Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ЗАБОН ТАЪРИХИ ЗИНДАГИИ МИЛЛАТ АСТ!

ЗАБОН ТАЪРИХИ ЗИНДАГИИ МИЛЛАТ АСТ!

by admin
249 views

Забон воситаи муоширати байни одамон буда, он илме мебошад, ки бо тамоми фанҳо алоқаманд буда, мақоми ҳар кадомеро дар сатҳи болову воло расонида метавонад. Агар фан бо забони содаву равон, нобу дилкаш бошад, он гоҳ хонанда онро бо як таваҷҷуҳи  хосса мутолиа карда, аз он баҳраманд мегардад. Агар забони китоб мураккабу нофаҳмо бошад, он диққати хонандаро ба худ ҷалб карда наметавонад. Аз рӯйи чунин андешаҳо ишора сохтан бомаврид аст, ки барои ҳама ашхос: иқтисоддон, кимиёдон, файласуф, равоншинос ва муҳосиб донистани забон  барои онҳо муҳим аст.

Имрӯзҳо сабаби кам рӯ овардани ҷавонон ба рӯзномаву маҷалла ва дигар адабиёт шояд ҳамин костагии забон бошад. Аз ин хотир, гуфтан бо маврид аст, ки  бевосита ба таълиму тадрис, такмили ихтисос ва дар ин замина тақвият бахшидан ба мутолиаву муҳокимаи асарҳои соҳавӣ-умумӣ, ки дониши андӯхтаро воло менамояд, қадами устувор гузоштан лозим аст.

Аз ин рӯ, мо ҷавононро зарур аст, ки нисбат ба забони давлатӣ бори дигар ғамхориҳо зоҳир намоем ва тавассути шири модар ба тамоми рагу устухони худ онро ҷой намуда, чун модари азизу мушфиқ эътиром намоем, ҳамеша барои дурусту ба ҷо истифода бурданаш қадами қатъӣ гузорем ва ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки он хору залил гардад.

Меҳрангез МАЗАРИФОВА,

донишҷӯи соли 5-уми факултети

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment