Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҶАВОНОН МАСУНИЯТИ МИЛЛАТАНД

ҶАВОНОН МАСУНИЯТИ МИЛЛАТАНД

by admin
123 views
Миллат маҷмӯи фардҳоест, ки бо ҳам тавассути худшиносии миллӣ, пайдоиши умумӣ, забон, эътиқоди динӣ, ахлоқ, расму оин, таърихи гузашта ва якдилию ҳамрайъии иҷтимоию сиёсӣ пайвастаанд. Мафҳуми “миллат” ва “халқ” дар аксар сарчашмаҳо ҳаммаъно арзёбӣ гардидаанд.
Аз нигоҳи сиёсӣ бошад, зери мафҳуми “миллат” аҳолии кишвари алоҳидаро мефаҳманд. Давлат бошад, бе миллат вуҷуд дошта наметавонад.
Пас, метавон ба хулосае омад, ки миллатро метавон ба организми зиндае ба монанди одам шабоҳат дод, ки метавонад дар муддати кӯтоҳтарин дар сурати надоштани масунияти қавӣ ва ё механизми ҳимоякунандаи масуният ҳалок шавад.
Аз ин лиҳоз, миллат низ бояд дорои масунияти қавӣ бошад. Дар сурати соҳиби масунияти заиф будан ва ё чӣ тавре қайд кардем, надоштани механизми ҳимоякунандаи масуният миллат метавонад ҳар лаҳза гирифтори сироят гардида, бемор шавад. Бемории масуният бошад, табобатнашаванда аст. Маҳз ҳамон масунияте, ки бояд миллатро аз сирояти бемориҳо ва вирусҳо ба монанди: ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, бегонапарастӣ, ҷаҳлу бесаводӣ, бекорӣ, гумроҳӣ, пайравӣ аз хоинону душманони миллат ҳифз кунад, табобат кунад, ин бемориҳо ва вирусҳоро несту нобуд гардонад, то ки миллат дар оянда низ гирифтори инҳо нагардад – ҷавононанд. Ҷавонони оқилу доно, худогоҳу худшинос, аз нуқтаи назари сиёӣ зирак, ҷавононе, ки миссия (вазифа)-и худро дар назди миллату давлат медонанд, эътироф ва риоя мекунанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя намуда, дар Паёми худ қайд намуданд, ки “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.”
Инчунин Пешвои миллат аз ҷавонони кишвар ифтихор мекунанд: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.”
Ҷавонон дар кадом ҳолат метавонанд ҳамчун масунияти қавӣ миллатро аз таъсиру сирояти бемориҳо ва вирусҳои болозикр ҳифз карда, барои насли оянда солиму инкишофёфта ба мерос гузоранд? Дар он вақт, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дарк, қадршиносӣ ва дастгирию пайравӣ намоянд. Яъне, хусусан таҳо яке аз иқдомоти Пешвои миллатро пайравӣ кардан ва онро дар амал татбиқ намудан ҳатто кифоя аст, ки масунияти миллати мо қавӣ бошад ва ё осебпазири сирояти ҷаҳлу ифротгароӣ набошад. Ин ҳам бошад машғул шудан ба китобхонӣ. Ба китобхонӣ рӯй овардани ҷавонон беҳатрин ва муҳимтарин дорӯи зиддивирусӣ баҳри қавӣ кардани масунияти миллати мо маҳсуб меёбад. Пешвои миллат бошанд, ҳамчун табиби хирадманд барои таҳким бахшидан ва қавӣ гардонидани масунияти миллат ин дорӯро тавсия доданд. Зеро чи гунае, ки дар Паёмашон қайд карданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.”
Сухани Пешвои миллатро хулоса карда, бояд гуфт, ки дар шароити инқилоби техникӣ бе донистан ва истифода бурдани технологияҳои муосири иттилоотӣ ҳаёти инсониро дар маънои томаш тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яъне, тамоми миллату давлатҳо аз технологияҳои муосири иттилоотӣ истифода мебаранд. Тоҷикистон ҳам дар қатори дигар кишварҳои дунё аз технологияҳои муосири иттилоотӣ самаранок истифода мебарад. Аммо, мутаассифона хоинону муғризон, душманону бадбинони миллату давлати мо низ барои расидан ба ҳадафҳо ва нақшаҳои нопокашон бо ёрии технологияҳои муосири иттилоотӣ, хусуан тавассути шабакаҳо иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба тарғибу ташвиқи ҳамон ҳадафҳо ва нақшаҳои нопокашон машғул шуда, ҷавонони ҷоҳилу нодон, ноогоҳу сустиродаро гумроҳ месозанд. Онҳоро тавассути ақидаҳои шабеҳи коронавирусашон сироят намуда, ба масунияти миллати мо сироят мекунанд.
Вазъи геополитикии ҷаҳон рӯз аз рӯз мураккабу тунд мегардад. Дар ин вазъияти мушкил барои давлату ҳукумати мо нигоҳдории низоми давлатдорӣ, рушду инкишофи иқтисоди кишвар, таъмини хоҷагии халқ ба молу хизматҳо, қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ мушкил гардида истодааст. Ин равандҳо ба амнияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ ба амнияти миллӣ таҳдиду хатарҳои зиёдеро пеш меорад. Дар ин радиф метавон суханони Пешвои миллатро асос овард, ки дар Паёмашон ба тамоми миллат ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта таъкид намуданд: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.”
Ҳамин тариқ, мо ҷавонон дар назди миллату давлат дар ҳоли ҳозир ва дар ояндаи дур ҳамчун масунияти миллат вазифадорем, ки қавӣ бошем, ба китобхонӣ, илмомӯзӣ, қадршиносӣ, пайрвӣ ва ҳифзи расму оинҳо ва ананаҳои миллӣ пардохта, насиҳатҳо ва суханҳои падари хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар муқобили ҳама гуна вирусҳо ва беморишои сироятӣ аз қабили: ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, бегонапарастӣ, ҷаҳлу бесаводӣ, бекорӣ, гумроҳӣ, пайравӣ аз хоинону душманони миллат муборизаи шадид бурда, нагузорем, ки миллати мо бемор шавад. Чун ки сироятёбии миллат аз дилхоҳ вирус ва бемориҳои сироятии номбаршуда, дар муддати кӯтоҳтарин метавонад ояндаи мавҷудияти миллати моро дар таърих зери суол қарор диҳад.
Абдухолиқ ФАТҲУЛЛОЗОДА, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент, декани факулети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment