Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ НАВРӮЗ ДАР АҲДИ БОСТОН

НАВРӮЗ ДАР АҲДИ БОСТОН

by admin
158 views

Ҷашни Наврӯз, ки бузургтарин ҷашни нажоди Ориё аст, реша дар фалсафаи хилқат ва офаринишиоҳо зиндорад ва гӯё баҳор худо фариниши ҷадидест, ки ҳарсол такрор мешавад.

Ин мавзӯъ дар тӯли таърих бо устураҳову андешаҳои мазҳабӣ ва фалсафӣ пайвандхӯрда аст ва боиси баёни назарҳо ва андешаҳои гуногуне, чи қаблаз ислом ва чи баъд аз ислом шудааст. Дар натиҷа ба таври хулоса метавон гуфт, модар хилқат ва офаринишбоду ҳастӣ рӯ барӯ ҳастем: 1.Ҳастии ошкор, 2.Ҳастии пинҳон

Ҳастии ошкор, дар ҳақиқат бар мегардад ба аносири моддӣ ва малмуси табиат, аз қабили замин, об, оташ, гиёҳон, ҷонварон, аҷзо ва аносири вобаста ба онҳо.

Ҳастии пинҳон ҳамон офаридгори ҷаҳон аст, ки бо номҳои мухталифи Аҳура Маздо, Яҳува, Аллоҳ дар андешаҳои мухталиф баён шудааст. Мавлавӣ ин ҳастии ошкор ва пинҳонро ингуна баён мекунад:

Пинҳон зидидаҳову ҳамадидаҳо аз ӯст,

Он ошкор санъати пинҳона морз уст.

Ва ин ҳастии пинҳон, яъне холиқ ва худои офаринанда дорои се вижагии бисёр муҳим мебошад:

1.Замон

2.Хирад

3.Қудрат, ки ҳамаи ин сифатҳо ба таври комил ва мутлақ танҳо дар ихтиёри ӯст ва бақияи мавҷудот бино ба хост ва иродаи ӯ то андозае аз ин сифатҳо баҳраманд ҳастанд ва дар ниҳоят замину замон ва тамоми мавҷудоту махлуқот тобеи қудрат, ҳикмат ва иродаи ӯ мебошанд.

Ӯ дар ҳақиқат бо дониш, хирад ва қудрати бекарони худ ҷаҳон ва хилқатро бино карда ва инсони хирадманд аз партави хиради мутлақ ва бекарони ӯст, ки соҳиби фикру андеша ва доноии нисбӣ шудааст. Чунонки Мавлоно мегӯяд:

Қатраи илме, ки бахшидӣ зи пеш,

Муттасил гардон ба дарёҳои хеш.

Ва ё Фирдавсӣ:

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша бар нагзарад.

Аммо дар тӯлит аърих, чи қабл ва чи баъд аз ислом, назарияҳои мухталифе дар мавриди пайдоиши Наврӯз баён шудаанд:

  1. Дар “Шоҳнома”Наврӯз рӯзест, ки Каюмарс ба шоҳӣ расид.
  2. Тибқи оҳини Зардуштӣ нахустин инсоне, ки офарида шуд, Каюмарс буд ва хилқати ӯро Наврӯз меноманд.
  3. Таваллуди Ҳушанги Пешдодӣ дар Наврӯз будааст.
  4. Таҳмурас рӯзе девони бадкор ва мардумозорро ба банд кашид ва асир кард, ин рӯзро Наврӯз номиданд.
  5. Наврӯз рӯзест, ки Фаридун кишвари паҳновари худро миёни се фарзандаш–Салм , Турва Эраҷ тақсим кард.
  6. Наврӯз рӯзест, ки Кайхусрав, фарзанди Сиёвуш, зода шуд.
  7. Наврӯз рӯзест, ки Зардушт таваллуд шуд.
  8. Наврӯз рӯзест, ки Зардушт ба паёмбарӣ расид.
  9. Наврӯз рӯзест, ки Ҷамшеди Ҷам, подшоҳи пешдодӣ, ба тахти шоҳи нишаст.
  10. Рӯзе, ки замин офарида шуд, офтобтобид ва бод вазидан гирифт.
  11. Рӯзе, ки киштии Нӯҳ дар маҳалле бо номи Ҷудӣ ба гил нишаст.
  12. Рӯзе,ки Ҷабраил ба паёмбар нозил шуд.
  13. Рӯзе, ки ҳазрати Иброҳим бутҳоро шикаст.
  14. Рӯзи хилқати Одаму Ҳавво.

Аммо бештари китобҳо ва таърих нигорон ва ориёиён ҷашни Наврӯзро мансуб ба Ҷамшеди Ҷам, подшоҳи пешдодӣ, меноманд ва дар “Шоҳнома”чунин омадааст:

Ба фарри Каёнӣ яке тахт сохт,

Чу моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт…

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Хусрав ТОШМАТОВ,

донишҷӯи соли 1-уми

факултаи филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment