Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ САНОАТ ВА РОҲҲОИ БЕҲБУДИИ ОН

САНОАТ ВА РОҲҲОИ БЕҲБУДИИ ОН

by admin
798 views

Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи асосии давлат ва ҳукумат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар қисмати ҷанубӣ-шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Ин ноҳия дар гузашта бо номи Шӯрообод маълум буд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли 2016 номи ноҳия ба номи Шамсиддин Шоҳин иваз карда шуд. Масоҳати умумии ноҳия 2,3 ҳазор км2 –ро ташкил дода, аҳолиаш 55600 нафар ва дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Соҳаи саноат дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз соҳаи муҳими рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи масъалаҳои инкишофи хоҷагии халқи ноҳия саноат яке аз ҷойҳои махсусро ишғол менамояд. Қатъи назар аз мавҷудияти захираҳои бузург ва иқтидорҳои маҳаллӣ соҳаи саноати ноҳия дар ҳоли рушд қарор дорад. Айни замон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 9 адад корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 108 нафар бо кори доими таъмин мебошанд. Фаъолият кори корхонаҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Корхонаҳои саноатии ноҳияи бо нерӯи барқ пурра таъмин мебошанд.

Дар таркиби соҳаи саноат ҷойи махсусро коркард ва истеҳсоли маданҳои кӯҳӣ, масолеҳи сохтмон ва истеҳсоли молҳои хӯрокворӣ ишғол менамояд. Дар ноҳия ду корхонаи истеҳсоли тилло, ду корхонаи сангу шағал бо иқтидори умумии 10 ҳазор тонна дар як шабонарӯз фаъолият менамоянд, ки талаботи ноҳияро пурра қонеъ мегардонанд.

Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ноҳия ба 28,5 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн 429 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсолӣ маҳсулоти саноатӣ орд ба 6010,2 тонна, консерваи меваю сабзавот ба 39 ҳазор қуттӣ, равғани растанӣ ба 95 тонна ва ангишт бошад ба 2160 тонна расонида шудааст, ки талаботи ноҳияро пура қонеъ мегардонад.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои рушди саноат имкониятхои зиёд дорад. Истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданоке, ки дар ноҳия вуҷуд доранд, метавонад ба рушди ояндаи иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия мусоидат намояд. Ноҳия аз растаниҳо ва гиёҳҳои шифобахш низ бой аст ва дар сурати ташкили коркарди онҳо метавон ба рушди соҳаи дорусозӣ низ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Ба рушди соҳаи саноати ноҳия ин мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ мусоидат менамоянд.

Дар оянда тайи солҳои 2016-2020 ташкил намудани корхонаи муштарак бо ширкатҳои хориҷӣ оид ба барориши маҳсулоти рақобатпазир, махсусан маҳсулоти соҳаҳои сохтмон ва саноати сабук ва хурокворӣ бояд ба назар гирифта шавад. Бо мақсади беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароитҳои мусоид барои рушди соҳа, зарурият ба миён омадааст, ки дар ин замина корхонаҳои мавҷуда, коргоҳҳои хурд барои коркарди ашёи хоми дар ноҳия истеҳсолшаванда (мева ва сабзавот, пӯсту пашм ва шир) ташкил карда шавад.

Хулоса, мушкилотҳое, ки ба соҳаи саноати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба чашм мерасанд, ин набудани техника ва технологияҳои ҳозиразамон, норасоии кадрҳои баландихтисос, нокифоя будани вазъи сармоягузории дохилию хориҷӣ, дуруст бароҳ намондани истеҳсолот аз ҳисоби кадрҳои идоракунанда дар соҳаи саноатӣ ноҳия мебошад.

Назримад САЛОЕВ,

магистранти факултети иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment