Home ХАБАР АЗ БАРОИ КАЙК ПӮСТИНРО НАМЕСӮЗОНАНД!

АЗ БАРОИ КАЙК ПӮСТИНРО НАМЕСӮЗОНАНД!

by admin
314 views

Чанд рӯз пеш ба қалами рӯзноманигори рӯзномаи “Пайк” Худойдоди Ислом (ин нафар дӯсти ман аст) мақолае бо номи “ДАР ХОБГОҲИ ДДК ШАБОНА ЧӢ ҲОДИСА МЕГУЗАРАД?” дар саҳифаи фейсбукии рӯзнома нашр гардид, ки вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Мардуми оддӣ, ки аслан аз касбияти журналистика бехабаранд, ҳарфҳое гуфтанд, ки ҳиҷ ногуфтанӣ. Ман хаёл кардам, ки дар даврони ваҳшоният зиндагӣ дорем.

Ба назари банда мувофиқи МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (ш. Душанбе, 14 майи соли 2009) дар ин мақола бандҳои зерин вайрон шудаанд:

Бандҳои 1. Рисолати ВАО ва журналист

-Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд.

-ВАО ва журналистон бо ин усул обрӯ ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд.

  1. Сареҳияти ахбор

-ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд.

  1. Ақида, далел ва гумону тахмин

-ВАО ва журналист дар байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва гумону тахмин фарқ мегузоранд. Баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад.

  1. Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр

-ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ мегардад, худдорӣ кунанд. Дар нигоштаҳо ба фарҳанги ғайр эҳтиромро риоя кунанд.

-ВАО ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷаҳонбинӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро эҳтиром мекунанд.

  1. Эҳтироми ҳаёти шахсӣ

-ВАО ва журналист ба ҳаёти шахсии афрод эҳтиром мегузоранд. Интишори маълумот бояд бо иҷозати ашхос ва риояи маҳрамии аснод сурат гирад.

-Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, дар ВАО инъикос шуда метавонанд. Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, риоя шавад.

  1. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс

-Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст.

Инчунин, ба маводи нашршуда, пеш аз ҳама муаллиф масъул аст, ки онро бояд мӯшикофона баррасӣ намояд. Масалан, агар ноиби ректор чунин гуфтааст, вай сад фоиз ғалат карда, аммо шумо ки рӯзноманигоред ба хотири духтарони донишманду хушзеҳни тоҷик набояд онро расонаӣ мекардед. Дар урфият мегӯянд, ки “Ба хотири кайк пӯстинро намесӯзонанд”.

Ба ғайр аз ин, мутахассисони касбӣ ин мақоларо ғайриҳирфавӣ хондаанд. Масалан:

Ҳуриннисо Ализода, рӯзноманигори собиқадор.

Барои як ё ду духтари сабукпо, ки дар ҳама давру замон ва ҳама макон буданду ҳастанд, кӣ ба журналист ҳуқуқ додааст, ки ахлоқи ҳама духтарони донишҷӯро зери суол бибарад?

Оё ин муаллифи тезқалам ё ҳангомаҷӯ фикр намекунад, ки барои духтарон, хоса барои духтарони маҳал латма задан ба шаънашон чӣ паёмаде дорад?

Дар асри XXI ҳам бошем, шояд ҳамин як даҳсолаи охир масъалаи ба хондан рафтани духтарони минтақаи Кӯлоб ҳалли худро ёфтаву онҳоро барои гирифтани маълумоти олӣ иҷозат медиҳанд.

Ин «журналисти таҳқиқотҷӯ» масъалаи дигар наёфтааст, ки соати 12 аз паси кадом духтаре мепояду баъд ҳамаашонро «бо як дос дарав» мекунад? Оё намеандешад, ки ин қадар духтарони ДДК падару модар, хоҳару бародар ва хешу ақрабову ҳамсояву ҳамдеҳа доранд. Онҳо дар бораи ҳар яки инҳо чӣ фикр мекунанд?

Магар дигар ба онҳо бовар карда барои таҳсил иҷоза медиҳанд?

Чаро ин гуна масоили тақдирсозро бо чунин сабукфикрӣ расонаӣ мекунед?

Дуруст аст, ки ягон номи мушаххас несту касе наметавонад шуморо ба суд бидиҳад. Вале суди виҷдон дар қиболи бадномии кулли духтарони донишҷӯ чӣ?

Суолҳо хеле зиёданд, вале ахлоқи касбӣ иҷоза намедиҳад онҳоро ин ҷо гузорем.

Вале ҳамчунин матолиби шармандасози бедалел бояд аз саҳифа пок карда шавад. Андеша бояд!

Вазифаи журналист шарманда кардан нест. Ин кори ҷомеа аст, ки рафтори ғайриахлоқиро маҳкум кунад.

Ин масъаларо бод надиҳед, обрӯи духтарони хушодобро нигаҳ доред. Онҳо хеле зиёдтаранд аз чанд каҷрафтор.

Бобоҷон Шафеъ, рӯзноманигори таҷрибадор.

Дар ман ин сайт боз нашуд, агар дар газетаи «Пайк” чоп шуда бошад, ихлосам аз Аҳмади Иброҳим ҳам гашт. Ин чӣ касбият аст, ин чӣ бемаънигӣ? Ин чӣ арзёбист, ки як сабукпоро ба кулли духтарон нисбат медиҳанд? Пас, он падару модари деҳотӣ магар ҳаққи бадгумонӣ аз донишгоҳҳо надоранд? Айб аст ба журналист. Аслан ҳатто як нафар ҳам бошад бояд нанависӣ.

Маҳбуба Камолова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, рӯзноманигори таҷрибадор.

Ба фикрам сайди ин журналисти тезқалам барор нагирифтааст, ки чунин маводро омода кардааст.

Ҳар як нафар пеш аз навиштани чунин матлаб бояд фаромӯш насозад, ки ин духтар хоҳар ва духтари нафаре аст.

Ба ҷавонмард паст задани шаъну шарафи духтарон намезебад, махсусан ҷавонони Кӯлобҷон.

Бовар дорам, ки бародари мо Аҳмади Иброҳим намегузорад номи духтарон доғдор шавад.

Пеш аз расонаӣ кардани чунин мавод андеша бояд кард!

Саъдӣ Маҳдӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултаи журналистикаи ДМТ.

Ҳамзамон дар ин масъала ман фикри худро мегӯям, ки ҷонишини ректор оид ба тарбия дар маҷлиси дохилии Донишгоҳ масъалаҳои тарбиявӣ, ки бештар хусусияти шахсӣ (обрӯи духтар) доранд, матраҳ кардааст. Мухбири муҳтарам Худойдоди Ислом аз рӯи этикаи журналистӣ набояд ин масъалаҳоро расонаӣ — оммавӣ мекард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекард! Ин оқибати ногувор (барои духтар) дошта метавонад. Дӯсти ман Аҳмади Иброҳим — сармуҳаррир, ки масъалаҳои мазкурро аз ман хубтар мефаҳмад, дар маҷлиси дохилии редаксия ин масъаларо бинад, вале ҳаргиз онро оммавӣ накунад! Сипос!

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигор. 

Бале устод Саъдӣ Маҳдӣ, сад дар сад дуруст фармудед! Баъзе аз мардуми мо бе ин ҳам дар вақти келин кардан, «аз духтарони хондагӣ» ҳазар мекунанд! Ҳоло баъди чунин матлабҳо баъзе нофаҳмҳо дар бораи духтарони ин хобгоҳ чӣ фикр хоҳанд кард?

Афшин Муқим, рӯзноманигор, котиби матбуотии Кумитаи корҳои оид ба дин, анъана ва ҷашну маросимҳо.

Ончи ноиби ректор дар як ҷаласаи маҳдуд гуфтааст, ба падару модарон рабт дорад, аз ин рӯ, набояд расонаӣ мешуд. Ин гапе нест, ки ба умеди як матлаб ба иззати нафси донишҷӯдухтарон расем.

PS: Аз ин рӯ, аз дӯстам Худойдоди Ислом хоҳиш мекунам, ки ин андешаҳоро аввалан хуб ҳазм кунад, мақоларо покиза намояд ва аз духтарони хобгоҳ узр пурсад.

Дигар ягон гапи гуфтанӣ надорам. Қазоват ба худи журналист аст.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”

Related Articles

Leave a Comment