Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢНАЗАРПУРСИҲО ЧАРО ПУРГӮӢ ОБРӮЙИ ОДАМРО МЕРЕЗОНАД?

ЧАРО ПУРГӮӢ ОБРӮЙИ ОДАМРО МЕРЕЗОНАД?

by admin
852 views

Амали хеле бад ва нораво пургӯӣ мебошад. Касе, ки зиёд сухан мекунад, обрӯяшро аз даст медиҳад ва беиззат хоҳад шуд. Пургӯӣ амалест, ки ҳама онро маҳкум мекунад. Бузурге чунин гуфта:

Гуфтани бисёр на аз нағзӣ ҳаст,

Валвалаи табл зи бемағзӣ ҳаст.

Дар фолклор ҳам мегӯянд, ки: «Гапи бисёр як харро бор». Аз ин рӯ, хостем аз чанд соҳибназар ба саволи «Чаро пургӯӣ обрӯи одамро мерезонад?» пурсон шавем.

Файзуллохуҷа АМИРОВ, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва ОДҲ-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Ҳангоми гуфтор ҳамеша одоби сухан ронданро риоя бояд кард, зеро як ҳарфи беҷо метавонад мардро расво кунад, ё ин ки дӯстро душман гардонад. Бузургон шартҳои гуногуни одоби сухангӯиро баён кардаанд. Аввал ин ки кас фикр нокарда сухан нагӯяд. Дуюм, агар хоҳад, ки атрофиён қадри ӯро донанд, суханро ғаразнок нагӯяд. Сеюм, суханеро, ки атрофиён ба он таваҷҷӯҳ надоранд, нагӯяд. Чорум, сухани дигаронро набурад. Панҷум, аз ҳад зиёд сухан нагӯяд, зеро пур гуфтан нишонаи беақлист.

Бахтиёр НАЗАРОВ, ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Дар ҳадисе оварда шудааст, ки кам гуфтан, кам хуфтан ва кам хӯрдан яке аз амалҳои хуби инсон аст. Дар ҷомеаи мо баъзан шахсоне ҳастанд, ки онҳо ҳеҷ чизро намедонанд, аммо дар байни омма бисёр пургӯӣ карда, худро аз дигарон боло медонанду ҳавобаландӣ мекунанд, ки ин аз бесаводии худи онҳо далолат мекунад. Бо пургӯии худ ба дигарон роҳ нишон медиҳанд, аммо дар асл худашон рафтору кирдору муносибат мекунанд, ки ба ақли инсонӣ рост намеояд. Гуфтаашон ба кардаашон ҳеҷ мувофиқат намекунад, чунки ҳамаашон хушку холианд. Фақат вақти худро сарф мекунанду аз гуфтаи онҳо як зарра маънӣ гирифта намешавад. Пургӯӣ нафақат қадри инсонро паст мекунад, балки обрӯ, бузургию эътибор, ҳуввияти ӯро дар байни одамон аз байн мебарад.

Маҳмадсаид ҲАСАНОВ, ассистенти кафедраи фалсафаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

Пургуи хуб нест. Табиат саросар аз гуфтаҳо офарида шудааст, сабзиши инсон низ аз шунидаҳояш аст. Гуфторитабиат инсонро дилбазан накард, ҳамчуноне ки гуфтаи бузургон. Тамоми офаридаҳои Худованд ва дастовардҳои инсонӣ гӯё ҳастанд, онҳо фалсафаи гуфтори худро доранд. Шуури ҳуқуқии инсон агар дар шунидаҳо манфиат набинад, дарҳол ба инсон дарди сар диҳад ва инро ҳамагӣ дар зиндагӣ мушоҳида кардаем. Агар инсон ҳангоми гуфтор аз қолабҳои санъати сухан истифода барад, ҳеҷ гоҳ пургӯй нахоҳад шуд. Сухан бояд ба манофеи халқ гуфта шавад. Сухани боло зинати гуфтор аст, аз дил бархезад, ба дилҳо роҳ кушояд ва дар ҳама ҳолат шунавандаи худро пайдо кунад. Аммо сухани ёвагӯён истилоҳи пургӯиро тавлид кард ва инсон вазифадор шуд, ки шунидаҳояшро ба танзим дарорад. Аксари мардум барои дарёфти қимат шарҳи мани хештан мекунанд, аммо ин шуҳрат нафизояд, балки унвон диҳад «пургӯй» чунон ки Соиб гуфтааст:

Санои фазли худ гуфтан намезебад туро,

Соиб, чу зан пистони худ молад ҳузузи нафс кай ёбад.

Ҳайдар ҲАЙДАРОВ, мутахассиси шуъбаи идоракунии сифати тахсилоти ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Бузургони мо сухандону нуқтасанҷ буданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта маконе дорад. Сухани хуб, пурмуҳтаво ва муадабона дар ягон маврид обрӯи инсонро паст намекунад. Дар ҳаёти ҳаррӯза мо бо ашхосе вомехӯрем, ки суханҳои беҳадаф, ноҷо ва ҳарзагӯӣ мекунанд, ки тоқат карданашон сангин аст. Моро мебояд, ки дар дилхоҳ маврид суханҳои зебову рангин ва ширину гуворо гӯем, ки ҳеҷ гоҳ шаъну шараф ва обрӯи моро коста нагардонад.

Файзигул ЧИНОЕВА, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории назди ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Сухан бисёр дону андаке гӯй,

Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.

Пургӯӣ қадру қимати инсонро паст мекунаду обрӯю эътибори ӯро дар байни ҷомеа аз байн мебарад. Инсони комил суханро санҷидаю дониста мегӯяд. Дар педагогикаи халқ чунин омадааст: «Даҳони пӯшида ҳазор тилло», яъне аз сухани беҳуда хомӯш будан беҳтар аст.

Майсараи НАЗИРМАД, магистранти соли 2-юми факултаи омӯзгории ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Сухан дониста гӯй то дӯстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.

Маънии ин мисраъҳо чунин аст, ки бояд мо дар вақти сухан гуфтанамон боэҳтиёт муошират кунем ва дили касеро наранҷонем, чунки лаҳзаҳое мешаванд, ки одам асли воқеаро нафаҳмидаю насанҷида ба эҳсосот дода шуда, беандеша сухан мекунад, ки ин албатта ба одам зиён меоварад. Шахси пургап ҳамеша аз пушти забони худ суханҳои қабеҳ мешунавад.

Сайтоҷиддин САФАРОВ, ассистенти кафедраи илмҳои компютерии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Барои ҳар як инсон лозим ва зарур аст, ки забони худро аз ҳар сухане, ки дар он фоида нест нигоҳ дорад. Чун ҳар як сухане, ки аз забони инсон мебарояд, малоикаҳо онро дар номаи аъмолаш сабт мекунанд. Пас, вой бар ҳоли касе, ки ҳамеша забонаш машғул ба суханҳои бефоида аст ва ё ба ғайбати дигарон машғул аст. Пургӯӣ одати бади инсон аст. Ҳар як шахс бояд боэҳтиётона сухан гӯяд ва ҳар як сухани гуфтаи худро бо маврид ва дар ҷои зарурӣ гӯяд, чунки сухани зиёд қадри инсонро дар ҷомеа паст мекунад.

Гулҷаҳон АШРАПОВА, ассистенти кафедраи педагогикаи умумии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Гуфтани сухани ботамкин, нарм, мулоим барои ҳар шахс ҳунар аст. Метавонем бо як сухани беҷо одамонро ранҷонем. Барои ҳамин, бисёр гуфтан, ҳарзагӯӣ кардан ба фикри ман сифати пастарини одамизод аст. Бузургони гузаштаи мо таълим медоданд, ки аз ҳарзагӯӣ ва пургӯӣ дида кам гуфтан ва ё хомӯш мондан беҳтар аст, зеро пургӯӣ аломати беодобист. Ёдовар шудан лозим аст, ки Ҳилолӣ нодони хомӯшро аз донои пургап афзалтар мешуморад.

Басе беҳтар бувад нодони хомӯш,

Зи доное, ки дар гуфтан занад ҷӯш.

 Аз ин хотир, ман ҳамчун як фарди ҷамъият одамони пургӯ ва ҳарзагӯро дӯст намедорам.

Гулаҳмад ДАВЛАТОВ, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Ба фикри шахсии ман бисёр сухан гуфтан инсонро дар бисёр ҳолат аз ҷамъият дур месозад. Ба назари ман инсон бояд дар ҳама ҳолат фикрашро санҷида ва кам гӯяд. Бисёр сухан гуфтани инсон аз бедонишӣ ва камфарҳангии ӯ шаҳодат медиҳад.

Сафаралӣ ШАРИПОВ, ассистенти кафедраи физика ва математикаи таълимӣ ва технологияи тоза кардани металҳои ДДК ба номи А. Рудакӣ.

Зи ногуфтанӣ ҳарки бошад хамӯш,

Дилаш аз шунидан наёяд ба ҷӯш.

 Зи гуфтори беҳуда ҷуз ранҷ нест,

Чу хомӯшӣ андар ҷаҳон ганҷ нест.

 Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳими ҷозибаноки осори Саъдӣ дар тарзу усули муоширати офаридаи ӯст. Шайх Саъдӣ ба ин аркони гуфтор санъату маҳорати баланди суханофаринишро ба харҷ додааст. Ҳамчунин, образҳои офаридаи мутафаккир ба ҷуз одамӣ ҳайвоноту наботот низ ҳастанд, ки дар тимсоли инсон сухан мегӯяд ва пандпазиранд. Шайх Саъдӣ ҳарфи мутакаллимро бо аъмолу афъол ва сурату сираташ ба қиёс мегирад ва аз сухани ӯ дараҷа ва мартабаи ӯро муайян ва музайян месозад. Саъдӣ боби ҳаштуми китоби «Гулистон»-ро дар одоби муошират бахшидааст.

Суханро сар аст, эй хирадманду бун,

Маёвар сухан дар миёни сухан.

Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш,

Нагӯяд сухан, то набинад хамӯш

Қурбонбӣ ШОВАЛИЕВА, раиси кумитаи иттифоқи касабаи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб.

Ҳар як шахсе, ки сухан мегӯяд, бояд мавқеи сухангӯиро донад. Сухани ноҷо метавонад шахсро шармандаю шармсор созад. Сухан гуфтани бисёр дар ҷои чамъиятӣ ин ҳавобаландии шахсро нишон медиҳад. Дар вақти сухан гуфтан андеша кардан лозим аст.

Ғолиб ҶАЛИЛОВ, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

 Ба ақидаи ман ҳамчун як омӯзгори ҷавон пургӯӣ ё бисёр гуфтан ин аз рӯи одоби инсонӣ нест, чунки ин хислат яке аз хислатҳои бадтарини инсон ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҷавононе ҳастанд, ки ин хислати бадро дороянд, ки ин аз рӯи бесаводӣ, беақлӣ ва суст будани мафкураи онҳо дарак медиҳад ва ин ҳам бошад, албатта бар зарари худи онҳост. Ҷавонони даврони истиқлолро зарур аст, ки ҳамеша дар талоши илмомӯзӣ бошанду аз чунин хислатҳои бад даст кашанд.

Таҳияи Самариддин НАБИЗОД, Гулафзои ДАВЛАТ

Related Articles

Leave a Comment