Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ФАРҲАНГРО ҲИФЗ БОЯД КАРД!

ФАРҲАНГРО ҲИФЗ БОЯД КАРД!

by admin
191 views

Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Мардуми тоҷик дар замони муосир қонунеро, ки «Дар бораи танзиму анана ва ҷашну маросимҳо» унвон гирифтааст, барои рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ ва пешбурди сатҳи зиндагии хеш қабул шуда, бо устувор ва ихтиёран итоташ менамоянд.

Қонунгузории муосири кишвар бо қабули чунин як қонуни аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи моҳият демокративу дунявӣ дар ҷодаи ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, инчунин, дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ раванди тоза пайдо кард. Миллати сарбаланду ваҳдатдӯст ва фарҳангпарасти тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд. Шаҳрвандони ин сарзамини фарҳангдӯсту адабпарвар маросиму оинҳояшонро на танҳо ҳифз кардаву гиромӣ доштаанд, балки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ ба онҳо мазмуни нав ва сифатҳои башардӯстона зам намуда, беҳтаринашонро то даврони мо ба мерос гузоштаанд, ки нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад.

Баъди ба даст овардани истиқлолият ва озодӣ халқи мо ҳимояи ин мероси миллиро яке аз вазифаҳои муҳими худ эътироф карда, ба фарҳанги миллӣ, суннату анъанаҳо ва ҷашну оинҳои мардумӣ умри дубора бахшид. Дар ин замина, мо истиқлолияти давлатиро ҳамчун рамзи озодиву соҳибихтиёрии кишварамон ба муқаддастарин ҷашни сиёсиву фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллиамон табдил додем. Ҳамзамон бо ин, як силсила ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Садаро эҳё намуда, идҳои Рамазону Қурбонро расман ба фазои фарҳангии мамлакат ворид намудем, таҷлили идҳои соҳавӣ ва касбиро дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монда, дар кишвар низоми ягонаи гузарондани ҷашну идҳои милливу диниро ба расмият даровардем.

Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд.

Чунин вазъ Ҳукумат ва хусусан сарвари давлатро дар канор нагузош ва водор сохт, ки аз ташаббуси қонунгузории истифода намуда, қонунеро, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат намояд, таҳия ва пешниҳод кунанд.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард.

Пос доштани арзишҳои миллӣ ва решаҳои таърихии онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин тадбирҳое ба шумор меравад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ба ин васила метавонанд худро аз паёмадҳои номатлуб ва таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла таҳмили унсурҳои фарҳангу мазҳаби бегона ҳифз кунанд, яъне амнияти фарҳангӣ ва пешрафти мустақилонаи хешро таъмин намоянд.

Ҷамшед БОБОХОНОВ,

ассистенти кафедраи илмҳои компютерӣ

 

Related Articles

Leave a Comment