Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН

by admin
275 views

Навқалам

Тоҷикистон, Тоҷикистон,       

Тоҷикистон беҳтар аз ҷон.

Ҳар гуле дорад гулафшон,

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Беҳтарин аст Тоҷикистон,

Кишвари ҷон, кишвари ҷон.

Дорамат дӯст беҳтар аз ҷон,

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Кишвари мост Тоҷикистон,

Ваҳдати мост Тоҷикистон.

Меҳр дорад дар дили мо,

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Сулҳ дорад Тоҷикистон,

Шукр кунам аз дилу ҷон.

Неъмате дорад бароям,

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Мешукуфад сол то сол,

Миллати ман, кишвари ман.

То абад бошӣ ту ҷовид,

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Исмоил БОЗОРЗОДА,

донишҷӯи соли 1-уми факултети

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment