Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ АДИБИ ШУҶОЪ ВА ҚИССАИ ҲАҶҶИ АКБАР

АДИБИ ШУҶОЪ ВА ҚИССАИ ҲАҶҶИ АКБАР

by admin
514 views

«Камина ғусса мехӯрдам, ки ба ҳамсафаронам Зам-замро камтар нӯшед, гуфта наметавонам. Солҳои гузашта аз истеъмоли ин оби муборак бисёр ҳоҷиён аз остонаи Маккаи мукаррама берун нарафта, дар ҳамин ҷой пой дароз мекарданд. Ҳатто бе микроскоп, ба назари оддӣ ҳам, аз ранги тира ва бӯи начандон хуши он пай бурдан мумкин аст, ки дар ҳар як ҷуръаи он тухми чандин дард ниҳон аст» Аз гуфтаҳои боло хонандаи зирак аллакай пай бурдааст, ки сатрҳои навишташуда ба қалами кӣ тааллуқ доранд.

Оре, ин суханони бебокона ба қалами адиби барҷастаи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев мансубанд. Воқеан дар таърих бисёре аз шахсиятҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди амалҳои шоиставу хидмат ба Ватан ва алфози неку хирадмандона дар назди мардум ва хонандаи имрӯза бо симои на он қадар хуб ҷилвагаранд. Яке аз ин шахсиятҳои бузург Фазлиддин Муҳаммадиев мебошад, ки қисме аз хонандагони хӯрдагири кунунӣ барои эҷоди «Қиссаи ҳаҷҷи акбар» ба ӯ ҳарисона менигаранд.

«Қиссаи ҳаҷҷи акбар» яке аз асарҳое мебошад, ки хонандаро аз ҷоҳилият ва ҳазёни исломӣ берун кашида, ӯро вориди дунёи мунаввару рангин мегардонад. Дар асар лаҳзаҳои ба Макка рафтани ҳайати ҳоҷиёни 17+1 нафара ёдоварӣ шуда, дар баробари ин хислату атвори ҳар як ҳоҷӣ аз нигоҳи воқеъбинона, вале бо ҳазлу мутоиба баён шудааст. Ҳамаи ҳоҷиёне, ки ба зиёрати хонаи Худо мерафтанд дар мадрасаҳои мухталифи исломӣ ба монанди мадрасаи Мири Араб (ҳамон мадрасае, ки як замон устод Айнӣ, низ шогирди он буд) таълимоти гуногуни исломӣ гирифтаанд. Бо вуҷуди доштани саводи нимҷони динӣ ва қории Қуръон будан ба мавҳумот рӯ овардаанд. Масалан, Қориака чунин мегӯяд: «Вақте ки ба Каъба наздик мешавед (ба ҳоҷиён назар афканда) мебинед, ки ҳеҷ ҷонзоде ҷуръат карда, аз болои он пар намезанад»

Ҳайҳот! Баробари ворид шудан ба даромадгоҳи Каъба ҳоҷиён ба гурӯҳи калони парандаҳо дучор шуданд, ки онҳо болои Каъба давр мезаданду яке аз онҳо бар девори бинои Каъба нишаста буд.

Нависанда ҳангоми сафари ҳаҷ аз номи персонажи асар, Қурбон сухан ронда, хонандаи асилро вориди дунёи хаёлот месозад. Албатта мо хаёлот гуфта, фикрҳои нави дар майнаи сари хонанда пайдошудаеро дар назар дорем, ки ӯ пеш аз хондани асар бо онҳо ошно набуд.

Ҳарчанд, ки баёноти таҳаввулотии муаллиф на бар ҳама хонандагон писанд меафтад, аммо боз нафароне ҳам пайдо мешаванд, ки афкори фалсафии муаллифро дастгирӣ намоянд.

«Қиссаи ҳаҷҷи акбар» аз нодонию гумроҳии баъзе аз ҳоҷиҳо ҳикоят карда, нависанда тасаввуроти содалавҳонаи онҳоро тавассути мутоиба анҷом медиҳад. Чунончи ҳангоми сафар ба хонаи Худо, дар роҳ, яке аз ҳайати ҳоҷиён ҳарорати ҳаворо аз 100 дараҷа боло арзёбӣ менамояд. Ҳама расму суннате, ки ҳангоми тавофи Каъба аз тарафи ҳайати 17 нафараи ҳоҷиён иҷро мешуд, ба чашми Қурбон нафратовар ва дар баъзе аз ҳолатҳо (ҳангоми санг задан ба тарафи Шайтон дар се маврид ва ҳолати сангчаҷамкунӣ барои «шикори Шайтон») хандаовар менамуданд. З-ин рӯ ин байти Ҳофизро ҳангоми маросими Арафот зери лаб замзама менамуд:

Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,

Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам.

Эҳтимоли бузург муаллифи ин байт ба «Қиссаи ҳазрати Одаму Ҳавво ва ронда шудани онҳо аз ҷаннат» ишора кардааст, ки бо гуноҳи онҳо тамоми мардум аз ҷанннат ва алвони неъмат маҳрум мондаву сарсону саргардонанд. Пас, агар падару модари мо (ҳазрати Одаму Ҳавво), ки чунин гуноҳи азимро содир кардаанд, мо фарзандони онҳо чаро ҳампешаи эшон набошем. Ҳамин тавр, тамоми зиёраткунандагони Каъба моҳияти байти дар боло ёдшударо сармашқи амалҳои худ худ қарор додаву онро думравона иҷро мекарданд.

Персонажи асосии асар, Қурбон, ки худ духтур буд ва барои беҳбудии тандурустии ҳоҷиён бо онҳо сафар дошт, гӯсфанди дар миёни гургон афтодаро мемонд. Зеро, ҳар сухане, ки ӯ ба ҳайати сафаркунандагон мегуфт, аз эътибор соқит буданд.

Воқеаҳои фитнаи мардуми араб бар сари занон ва маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои онҳо, имрӯзҳо пеши чашми ҳар як кас намудоранд. Аз ин рӯ, дар асари устод Фазлиддин Муҳаммадиев ҳолатҳои ба синни никоҳӣ нарасидани занон ва маҷбуран ба шавҳар додани онҳо баръало мушоҳида мешавад. Он гуна ки, пайғамбар ҳангоми ворид шудан ба хонааш норозигии арӯси навашро дида (аз сабаби он ки тафовути синнусолӣ миёни пайғамбар ва духтар хело зиёд буд) шабонгаҳ аз хона бадар меравад. Дар ривояту қиссаҳои исломӣ ин зан бо номи «арӯси ошӯбгар» маълум аст. Ин гуна ҳодисаҳо дар ҳаёти мо низ бисёр дучор меояд, лекин онҳо дар умри мубораки паёғамбар низ кам нестанд.

Бибӣ Оиша (духтари Абӯбакр) ҳангоми дар никоҳи пайғамбар буданашон бо Сафвон ном ҳамсолаш ишқварзӣ менамуданд. Чун пайғамбар аз ин ҳодиса огоҳ шуд қариб ним моҳ ба дари хонаи Бибӣ Оиша нарафт. Аз сабабе ки ҳусну ҷамоли Бибӣ Оишаи пайғамбарро шефтаю шайдо намуда буд, гуноҳи ӯро бахшид ва ба саҳҳобагон гуфт, ки «Ҷабраил мефармояд, ки Бибӣ Оиша гуноҳ надорад» Аз ин рӯ, пайғамбар ин муштипарро дубора ба даст даровард.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар мо шукргузор аз он ҳастем, ки ба занони миллати тоҷик ҳуқуқу озодиҳои бартарин дода шудаасту синни никоҳии гулдухтарони зебои тоҷик то ба ҳаждаҳ расидааст. Дар охир, бо пайравӣ аз суханҳои муаллифи «Қиссаи ҳаҷҷи акбар» гуфтанӣ ҳастам, ки акнун ҳар чизи хондаву шунидаамро дар бораи ҳоҷиҳо, шайхҳо ва эшонҳо аз рӯйи виҷдон нақл хоҳам кард. «Бигузор ҳамагон бифаҳманд, ки ҳоҷӣ кист, ҳаҷҷи акбар чисту ҳоҷии кабир кист» Ва бо ин байт гуфтаҳоямро ба поён мерасонам

Дар Каъба будан шарт нест ё дар калисое муқим,

Дидори ёри хешро ҳарҷо равӣ он ҷо биҷӯ.

Ҳасан Мирализода, донишҷӯи ДДК

Related Articles

Leave a Comment