Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ЯК ҲИКОЯТ

ЯК ҲИКОЯТ

by admin
128 views

Замоне як марди сарватмнд буд. Ӯ духтари хушгил ва қадрасе дошт ва мехост бидонад, ки оё ҷавонон духтаршро дӯст дошта, ба ӯ хонадор шудан мехоҳанд ё барои сарвати падараш хонадор шуданианд?

Бо ҳамин мақсад ӯ ҷавононро ба назди ҳавзе гирд оварда, эълон менамояд, ки ҳар нафаре, ки ҳавзро шино карда гузарад, худаш метавонад интихоб кунад, ё аз се як ҳиссаи сарватам ё духтарамро, вале дар ёд дошта бошед, ки дар ҳавз тимсоҳҳои гурӯсна ҳастанд. Мард суханонашро то охир нарасонда буд, ки яке аз ҷавон ба об ҷаҳид. Марди сарватманд аз иродаи қавии ҷавон дар ҳайрат афтод. Тимсоҳҳо таъқибаш мекарданд, ниҳоят то ба ӯ расидани тимсоҳҳо ба соҳил баромад.

Марди сарватманд аз ҷавон пурсид, ки оё як ҳиссаи сарватамро мегирӣ? Ҷавон «не» гуфт. Марди сарватманд боз аз ҷавон пурсид: «Оё шавҳари духтари ман шудан мехоҳӣ?» Ҷавон ҷавоби аввалашро такрор кард: «Не» «Пас ту чи мехоҳӣ?», — пурсид сарватманд.

«Ман ҳамон нафареро мехоҳам биёбам, ки маро ба ҳавз тела дод», -посух дод ҷавон.

Одинашо РАШИДЗОДА,

донишҷӯи соли 2-юми

факултети молиявию иқтисодӣ

Related Articles

Leave a Comment