Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ОҲУ ДОД АЗ ЗИНДАГӢ, УМРИ ҶАВОНАМ МЕРАВАД…

ОҲУ ДОД АЗ ЗИНДАГӢ, УМРИ ҶАВОНАМ МЕРАВАД…

by admin
231 views

Ҳар гоҳе, ки чашмам ба аксҳои ӯ меафтад, симои зебову дилнишин, нигоҳи пур аз муҳаббату самимият, маъсуму беғаш ва қадре хаёлолуда, ки хоси ӯ буд, пеши назарам меояд.

Дилам ба риққат меояд, нафас гулӯямро мефишорад, беихтиёр ашки чашмонам ҷорӣ мегардад. Ба марги ӯ ҳеҷ боварам намеояд. Шояд сабабаш дар он бошад, ки ӯ нохосту ногаҳонӣ ин олами рангину сабзу хуррамро ба таври ҳамешагӣ падруд гуфт. Ҳоло ҳам гумон мекунам, ки рӯзе бо чеҳраи хандон ба хона меояд, духтарчаи ягонааш Фараҳнозро ба оғӯш мегираду бо суханони лутфомез ва ҳазлу шухиҳои зарифаш бори вазнини ғаму андӯҳро аз души мо мебардорад, вале ҳайҳот, он роҳ бебозгашт аст…

Рӯзгор фоҷиаи гаронеро бар сари аҳли оилаамон овард. Марги нобаҳангоми ӯ маънии зиндагиро аз мо гирифт. Таҳаммули ин дарди ҷонсӯз басо сангину миёншикан аст. Охир, ӯ хеле ҷавон буду барои роҳи худро дар зиндагӣ дарёфтан ба таври хастанопазир пайваста ҷаҳду талош меварзид… Ин нафар бародарам Манучеҳр аст, ки барои ҳамешагӣ моро тарк кард.

Бародарам Манучеҳр Бобоев 3-юми марти чоли 1993 дар деҳаи зебоманзари Шаҳрибарбари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз даврони кӯдакию наврасӣ ба атроф ба ҳисси кунҷковию таваҷҷуҳ назар мекард. Вақте ба мактаб қадам гузошт, дар муддати хеле кӯтоҳ хату савод баровард ва бо ин хусусияташ аз ҳамсинфонаш фарқ мекард. Ҳангоми таҳсил дар мактаб бо истеъдоди баланди фавқулодааш ҳамаро дар ҳайрат мегузошт. Дилбастаи шеър буду ашъори шоирони классику муосир пайваста мутолеа мекард. Байту ғазал, рубоию дубайтӣ ва қитъаву таронаҳои лирикии зиёдро аз ёд медонист. Баъди итмоми синфи нуҳум бо дастури падарам барои идомаи таҳсил ба Мактаб-интернати Саричашма рафта, он ҷо низ бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ маҳбуби дили ҳамсинфону устодон гардид. Ёдам ҳаст, ки ҳангоми дар синфи даҳум таҳсил намуданаш устодонашро ба меҳмонӣ даъват намуда буд.

Таклифи ӯро пазируфтаву меҳмони хонадони мо гаштаанд. Онҳо назди падарам аз қобилияти баланду хислатҳои неки бародарам сухан мегуфтанду аз хушҳолӣ сарам ба осмон мерасид, ки чунин бародари баору номус ва нексиришт дорам.

Баъди номаи камолро гирифтан соли 2011 бародарам ҳуҷҷатҳояшро ба Доншгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба факултаи молиявию иқтисодӣ, ихтисоси фаъолияти бонкӣ супорида, сазовори номи баланди донишҷӯ гардид. Соли 2015 зинаи бакалаврро хатм карда, дар зинаи магистратураи донишгоҳи зикргардида ба факултаи молиявию иқтисодӣ, аз рӯйи ихтисоси иқтисод ва идора дар корхона ба таҳсил пардохт. Ҳангоми дар шуъбаи магистратура таҳсил намуданаш, ҳамзамон ба сифати ассистенти кафедраи молия ва қарз ба кор оғоз карда, ба донишҷӯйён дарс медод ва роҳбарии гурӯҳеро низ бар ӯҳда дошт. Баъд аз итмоми шуъбаи магистратура дар ҳамин кафедра корро идома дод.

Ҳангоми дар курси дуюми магистратура таҳсил намуданаш ман ҳам донишҷӯ гардидам. Дар моҳи октябри ҳамон сол бародарам оиладор шуданд ва ман ҳамроҳи бародарам ва ҳамсараш якҷоя зиндагӣ мекардем. Ӯ ба ман раҳнамову муттако гардида буд. Ҳамеша аз раванди омӯзишу таҳсилам огоҳ буду дар лаҳзаҳои душвор ғамхору мададгор. Чи дар хона, чи дар ҷойи кор ҳамеша кушодачеҳра буду бо ҳама муносибати самимонаву дӯстона дошт ва ҳаргиз кинаву кудуратро дар дил ҷой намедод.

Бародарам бо муомилаю муносибати неку самимӣ ва хайрхоҳона, сухану каломи нарму латифи худ, хоксориву фурутанӣ ва дили поку дарёяш байни ҳама маҳбубияти хосса дошт.

