо амри Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳузури ӯ бидуни навбат ва талошӣ пазируфта мешуданд. Чунин рафтори Аҳмадшоҳи Масъудро нисбати журналистону тоҷикони овора танҳо нишонаи эҳтироми баланд доштани ӯ ба ин гурӯҳи одамон маънидод кардан мумкин буду бас.
Тибқи иттилооти ба даст омада якчанд лаҳза қабл аз мулоқот бо террористони араби дар либоси хабарнигор зуҳуркарда раиси Кумитаи амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд инженер Орифи Сарварӣ аз фармондеҳ Масъуд хоҳиш мекунад, ки аз ин мулоқот даст бикашад ва иҷозат бидиҳад, ки арабҳоро ба далели машкук буданашон ҳабс карда бозрасӣ намояд. Вале Аҳмадшоҳ ин дархости раиси Созмони амниятиашро рад мекунад. Буздилону рӯбаҳсифатон ва шағолтинатон аз ин хислатҳои башардӯстонаи ин инсони комил номардона истифода карданд. Агарчи имрӯз то андозае парда аз асрори ин бузургтарин сӯиқасди асри 21 бардошта шуда бошад ҳам, вале гузашти айём исбот хоҳад кард, ки ҷузъиёти он чи гуна буданд.
Дар хотимаи ин мақола мехоҳем як чанд иқтибосеро аз рӯзномаҳо ва китобҳои муаллифони русӣ ба таваҷҷӯҳи шумо, хонандагони азиз, пешкаш намоем, ки то андозае таҳаввулоти баҳодиҳиро ба фаъолияти ин абармарди замон, шаҳомату бузургии ин шахсияти барҷастаи таърихи навини инсониятро инъикос менамояд.
Баъд аз хатми ҳамон ҳамлаи ҳафтуми артиши шӯравӣ ба болои водии Панҷшер дар баҳори соли 1984, ки қаблан зикраш рафт, дар рӯзномаи «Известия» чунин хабар оиди ҷамъбасти он таҳоҷум дарҷ гардид: «Муддате дар он ҷо, дар Афғонистон дастаи ғоратгари Аҳмадшоҳи Масъуд фаъолият мекард. Ӯ зодаи хонаводаи шоҳист. Дар гузашта Масъуд ҳамсангари Ҳикматёр буд. Баъдан ба сабаби тақсимоти нодурусти молу мулки ғоратшуда дар Панҷшер бо ӯ муноқиша кард ва аз ӯ ҷудо шуда ба Раббонӣ пайваст. Дастаи ғоратгари Масъуд алайҳи мардуми мулкӣ даҳҳо ҷиноятҳо содир кардааст. Аз ин рӯ ҳокимияти халқӣ маҷбур шуд, ки чораҳо бияндешад.
Тӯдаи душманон сароҳатан маҳв карда шуданд. Феълан хисоротеро ки ин ғоратгарон расондаанд, ҷуброн мекунанд. Тақсимоти доруворӣ ва маводи хӯрока дар байни деҳқонон идома дорад…» (Газета Известия от 20 мая 1984 г.).
Расо баъди ҳашт соли чоп шудани ин хабар боз ҳам дар рӯзҳои баҳорӣ, аниқтараш 29 апрели соли 1992 ҳамин рӯзномаи «Известия» хабари мазкурро бори дигар иқтибос оварда, дар шарҳи он менависад: «Ин «Известия» — и соли 1984 аст. Дар ин хабар ягон ҳарфи росте нест. Минҷумла ватқе сухан дар бораи он меравад, ки гӯё Ҳокимияти халқӣ маҷбур буд чораҳо биандешад. Ҳоло дигар маълум нест ва ҳатто муҳим нест, ки бидонем ин афсонаро дар куҷо таҳия кардаанд? Дар утоқҳои кории сарраёсати сиёсии артиши шӯравӣ ё худ дар рӯи мизи кормандони шӯъбаи таблиғоту ташвиқоти Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ воқеъ дар майдони
Қадими Маскав. Вале муҳим он аст, ки сухан дар бораи сангинтарин амалиёти артиши шӯравӣ дар дараи Панҷшер алайҳи Аҳмадшоҳи Масъуд меравад. Дар бораи хунрезтарин ва бемаънотарин амалиёти ҷангие, ки дар тӯли 9 соли ҷанги афғон қушунҳои шӯравӣ мислашро надида буданд» (Михаил Коржухов, Исламский вождь по имени Масуд, газета Известия от 29 Апреля 1992 г.).
Сипас Михаил Кожухов муаллифи ин мақола идома медиҳад: «Ҳақиқат дар бораи Аҳмадшоҳ на оне буд, ки рӯзнома навишта буд. Ҳақиқатро дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд дақиқкорона хадамоти шабакаҳои ҷосусӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва дар сатри аввали гузориш-ҳояшон эзоҳи(грифи) «барои истифодаи хидматӣ» мемонданд. Ба таваҷҷӯҳи шумо аснодеро пешниҳод мекунем, ки онро афсарони ГРУ(сарраёсати кашф) – и Артиши Шӯравӣ таҳия кардаанд: «Аҳмадшоҳи Масъуд («Хушбахт») – лидери гурӯҳи шӯришгарони «Ҷамъияти Исломии Афғонистон», яке аз гурӯҳҳои хеле ҳам фаъоле, ки дар дохили кишвар амал мекунад. Ин гурӯҳ амалиётҳои ҷангии густурдаеро зидди Армияи Шӯравӣ ва ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мондааст. Ба пустаҳо ва қатораҳо дар роҳҳои нақлиётии Соланг, вилояти Бағлону Тахор ва Каписо ҳамла меорад.
Аҳмадшоҳ яке аз бузургтарин ва қудратмандтарин саркардаҳои зиддиинқилобӣ ҳаст. Аҳмадшоҳи Масъуд дар баробари он ки ӯ душмани ашаддии сохтори мавҷудаи давлатӣ дар Афғонистони ҳаст, роҳбарони давлатӣ ва ҲДХ Афғонистонро душманони шахсии худ меҳисобад. Миллатчӣ ва зиддишӯравии гузарост. Зидди ҳузури нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон мебошад. Бо намояндагони кишварҳои муҳими сармоядорӣ (капиталистӣ) робитаҳои хеле зич дорад. Ба хусус бо майли том бо фаронсавиҳо алоқа барқарор мекунад (озодона ба забони фаронсавӣ ва англисӣ ҳарф мезанад). Маҳорати хуби кордонӣ ва ташкилотчигӣ дорад, хусусиятҳову хислатҳои шахсиаш ба ӯ имкон медиҳанд, ки аз ӯҳдаи сарварии як гурӯҳи бузурги шӯришгарон барояд. Дорои иродаи қавӣ, сарвари қудратманду ҷасур мебошад. Дар расидан бар аҳдофи хеш тардиде надорад, ҳамеша ба қавли хеш устувор аст. Рақиби доно, ҳилагар ва сарсахт аст. Дар байни шӯришгарони қаторӣ ва аҳолӣ нуфуз ва обрӯи баланд дорад.
Эҳтиёткори таҷрибадор аст, дамдузд, шӯҳратпараст, мансабталаб. Таҳлили афроди доираи наздики ӯ имконият медиҳад натиҷа бигирем, ки ӯ куллан ба ягон нафар зердастони худ боварии пурра надорад.
Таҷрибаи ҷанги партизанӣ ва инчунин роҳбарӣ кардан ба нерӯҳои бузургҳаҷм дар амалиётҳои густурда, дар амалиётҳои диверсионӣ ва террористиро дорад. Яке аз намоёнтарин мутахассис, шахсиятҳои низомии инқилоби исломии Афғонистон ба шумор меравад. Ҷаҳонбинии сиёсиву илмиаш хеле васеъ аст. Мутаддаин, ҷиддан аз рӯи шариъат амал мекунад. Дар зиндагӣ қаноатпеша аст.
Ба сахтиҳо тобовар. Тарзи либоспӯшиаш мӯътадил, доимо дар сар пакул дорад. Ҳамеша бо худ автомати АКСУ ва таппонча мегирад. Аҳмадшоҳ ҳамеша барои таъмини амнияти худ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Муҳофизони шахсияш аз ҷумлаи афроди ба ӯ ниҳоят вафодор хоста гирифта шудаанд. Ҳамеша бо ӯ на камтар аз се муҳофиз аст. Ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар сафар кардан дастаи муҳофизонаш метавонад то сад нафарро ташкил диҳад. Қароргоҳи муқимӣ надорад. Ҷаласаҳо бо иштироки ӯ одатан дар ҷойҳои амну бехавф, маъмулан дар шароити ҳавои боронӣ ва ё асосан шабона дар зарфи 1 ё 2 соат гузаронида мешаванд. Баъди ҷаласаҳо ӯ одатан ба самте меравад, ки ҳозирин онро муйян карда наметавонанд. Бо мақсади ба иштибоҳ андохтани рақибонаш дар хусуси ҷои буду бош ва нақшаҳои низомиаш Аҳмадшоҳ ва наздикони ӯ иттилооти бардурӯғ ва гумроҳкунандаро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд. Ин гуна хабарҳоро онҳо тавассути гумоштаҳои худ, ки дар сохторҳои гуногуни ҳукумат, ниҳодҳои низомиву ҳуқуқӣ дорад, аз ҷумла дар вазорати амният ва вазорати дифо, мунташир месозад. Дар нашри иттилои дурӯғ оиди фаъолияти Аҳмадшоҳи Масъуд инчунин овозаҳое, ки дар хусуси ғалабаҳои ӯ дар ҷанги зидди шӯравӣ ба шакли афсонаву достонҳо дар байни мардуми оддӣ паҳн мешаванд, мусоидат мекунанд. Аксари афғонҳои оддӣ ба ин қиссаҳои ҷангии Аҳмадшоҳ ва ғалабаҳои ӯ боварӣ доранд ва онҳоро дар навбати худ бо иловаҳои зиёд мунташир месозанд» (Михаил Коржухов, Исламский вождь по имени Масуд, газета Известия от 29 апреля 1992 г.).
Чунин аст баҳои идораи истихбороти низомии Артиши Шӯравӣ, ки бо эътирофи роҳбаронаш дар зарфи 9 соли ҷанг борҳо нақшаҳои аз байн бурдани Аҳмадшоҳро кашидаанд. Вале ҳарбор бенатиҷа.
Муаллиф бо ишора ба ин гузоришҳои истихбороти низомии Артиши Шӯравӣ оиди Аҳмадшоҳи Масъуд дар идомаи мақолааш менигорад: «Кифоятаст боре ба Панҷшер назар афканед. Дар он ҷо садҳо ҳазор тонн оҳану пӯлодеро мебинед, ки замоне дар шакли чархбол, тонку тӯп вориди Панҷшер шуда буданд. Ва акнун дар зери офтоби сӯзони афғонӣ занг мезананд».
Чаҳор таҳоҷуми густурдаеро, ки артиши Шӯравӣ дар якҷоягӣ бо низомиёни режими Кобул бо ширкати даҳҳо ҳазор сарбоз ба роҳ андохтаанд, як амали фавқулодда бемаънӣ ном бурдан мумкин аст, ки дар он талафоти ҷониву хисороти молии беандозаеро муҳоҷимин мутаҳаммил шуданд. Масъуд бо доштани огоҳии қаблӣ минтақаро тарк мекард, вале ба ҷои худ дар заминҳое, ки дар он ҷойҳо десантҳои шӯравӣ поин мешуданд, минаҳо сершумореро пахш менамуд, гурӯҳҳои вижаашро сафарбар мекард…» (Михаил Коржухов, Исламский вождь по имени Масуд, газета Известия от 29 апреля 1992 г.). Бале, ин гуфтаҳоро журналисти рус ҳанӯз 10 сол муқаддам гуфта буд. Вале имрӯзҳо чӣ мегӯянд? Президенти Академеияи илмҳои низомии Федератсияи Русия Мустафо Аҳмадович Гареев дар китоби«Афганская страда», борҳо ба фаъолияти низомии ва сиёсии Аҳмадшоҳи Масъуд назар афкандааст ва онро ҳамчун як мутахассиси ин соҳа арзёбӣ намудааст. Аз ҷумла баъди овардани тарҷумаи ҳоли Аҳмадшоҳи Масъуд М.А.Гареев менависад, ки «дар матбуоти Ғарб Аҳмадшоҳро ба ҳайси як доҳии низомӣ, муҷоҳиди ғолиб, назариётчии низомии инқилоби исломӣ ва ғайраву ҳоказо қаламдод кардаанд. Баъзе тавсифҳои дигари болотар аз ин ҳам буданд. Вале бояд аз рӯи адолат бигӯем, ки Аҳмадшоҳи Масъуд аз аввал яке аз раҳбарони бағоят донишманду худододи муқовимати Афғонистон буд ва ҳаст. Вай дорои ақли фавқулодда закӣ ва хислатҳои хуби ташкилотчигӣ мебошад.
Хадамотҳои махсуси шӯравӣ борҳо ба ҷони ӯ сӯиқасдҳо ва террорҳо ташкил кардаанд, вале ҳар бор ба нокомӣ мувоҷеҳ мешуданд ва обрӯи Аҳмадшоҳ баланд мешуд.
Ӯ ҳамчун як раҳбари низомӣ чи хусусиятҳои фарқкунандае дошт?
Нахуст ҳадафи асосии ӯ танҳо пиёда кардани амалиётҳои низомӣ ва бечунучаро ғалаба кардан дар онҳо набуд. Тамоми амалиётҳои низомии ӯ ба хотири бароварда кардани аҳдофи сиёсиву иҷтимоиаш амалӣ мегардиданд ва тобеи як чаҳорчӯбаи муайяни сиёсиву низомӣ буданд. Ӯ бо дурандешии зиёд ба хотири ҳаллу фасл кардани масоили низомиаш заминаи иҷтимоӣ ва сиёсии онро муҳаё месохт. Аҳмадшоҳи Масъуд ба бедодгариву ҷафо алайҳи аҳолии мулкӣ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод, ҳамеша ин кӯшишҳоро пешгирӣ мекард. Дар манотиқи таҳти нуфузаш ӯ масоҷиду мадорис, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ, барои онҳое, ки манзилҳояшонро аз даст дода буданд, хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои нақлиётӣ бино мекард, ба деҳқонон тухмиву нуриҳои минералӣ тавзеҳ медод. Ба аҳолии деҳаҳои дурдаст кӯмакҳои башардӯстонаро интиқол медод. Ҳамаи ин кораш дар ҷамъбаст ба ӯ хеле кӯмак карданд.
Аҳолӣ ӯро ҳамеша дастгирӣ мекард ва мусоидат менамуд, ки сафҳои дастаҳои низомии Аҳмадшоҳ ҳамеша аз муҷоҳид пур бошад.
Дуввум ӯ барои таълиму тарбияи низомии ҳайати шахсии дастаҳои худ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод. Бо ин мақсад ӯ марказҳои таълимӣ созмон медод, мутахассисони таҷрибадори хориҷиро, минҷумла аз ҳисоби усаро барои омӯзиши ҳарбии нерӯҳои низомиаш ҷалб мекард. Масалан, яке аз асирони ӯ, ки аз ҷумлаи аскарони шӯравӣ буд ва ба ӯ номи Абдуллоро дода буданд, ба муҷоҳиддин тарзи истифода кардани пулемётро дарс медод. Ба ӯ зан дода, соҳиби хонаву дар карда буданд. Соли 1989 ӯ аллакай се фарзанд дошт.
Гоҳҳо пинҳонӣ бо ӯ дар тамос мешудем, ки аз он ҷо фирор кунад ва ба Ватан баргардад. Вале вай ҳамеша қатъиян рад мекард. Дастаҳои Аҳмадшоҳ аз ҷиҳати моддӣ хеле хуб таъмин буданд. Вай имкониятҳои фаровоне дошт, ки қатораҳои мошинҳои пурбореро, ки аз Хайратон ба Кобул меомаданд ва дар он силоҳу муҳимот, хӯрокворӣ ва сӯзишвории зиёд буд, ба ғанимат бигирад.
Сеюм Аҳмадшоҳ ба ҳангоми омодагирӣ барои гузаронидани амалиётҳои низомиаш ба истихборот ё худ ба разведка диққати муҳим медод. Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавсими сарбозгирӣ ба вазоратхонаҳои қудратии давлатӣ, аз ҷумла ВУД, Вазорати Амнияти Давлатӣ, Вазорати Дифоъ нафарҳои худро барои шомил шудан ба ин сохторҳо эъзом мекард, то ин ки дар ҳар яке аз ин ниҳодҳои давлатӣ, воҳидҳои низомии онҳо одамони худро дошта бошад» (М.А.Гареев, Афганская страда, Москва. «Инсан», 1999, стр: 143 – 144.).
Муҳаққиқон ва коршиносони низомӣ муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъудро «беҳтарин сарбозони пиёданизоми дунё» хондаанд. Дар ҳақиқат Аҳмадшоҳи Масъуд тавонист як гурӯҳи кӯчаки бидуни силоҳро ба як артиши бузурги қариб 60 ҳазор нафара бирасонад, ки бо тамоми навъи силоҳҳо ва техникаи низомӣ муҷаҳҳаз буданд. Муҷоҳиддини Аҳмад-шоҳро дар тӯли 23 соли пайкораш ягон нерӯе натавонист аз саҳнаи корзор берун созад, пурра мағлуб намояд, сарлашкар Аҳмадшоҳро водор ба тарки муқовимат намояд, маҷбур ба фирор аз Ватан созад. Нерӯҳое, ки зидди ӯ меҷангиданд, чи аз ҷиҳати теъдод ва чи аз ҷиҳати ҷиҳози ҷанг аз ӯ ба маротиб болотар буданд. Ба муқобили ӯ артиши муназзами кишварҳо меҷангид, ки ҳайати онҳо аз сарбози оддӣ шурӯъ карда, то афсарони баландрутба ҳама таълимдидаву омӯзишёфта ва мутахассиси соҳаи худ буданд. Рӯ ба рӯи ӯ террористони байналмиллалие, ки дар умқи корхонаҳои хадамоти ҷосусӣ, тозатарин шеваҳои қатлу аз байн бурдани инсонҳоро меомӯхтанд ва дар ҳаёт татбиқ мекарданд, дар набард буданд. Бале, дар ин роҳи муборизаи ӯ алайҳи душманони озодӣ ва истиқлолияти Ватанаш, душманони башарият буданд бохту нокомиҳои муваққатӣ. Вале ҳар бор онҳоро Аҳмадшоҳ бо як маҳорати баланди кордонӣ рафъ мекард, аз онҳо хулосаҳои зарурӣ мебаровард. Ба ибораи дигар бигӯем ҳар як нокомии ахири ӯ оғози музаффариятҳои нави ӯ мебуданд. Ин аст яке аз хислати асосии бузургтарин лашкаркаши дунё. «Дар ақибнишиниҳои Аҳмадшоҳи Масъуд хавфи бештаре ниҳон аст то дар ҳуҷумҳои ӯ» мегуфтанд фармондеҳони рақибаш. Ва чи тавре, ки дидем хонандаи азиз ва худи Аҳмадшоҳи Масъуд низ борҳо таъкид кардааст, ки асоси ин ҳама музаффариятҳояшро ӯ дар доштани дастгоҳи қавии иттилоотиаш дидааст.
Дар ин самт низ Аҳмадшоҳи Масъуд дастовардҳое доштааст, ки беҳтарин хадамотҳои ҷосусии кишварҳои пешрафтатарини дунё ба он ҳасад мебаранд. Бидуни доштани хазинаи молии зарурӣ ва техникаи пешрафтаи ҷаҳонӣ Аҳмадшоҳи Масъуд тавонист бо такя ба омили инсонӣ ва таҷрибаи таърихи аҷдодонаш корҳоеро ба сомон бирасонад, ки имрӯзҳо хадамоти иттилоотии мамолики мутараққии дунё бо доштани имкониятҳои васеи моливу техникӣ аз иҷрои онҳо оҷизанд.
Султони Ҳамад, (Ҳамадов Султон), “Аз Ардашер то шери Панҷшер”, -Душанбе, Ирфон, 2002, саҳ. 132-163

Related Articles

Leave a Comment