Home СИЁСАТИСТИҚЛОЛИЯТ ҶАВОНОН-ҚУВВАИ БУЗУРГ

ҶАВОНОН-ҚУВВАИ БУЗУРГ

by admin
137 views

 

Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна тағйироту табаддулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек дар кишвар ҳастанд. Бинобар ин, таърихи инсоният гувоҳ аст, ки ҷавонон нерӯи созандаи бузург ҳастанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста изҳор медоранд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошанд. Қадамҳои аввал дар роҳи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13-уми марти соли 1992 гузошта шуд. Яъне, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоқикистон ва ҳимояи марзу буми он қарзи фарзандии ҳар як ҷавони хуштолеи замони истиқлол аст, зеро ҷавонон қувваи бузурганд вар ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон худ давлати ҷавон аст, аксари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлатанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз менамоянд, ки имрӯзҳо ҷавонон дар рушди бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа сарвати асосӣ ва афзалиятнок ба шумор мераванд. Мутаносибан ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Бо мақсади ҷалби насли ҷавон ба фаъолияти сиёсӣ ва беҳтар гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар аз 17-уми марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини Пешвои миллат (он вакт раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони кишвар баргузор гардид. Ин ҳамоши дар шароите баргузор гардид, ки сохторҳои идоракнии давлатӣ ташаккул ёфт ва мамлакат дар оғӯши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт.

Имрӯзҳо Тоҷикистон ба як гӯшае табдил ёфтааст, ки кӯҳҳои сарбафалак, чашмаҳои обшораш даққати тамоми сайёҳони дохилу хориҷи кишварро ба худ ҷалб менамояд. Ин ҳама бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷавонон зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар пешрафту созандагии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро гузорем, зеро Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳои мухталифи кишвар такя ба ҷавонон доранд.

Дар яке аз баромадашон муҳтарам Пешвои миллат қайд намуданд, ки ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Хулоса, имрӯз барои дар тамоми қисмҳои низомии мамлакат ҷиҳати адои хизмати Ватан-Модар барои наваскарон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷавонони ватан талаб карда мешавад, ки бо сари баланд ва рӯҳи шикастнопазир хизмати Модар-Ватанро адо намоянд. Бе шак ин қарзи фарзандии ҳар яки мост. Ҳамзамон, ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангӣ ва қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва тақдири ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Сабрина ШАРИПОВА, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи хориҷӣ

Related Articles

Leave a Comment