Home АНДЕША НАМУНАИ БЕҲТАРИНИ ЯК ШАХСИЯТ, ОМӮЗГОР ВА РОҲБАР

НАМУНАИ БЕҲТАРИНИ ЯК ШАХСИЯТ, ОМӮЗГОР ВА РОҲБАР

by admin
725 views

Бахшида ба 60-солагии доктори илми педагогика, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирализода Абдусалом Мустафо

Зиёиён бояд ҷиҳати рушди Тоҷикистони азиз, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоянд. Дар ин самт мо, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон такя намуда, вазифаи онҳоро ба сифати равшанфикрони пешқадам дар дуруст ва самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебинем. Онҳо вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Махсусан, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷик миллати тамаддунофар ва фарҳангпарвар буда, модарони ин миллат фарзандони фарзона барои инсоният таваллуд кардаанд. Таърихи башарият бо бузургону орифони ниёкони мо ифтихор дорад ва имрӯз осори гузаштагони мо бо тамоми забонҳо тарҷума шуда, баҳри инсоният пешниҳод шудаанд.

Шукри беандоза, ки дар дунё одамони ҳалим, хоксор ва дурандешу оқил хеле зиёданд. Барои тарбия намудани чунин шахсиятҳо волидайни фидоӣ лозим аст, то тамоми буду набуди худро фидо кунанду чунин шахсияти арзандаро барои миллаташ ҳадя созад.

Дар ин матлаб сухан атрофи яке аз чунин шахсиятҳое меравад, ки модари қаҳрамони тоҷик барои соҳаи мориф ӯро ҳадя намудааст.

Мирализода Абдусалом Мустафо, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз олимони закиву дурандеш ва дорои хислатҳои неки инсонӣ буда, пайваста омӯзгорону донишҷӯёнро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва иршод раҳнамоӣ мекунад.

Ҳангоми дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси аспиранти шуъбаи рӯзона таҳсил менамудам, аз ёриву дастгириҳои устод пайваста баҳраманд мегардидам. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ маро ҳамчун ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии ДМТ ба кор қабул карданд.

Дар донишгоҳ фаъолияти назарраси худро нишон дода, кӯшиш мекардам, ки ба боварии устод Мирализода Абдусалом мушарраф шавам. Он вақт устод муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим буданд. Яке аз хислатҳои устод ин аст, ки шогирдро то ба қуллаҳои мурод расидан кӯмак менамояд.

Устод Мирализода Абдусалом ҳамчун хизматчии давлатӣ одоб ва рафтори хуби инсонӣ дошта, муҳаббаташ ба Тоҷикистони азиз ва садоқаташ ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза аст. Хизмат ба ватанро вазифаи муқаддас дониста, барои миллати тоҷик пайваста хизмати содиқона менамояд.

Устод дорои ҳисси баланди инсондӯстӣ буда, эҳтиромона муносибат намудан ба инсонҳоро шараф медонад ва одилона, бовиҷдонона амал намуданро вазифаи хизматии худ мешуморад.

Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд: «Вазифаи муҳими олимони кишвар бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад.»

Таърихи 21.01.2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №23) устод Мирализода Абдусалом ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин гардид. Баъди ин устод маро бовар карда, ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим гузоштанд. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти корӣ устод ҳамчун шахси кордон, оқил ва ғамхору созанда маро барои иҷрои корҳои босифат тарбия намуда истодааст.

Дар аввалин вохӯриашон дар донишгоҳ гуфтанд, ки «…Мақсади асосии ман хизмати софдилона ба халқу миллатам мебошад…», ки дар як муддати кутоҳ исботи худро ёфт. Устод аз давраи аввали фаъолияти меҳнатиаш тамоми вазифаҳоеро, ки ба ӯ вогузор мешуд, софдилона ва бо дарки баланди масъулиятишиносӣ сидқан иҷро намуда ва ҳоло ҳам иҷро намуда истодааст.

Чунон ки аз воситаҳои ахбори омма огоҳ ҳастем, фаъолияти шаффофи он кас ҳамеша инъикос мегардад. Поквиҷдонӣ ва беғаразӣ хислати ҳамешагии ӯст. Ба касбият ва салоҳиятнокии ӯ касе шубҳа надорад. Маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва ботаҷрибагӣ, ки асоси иҷрои муваффақонаи вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ӯҳдадориҳои мансабӣ мебошанд, доро мебошад.

Ҳоло ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ устод Мирализода Мустафо корҳои назаррас намуда, ба самти илм ва таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, ба донишҷӯён, омӯзгорон ва собиқадорони соҳа ҳамеша ғамхорӣ намуда, пайваста кӯмакашон мекунад.

Устод Мирализода А.М., пеш аз ҳама, як омӯзгори ҳақиқӣ ба шумор меравад. Омӯзгор воқеан ҳам шахсест, ки тафаккури инсонро ташаккул дода, инсонро ба қуллаҳои баланд мерасонад. Хушбахттарин омӯзгор ҳамонест, ки шогирдонаш шогирд намондаанду ба камоли устодӣ расидаанд. Маҳз барои чунин омӯзгорон бояд офарин хонд. Устод ҳам омӯзгор, ҳам олим ва ҳам инсони хеле самимӣ ва дурандешу меҳрубон аст. Шогирдонаш, аллакай ба камоли устодӣ расида, кору пайкори устодашонро пеш бурда истодаанд.

Мирализода Абдусалом ҳамчун устод ва олими намоён дар миёни донишмандон ва шахсиятҳои баруманди доираҳои илмии кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ аз маъруфияти сазовор бархӯрдор аст. Асарҳои илмии ӯ ба таърихи педагогика бахшида шудаанд ва ин асарҳо дар тарбияи касбӣ ва ахлоқии омӯзгорон саҳми арзанда доранд. Дар баробари вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунанда пайваста бо ковишҳои илмӣ машғул буда, як лаҳза аз илм худро дур накардааст. Рисолати асосии устод маҳз дар омода намудани мутахассисони сатҳи баланди ба бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад.

Баҳонаи навиштани ин матлаб ин аст, ки устод Мирализода Абдусалом санаи 22-уми марти соли ҷорӣ ба синни мубораки 60-солагӣ қадам мегузоранд. Роҳи пурмашаққати тайкардаи устод дар ҷодаи илму маориф тулонӣ ва хеле душвор будааст, вале ӯ ин душвориҳоро бо туфайли ранҷу заҳмат ва машаққатҳои зиёд пушти сар намуда, барои ба мақсади ягонаи худ расидан талошҳои зиёд намудааст.

Аз ин рӯ, аз номи худ устодро барои расидан ба синни мубораки 60-солагӣ табрику таҳният намуда, баҳрашон зиндагии шоиста, ҳаёти босубот ва саодати рӯзгорро таманно дорам. Бигузор ҳамеша муваффақу шодком бимонед!

Зиҳӣ, марди хирад, устоди гиромиқадр — Абдусалом Мирализода!

Шасти шаст гар расид бар доманат,

Ғам махӯр, ки айни авҷи  ҳиммат аст.

Холиқзода Айниддин,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment