Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ИДАТ МУБОРАК, МОДАР!

ИДАТ МУБОРАК, МОДАР!

by admin
836 views

Қадри модар гар бидонӣ,соҳиби давлат шавӣ,

Хоки пояш гар бибӯсӣ,дохили ҷаннат шавӣ.

       Модар, чи хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте мо модар мегӯем, тамоми баданамону рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин ва осмон якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканор ва ҷовидона аст. Модар туро ёд кардам, дар вақтҳои танҳоӣ чашм мепӯшам, симои зебоят, садои хандаҳоят ба гӯш мерасад ва чашмҳоямро боз мекунам, симои зебоят, садои хандаҳоят хомӯш мегардад, зеро ин садо дар тасаввуру хотироти ман аст. Модар шуморо ёд кардам, чӣ қадар суханҳо баҳри шумо бигӯям боз ҳам кам аст. Вақте мо номи модарро ба забон меорем, пеши назарамон айёми кӯдакӣ ва наврасӣ падид меояд.

Модар, модар ба ҷон баробар модар,

Дубора нашуд ба кас муяссар модар.

Модар сутуни хонадон, чароғи умри мо фарзандон мебошад. Хизматҳое, ки модар баҳри мо фарзандон кардааст, агар мо фарзандон садсолаҳо баҳри онҳо хизмат кунем, боз ҳам кам аст. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар як хонадон, қуввату мадори дилҳои нотавонанд.

Шумо модарон ва бонувони тоҷикро бо рӯзи идатон табрик гуфта, ба шумо, пеш аз ҳама, сиҳатӣ ва саломатӣ ва дар корҳоятон муваффақият хоҳонам.

Маҳмадулло АШӮРОВ,

донишҷӯи соли 3-юми

факултети физика ва математика

Related Articles

Leave a Comment