Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ПАДАРҶОНАМ, СУТУНИ ХОНАДОНӢ!

ПАДАРҶОНАМ, СУТУНИ ХОНАДОНӢ!

by admin
1247 views

Ҳар як инсон аз таваллуд то дами марг ба падару модар ниёз дорад, вале сад афсӯс, ки ҳардуи онҳо то охири умрамон моро ҳамроҳӣ карда наметавонанд. Ҳар вақте ки исми падар ба забон ё дар хаёлам меояд, вуҷудамро ларза ва диламро дарди сахте фаро мегирад. Бовар кунед, ин хеле сахт аст.

Падарҷон, қиблагоҳам будӣ, хушбахтии ҳаётам ту будӣ. Ҳар дӯсту наздиконам ба забон номи падарашонро мегиранд, ғаму дарди дилам чунон зиёд мегардад, ки дигар хомӯш буда наметавонам. Медонед, агар дигаронро ҳангоми суҳбати телефонӣ ҳамроҳи падарашон бинам, рашкам меояд, ман ҳам мунтазири ҳамин хел занги телефонӣ мемонам. Бисёр орзуҳо доштам, падарҷон медонистӣ, охир чашмонам ҳама вақт роҳи туро мунтазир буд, ки шуморо ба пои худ равон бубинам. Орзуи онро доштӣ, ки ҳангоми ба дарс рафтанам бо ҳамроҳи дӯстонам маро бубинӣ, лекин афсӯс ин орзӯҳоро бо худ бурдӣ.

Дӯстонам, дар зиндагиатон ҳеҷ вақт аз надоштани чизе манолед, доимо шукургузор бошед ва доимо дар назди падару модари худ бошед, нагузоред заррае ҳам бошад ғаму андӯҳи шуморо пай баранд. Коре кунед, ки волидонатонро доимо хушҳол нигоҳ доред, корҳое анҷом диҳед, ки боиси сарбаландии онҳо бошад.

Замоне, ки падарам бемор буду рӯйи бистари беморӣ мехобид, ман он замон эҳсос кардам, ки падар қуввату дармони ман аст. Дигар касе набуд, ки ҳангоми мушкилотам роҳи дурустро нишон диҳад, ҳамдарду ҳамрозам бошад.

Дасташонро дар дастам мегирифтам, аммо эҳсос мешуд, ки дигар он дастоне нест, ки солҳои дароз бори гаронии ҳаётро бо обилаҳои дасташ паси сар карда будем. Лаҳзаҳои вопасини ҳаёти падарам бароям хеле дардовар буд.

Ҳаёти худро бе ту тасаввур карда наметавонистам. Дигар бар он бовар будам, ки падарам ҳеҷ гоҳ маро тарк намекунад, вале сад афсӯс, ки қисмат ба ману орзуҳои ман беътиноӣ зоҳир сохт.

Зебо ДАВЛАТОВА,

донишҷӯи соли 3-юми

факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment