Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢНАЗАРПУРСИҲО ИНСОН ЧӢ ГУНА СОҲИБИ НОМИ НЕК ШУДА МЕТАВОНАД?

ИНСОН ЧӢ ГУНА СОҲИБИ НОМИ НЕК ШУДА МЕТАВОНАД?

by admin
462 views

Дар олам зиёда аз 7 миллиард одам зиндагӣ мекунад, ки онҳо бо рафтор,  хислат, гуфтор ва муносибат аз ҳам фарқ доранд. Инсонҳое, ки номҳояшон дар таърих ба некӣ мемонад, хеле каманд. Ҳатто дар дунё одамоне низ ҳастанд, ки то дами марг касе онҳоро намешиносад. Вазифаи асосӣ ва заминии инсон низ дар он аст, ки номи худро ба некӣ нигоҳ дорад ва баъди марг низ ӯро ба некӣ ёд кунанд. Ҳатто дубайтие низ дар ин бобат ҳаст:

Ин модари даҳр оқилон кам зояд,

Ҳар лаҳза шумори нокасон афзояд.

Аз ҷумлаи Фирдавсӣ кам ояд ба ҷаҳон,

Аз ҷумлаи Маҳмуд ҳазорон ояд.

Аз ин хотир, хабарнигори рӯзнома хост, ки оид ба ин мавзӯъ бо омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба саволи «Инсон чӣ гуна соҳиби номи нек шуда метавонад?» пурсон шавад.

Зарторбӣ ТАБАРОВА, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ.

Шахсияти ҳар як одам зери таъсири омилҳо ташаккул меёбад. Омилҳое, ки ин шахсро фаро гирифтааст. Ҳангоме, ки муҳит солим бошад, одам хуб ва ҳамаҷониба ташаккул меёбад. Хушбахтона, имрӯз бо шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин гуна шароит шахсияти инсон ҳамаҷониба инкишоф ва рушд меёбад. Ҳар як шахс метавонад тавассути корҳои наҷибе, ки барои рушди ҷомеа манфиатовар аст, номи худро ба некӣ боқӣ гузорад ва байни мардум эътибор пайдо карда бошад. Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсии бузургвор, Саъдии Шерозӣ, Садриддин Айнӣ ва даҳҳо шахсиятҳои баруманд дар чунин шароити худ тавонистанд, ки номи худро ба некӣ ба пешиниён боқӣ гузоранд. Ҳар кадоми онҳо дар ҳаёт ва фаъолияти худ заҳмати зиёд кашидаанд ва барои миллату халқи худ хизмати шоистае кардаанд. Аз осори онҳо на танҳо мо, балки ҷаҳон истифода мебарад. Пас, барои чӣ имрӯз шахсиятҳое, ки соҳиби обрӯ ҳастанд, натавонанд, ки бо корҳои наҷиби худ нақше гузоранд? Албатта метавонанд. Имрӯз мо бо шахсияти аҳамияти  байналмилалидошта, яъне Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки дар ташаккул ёфтани ин шахси бузург худаш чӣ заҳматҳо кашидааст. Пас, барои чӣ мо омӯзгорон ва ҷавонон пайрави ӯ набошем? Номи худро бо корҳои наҷиб боқӣ гузоштан мумкин аст. Мо омӯзгорон бо тарбияи дуруст ва пешбурди илму маориф метавонем, ки  шахсияти  худро  байни ҷомеа нигаҳ дорем.

Неъмат КУГАНОВ, мудири кафедраи молия ва бонкдорӣ.

Дар ҷомеаи имрӯза чунон ки аз гузаштагон маълум аст, барои ҷамъият кореро ба анҷом расонидан лозим аст, ки дар оянда ҳамчун як шахси зинда боқӣ монӣ. Ихтирои ягон техникаи нав, кори ба оянда манфиатовар ва ғайра. Омӯзгор агар олими забардаст шавад, номаш дар оянда боқӣ мемонад. Бисёр омӯзгоронеро медонам, ки агар онҳо маро дарс надода бошанд ҳам онҳоро мешиносам ва номашон то имрӯз боқист. Монанди Раҳмон Шариф, Исматуллоев, Раҳмат Акбаров ва дигарон.

Қурбонбӣ  ДАМИНОВА, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ.

Гап дар сари он нест, ки шахситятҳои бузург айни ҳол нестанд. Пеш аз мо ҳам будаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Онҳо бо накукорӣ номҳои худро дар таърих гузоштаанд. Қаҳромонӣ кардан ҳам дар таърих мемонад. Дар сурати хубӣ кардан, некӣ кардан, дасти як одами камбағалро гирифтан алаккай заминаест барои номро нигоҳ доштан. Лоҳутӣ хеле хуб фармуда:

Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,

К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ.

Аз ин шеър бар меояд, ки ҳар як шахс бояд фикр кунад, ки имрӯз чӣ кори хуб кардааст. Одамоне ҳастанд, ки корҳои нек мекунанд ва номашон ба некӣ ёд мешавад. Масалан, шодравон Раҳмат Акбаров устоди ҳамин донишгоҳро бубинед, ки ӯ имрӯз дар байни мо набошад ҳам, аммо суханҳои  пандомӯзаш  бо мост, китобҳои имлмиаш бо донишҷӯёну омӯзгорон ҳамсафаранд. Гарчанде ки вуҷуди ӯ бо мо нест, аммо суханҳои ӯ, насиҳатҳои ӯ, умуман ҳамаи чизҳои ӯ бо мост. Рӯзе нест, ки мо дар кафедра суханҳои ӯро ёд накунем. Шодравон Абдулвоҳидов ҳам аз зумраи чунин шахсиятҳо буд. Инсони поктинат будаанд. Устод Абдуловоҳидов хоксор буд ва кӯшиш мекард, ки кӯмакаш ба ҳар як корманди донишгоҳ расад. Ҳамаи инҳо дар хотироти мо нақш мебанданд. Онҳо шахсиятҳои бузурге буданд, ки аз худашон номи некро боқӣ гузоштанд.

Миралӣ ДАВЛАТОВ, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус.

Зинда нигоҳ доштани шахсияти ҳар як фард дар дасти худи ӯст. Якчанд роҳу усулҳо оид ба зинда нигоҳ доштани шахсият низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, боварӣ ба худ, бештар некӣ кардан, таҳаммулпазирӣ, истеъдодро сайқал додан, фурувватро(ҷавонмардӣ) дар худ таҷассум намудан, далерӣ ва ҷасурӣ, нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, истиқлолхоҳӣ, донишандӯзӣ, қавлу амал, илму амал ва чунон ки Бадриддин Ҳилолӣ фармудааст:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ва он илме ки омӯхтаӣ, онро бояд ба дигарон дод. Инчунин, агар омӯзгоре, ки воқеан дарси хуб диҳад, як дарси ӯ баробари як асари бадеист. Аз ин рӯ, бо дарсҳои муассир метавонад шогирдонашро ба шахсият мубаддал намояд ва тавассути онҳо номи худро ба некӣ ба ёдгор гузорад. Як сухан аст, ки омӯзгори бадбахт ҳамонест, ки шогирдаш то ба охир шогирд бимонад, яъне рушду такомул наёбад. Бинобар ин, мо бояд коре кунем, ки шогирдамон устод шавад, зеро шогирди донишманд номбардори устоди хеш аст.

Муҳаммадҷони АБДУЛВОҲИД, ёвари ректор.

Таърихи гузаштаи башарият осмони паҳновареро мемонад, ки дар он ситорагони дурахшон бешуморанд ва бо бузургиву дурахшандагии худ диққати ҳар шахсро беихтиёр ҷалб мекунанд. Ин ситорагони дурахшанда, нафароне мебошанд, ки бо ақлу хирад, фазилату дониш ва бузургиву меҳанпарастӣ мақому манзалати хосаро соҳиб гардида, дар хотираи дигарон то абад номи худро ба некӣ ба ёдгор гузоштаанд. Аммо дар қатори онҳо таърих борҳо гувоҳи харобкориву даҳшатафканӣ ва бераҳмиву бешафқатии ашхоси манфур гардидааст. Барои он ки номи шахс зинда бимонад, зарур аст, ки андешаву амали нек дошта бошад ва бо рафтори ҳамида дар дили инсонҳо ҷой гирад. Инсон бояд барои пешбурди ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Маҳз ин амалҳо боис мегардад, ки шахсро ба некӣ ном баранд. Тавре ки устоди сухан Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.

Сафар БОБОЕВ, декани факултаи химия, биология ва геграфия.

Бузуге чунин гуфтааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Ба ақидаи ман дар соҳаи маориф шахсияти худро зинда нигаҳ доштан ин аз рӯи навоварии илм, ихтироъ, навиш-тани китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ имкон дорад. Фақат як ихтироъ ва ё офаридани як асар, ки ба донишҷӯ ва ё мардум хизмат мекунад, метавонад номро ба некӣ зинда нигоҳ дорад. Бузургон хеле хуб гуфтаанд:

Зиндаву ҷовид бод, ҳар ки накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Файзиддин ДАВЛАТОВ, мудири кафедраи методикаи  таълими  забонҳои хориҷӣ.

Инсоне, ки дар оянда номи худро зинда нигоҳ доштан мехоҳад, бояд китобҳои хуб нависад ва ба мардум онҳоро паҳн намояд. Китобе, ки мемонад, баъд аз сари муаллиф онро истифода мебаранд ва ба дигарон онро ташвиқу тарғиб менамоянд. Ба монанди Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ ва монанди инҳо.

Таҳияи

Алишери АБДУЛМАҶИД

Related Articles

Leave a Comment