Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

by admin
241 views

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ ҳам барои пешрафти ҷомеа сиёсати накӯеро иқдом намудаанд, ки мо ҷавонон ба ҳама қуллаҳои баланди зиндагӣ бо ин роҳ расида метавонем.

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хубтару беҳтар гаштани сатҳу сифати дониш дар ҷумҳурӣ озмунҳо эълон менамоянд, ки бо ин роҳҳо ҳавасмандкунии хонандагону донишҷӯён дар соҳаи илм ва худшиносии миллию ватандории ҷавонон боз ҳам дучанд мегардад.

Мо ҷавонону донишҷӯён умед аз он дорем, ки дар оянда низ шумораи чунин озмунҳо зиёд мегарданд. Ин ифтихори мардуми бошарафи тоҷик ва мо донишҷӯён аст, ки чунин сарвари азизу маҳбуб ва дилсӯз дорем. Маҳз бо дастгирии сарвари маҳбубамон имрӯз хонандагон дар кадом соҳаи илме, ки хоҳанд, ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе дахолати шахси миёнарав ва ба таври озод дохил шуда таҳсил намоянд.

Бояд қайд кард, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар дар бобати рушду такомули анъанаҳои дипламатияи тоҷик низ тадбирҳои зиёде андешида шудаанд, ки дар ин маврид ғайр аз расму русуми миллӣ беҳтарин намунаҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ ба назар гирифта шудаанд. Набояд фаромуш сохт, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста барои мустаҳкам намудани мавқеи кишвари маҳбубамон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.

Муҳаммадғаюр ШУКУРЗОДА,

донишҷӯи соли 1-уми факултети таърих,

ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

 

Related Articles

Leave a Comment