Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

by admin
970 views

Солимии ҷисмонии шаҳрванд солимии оила, ҷомеа ва бойгарии асосии давлат маҳсуб мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузаронидани машғулияти тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ тибқи реҷаи рӯз тарҳрезӣ карда мешавад. Инкишофи ҷисмонии кӯдак ифодагари саломатию тансиҳатии ӯст. Аломатҳои инкишофи ҷисмонӣ мувофиқат кардани вазн, қаду қомат, ҳаракату амал, фаъолияти узвҳои такягоҳӣ-ҳаракатӣ ва саломатӣ ба синну сол ва мавқеи иҷтимоии кӯдак мебошад. Муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатии кӯдак маҳз дар давраи томактабӣ муҳим аст, зеро кӯдак сурати тези инкишофи ҷисмониро аз сар мегузаронад, ки он аз паси худ инкишофи равонию ақлӣ, ахлоқию иродавии шахсияти ӯро таъмин менамояд.

Фаъолияти асабҳо, узвҳои нафаскаши гардиши хун ва устухону мӯшакҳо такмил ёфта, он ба тансиҳатӣ, солимии ҷисмонию равонӣ мусоидат мекунад.

Бинобар ин, тарбияи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ яке аз вазифаҳои муҳим таъмин намудани инкишофи ҳаматарафаи шахсият аст.

Тарбияи ҷисмонии кӯдакон аз системаи мунтазам иборат аст, ки инҳо: маҷмӯи қойдаҳои иҷтимоӣ-таърихӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои илмӣ-методӣ, асосҳои барномавӣ-меъёрӣ барои муассисаҳои таҳсилотӣ ва табобатӣ, ки тарбияи ҷисмонии кӯдаконро таъмину назорат менамояд, маҳсуб меёбанд. Ҳар як муассисаи таҳсилоти томактабӣ силсилаи чорабиниҳоро оид ба тарбия ва инкишофи ҷисмонии кӯдакон дар асоси талаботи барномавӣ ва баҳисобгирии шароиту имкониятҳои хусусиятҳои фардии кӯдакон ташкил менамояд.

Бояд қайд намуд, ки ташкилу баргузор кардани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонии кӯдакон мушкилоти назаррасе низ дорад. Ин мушкилот натиҷаи суст будани муқовимати ҷисми кӯдакон ба бемориҳо ва тез-тез бемор шудану ҷисману рӯҳан заиф гардидани онҳо, камҳаракат, таъсири ҳолатҳои рӯҳӣ (стрессҳо, депресия) илатҳои модарзодӣ ва ғайра мебошад.

Роҳу усулҳои тарбияи ҷисмонии кӯдакон вобаста ба давраҳои синну соли томактабӣ интихоб карда мешаванд. Дар таҷрибаи амали чунин методҳои тарбияи ҷисмонии кӯдакон истифода бурда мешаванд: машқу тамрин, суҳбат, бозӣ, таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифатҳои ҷисмонии иродавӣ-ахлоқии кӯдак, таъмин намудани вазъияти махсуси проблемавӣ, ки аз кӯдак чусту чолокӣ ва ҳушёриву зиракиро талаб мекунад.

Омилҳои тарбияи ҷисмонии кӯдаконро дар муассисаҳои томактабӣ ба таври зайл ба роҳ мондан мумкин аст. Истифода бурдан аз омилҳои табиӣ-об, офтоб ва ҳаво барои обутобдиҳӣ ва мустаҳкамкунии исми кӯдак.

Кароматулло ҚУРБОНЗОДА,

асистенти кафедраи тарбияи

ҷисмонӣ ва методикаи таълими он

Related Articles

Leave a Comment