Борҳо шоҳиди он гаштаам, ки шогирдоне, ки роҳбарии гурӯҳи онҳоро ба уҳда дошт, баъди дарс ба хона омада, ӯро ба ҳолаш намегузоштанд, ба мошин савор карда ба тамошои мусобиқаи футболбозӣ мебурданд ва ё ба сайру тамошои шаҳр. Аз худ мепурсидам, ки ин қадар маҳбубиятро бародарам чӣ гуна дарёфтааст? Баъдтар, посухи инро ёфтам. Вай чун шахси хоксору ҳалим, хирадманду оқил, устоди сахтгиру меҳрубон бо меҳнатдӯстӣ, хушзабонӣ ва софдилӣ дар дили ҳар як шогирд тухми меҳру муҳаббат кошта будааст, ки сазовори ин ҳама эҳтирому самимият гардидааст. Шогирдонаш ӯро чун шахси меҳрубон, дилсузу ғамхор, инсони комил, софдилу поквиҷдон, бекинаву беғараз, дилкушод ва олиҳиммату босадоқат эҳтиром мекарданд. Имрӯз ҳам кори неку номи неки ӯро бо ифтиҳор ба забон меоранд.

Дар байни дӯстону ҳамкорон чароғе буданд, ки маҳфили дӯстонро мунаввар мегардонданд, ҳастиашон хуршедсон қалбҳоро нуру зиё ва гармию сафо мебахшид. Ҳарчанд имрӯз аз байни мо рафтааст, вале номи некаш, рафтору гуфтори наҷибонааш абадан дар қалби ёру дӯстон ва наздикону пайвандонаш боқӣ хоҳад монд…

Бародарам сиҳатманду тандуруст буд, вале ногаҳон дарди ниҳонӣ панҷа бар синаи ӯ зад. Ин дарди ногаҳонӣ дар муддати як сол чеҳраи ӯро зарду пайкарашро харобу наҳиф гардонид. Дар ин муддат борҳо ҳамроҳи падарам ба Душанбе рафта, дар беморхона табобат гирифта бармегашт. Падарам аз ӯ хоҳиш карданд, ки то беҳтар шудани вазъи саломатиаш рухсатӣ гирад, лекин бародарам: «Дар хона зиқ мешавам, байни шогирдону ҳамкорон будан беҳтар аст» — гӯён дар донишгоҳ ба дарс додан идома медод. Корро тарк накард, зеро дилаш ба ҳамкорону шогирдон ва донишгоҳ кашол буд. Баҳори 26-уми умрашро сипарӣ мекарду орзуву ниятҳои нек дар дил мепарварид. Бехабар аз ин ки дар хатти тақдири ӯ чӣ навишта шуда. Ва шояд аз пешомади қисмат огаҳӣ дошт, ки баъди вафоташ аз саҳифаи «Инстаграм»-и ӯ ин шеърро ёфтем, ки охирин навиштааш дар ин шабакаи иҷтимоӣ буд:

Оҳу дод аз зиндагӣ, умри

            ҷавонам меравад,

Бо ҳама ному нишон, ному

             нишонам меравад…

Дар ҳақиқат, ин ғазал, ки қироат кардани он бароям бе оби ҳасрат аз дида ҳаргиз муясар нагардидааст, гӯё маҳз барои ӯ эҷод шуда буд. Ҳоло дар мармари сиёҳфоми болои марқадаш байти охири ин ғазал ҳаккокӣ гардидааст:

Марги ман марги тани ман нест,

               аз думболи ман

Корвони орзуву ормонам меравад.

Дареғо, ки бародари азизам, моро хеле бармаҳал тарк гуфт. Дареғо, ки умеду орзуҳояш амалӣ нагардид. Дареғо, ки ӯ дигар чун гулҳои баҳорӣ аз замин сар барнамедорад ва дар ин лаҳзаҳои бисёр вазнин барои тасаллои дили мо падарам, ки ӯро бародарам ҳамеша «қиблагоҳ» хитоб мекард, ин байтро хотиррасон мекунад:

Ҳар кӣ ояд бар ҷаҳон аҳли фано хоҳад буд,

Он кӣ пояндаву боқист, Худо хоҳад буд.

Ба ҷойи охирсухан: Инак ду сол аз он рӯзи сарди зимистон, ки бародарамро аз мо Худо сохт, сипарӣ мегардад. Бароям навиштани ин сатрҳо осон набуд. Борҳо қалам ба даст гирифтам, хостам чизе нависам, вале пайкарам ба дард меомаду ҷуръат намекардам. Тасмим гирифтам, ки бо ҳар заҳмату душворӣ ҳам бошад, аз ӯ ёд кунам. Барои навиштани ҳар як ҳарф, ҳар як калима қалбам ба сӯзиш меомаду тавони идома доданашро надоштам, лекин ба хотири ёдоварӣ аз бародари ба ҷон баробарам, бародари дар нимароҳи зиндагӣ аз парвозмондаам ин сатрҳоро рӯйи қоғаз овардам.

Ба ҳар баҳор барорад гуле зи бӯстон сар,

Гуле бирафт, ки н-ояд ба сад баҳори дигар.

Аз ин мусибати вазнин бо андӯҳи гарону қалби реш ва чашмони ашкполову нолаи ҳазин дасти дуо бардошта, аз Аллоҳ талаби онро дорем, ки хонаи охираташ ободу маъвояш биҳишти ҷовидон бошад.

Оминаи Холмурод,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment