Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ХИРАД ГАР РАҲНАМО ГАРДАД…

ХИРАД ГАР РАҲНАМО ГАРДАД…

by admin
212 views

Байни мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, мамлакатҳои мусулмонӣ рӯз аз рӯз робитаҳои гуногуни судманд густариш меёбад. Рафтуомад, алоқаҳои тарафайн ва муносибатҳои фарҳангии байни кишварҳои исломӣ торафт авҷ мегирад, ки ин зарурати замони муосир аст. Ба ин васила аз як тараф муносибатҳои фарҳангию иқтисодӣ беҳтар шавад, аз тарафи дигар, дӯстии байни миллатҳои мухталифи кишварҳои гуногун мустаҳкамтар мегардад.

Баробари ҷиҳатҳои мусбӣ, мутаассифона, баъзе ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки онҳо ба зуҳури ихтилофоти фикрӣ ва ақидатӣ боис мешаванд. Ҳар як фард, хосатан, ҷавонон-донишҷӯёнро, ки онҳо дар ояндаҳои наздик омӯзгор мешаванд, зарур аст, ки тавассути ақлу дониш ва хиради солим амал намуда, некро аз бад ҷудо карда тавонад ва бо роҳандозӣ намудани ақли солим дар ҷомеа таҳсил, кор ва зиндагӣ намоянд. Дар шебу фарозҳои зиндагӣ қадами устувор гузошта, ба гаравидан ба ақидаҳои номатлуб роҳ надода, худро дар ҷодаи зиндагӣ аз ҳар ҷиҳат омода намоянд ва ҳар гуна ақоиди беасос ва авомфиребонаро тавассути донишу ақли расо пушти сар гузоранд. Гузашта аз ин, ҷаҳд бар он намоянд, ки наслҳои наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносӣ, худогоҳию ифтихори миллӣ ва доро будан ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ таълим додаву тарбия намуда, онҳоро дар ҳақиқат ҳамчун ворисони арзандаи наслҳои калонсол ба воя расонанд.

Пешрафт, тараққӣ ва рушду нумӯи ҳар як давлат ба худогоҳию худшиносӣ ва ватандӯстию ватанпарварӣ ва бедории сиёсии шаҳрвандони он, бахусус, ҷавонон, ки ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи миллатанд, вобастагии қавӣ дорад. Худогоҳию худшиносӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ омилҳои меҳварӣ ва калидии давлатсозӣ буда, бардавомию абадияти онро таъмин намуда, дар ободгардонию созандагӣ ва рушду нумӯи бемайлони он нақши муҳим мебозад. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастаи ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар ҳар як баромаду вохӯриҳо ва Паёмҳои ҳамасолаашон таъкид намуда, наврасону ҷавонон ва умуман кули шаҳрвандони кишварро ба ҳушёрию бедории сиёсӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, ободгароиву созандагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват менамояд.

Кам нестанд ҷавононе, ки имрӯзҳо ба таълим гирифтану тарбияи хуб дидан чандон диққат намедиҳанд ва тадриҷан аз одобу ахлоқ ва илму дониш дар канор монда, ба кору амалҳои ношоям даст мезадагӣ мешаванд.

Ва ҳеҷ ҷои пӯшида нест, ки баъзе ҷавонони камхирад ва аз донишу фарҳанг дурмонда зуд ба доми ифритиён афтода, ба ҳаракатҳои ифротгароию моҷароҷӯӣ шомил мегарданд, ҷони худ ва ҷони ҳазорони дигарро зери хатар мегузоранд. Ба пиндори мо, чунин нафарон аз камхирадию камсаводӣ ва тарбияи дуруст надидан ба ин қазия гирифтор гардида, ба шаъни падару модар, миллату ватани хеш иснод меоранд.

Ҷавонони даврони муосир бояд аз низову даргириҳои солҳои 90-уми қарни ХХ хулосаҳои даркорӣ бароранд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунанд, ки ин ҷангу ҷидоли рухдода, аслан, аз камсаводию камхирадӣ ва саросемагию гирифторӣ ба ташвиқу тарғиби ғаразноки гурӯҳе аз дасисабозону миёнаравҳои хориҷӣ ва ҷаҳду талошҳои ҷонҳавлонаи баъзе мансабпарастон сар зада, замоне рӯзгори миллати тоҷику тоҷикистониён ва осмони софу беғубори онро тираву тор сохта буданд ва қариб буд, ки Тоҷикистони азизи моро ба коми аҳримании худ фурӯ барад.

Шукри беҳад, ки ақлу заковати волои миллати бохираду дурандеши мо ғолиб омад, хусусан, тавассути ҷаҳду талошҳои беохиру қотеонаи Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарзаминамон роҳандозӣ ва корбандӣ гардид.

Терроризм ва экстремизм сарчашмаест барои заиф гардонидани ин ё он мамлакат ва сарсону бадбахт гардонидани аҳолии он. Пайомадҳои чунин вазъи ногуворро дар мисоли Сурия, Ироқ, Судон, Филиппин, Тунис ва Лубнону Афғонистон дидан мумкин аст.

Террористон ба олам даҳшат андохта, тавассути нафарони камхираду аз тарбия дурмонда мехоҳанд амалҳои зишту ноҷавонмардонаи худро амалӣ намоянд, вале дур нест, ки тири онҳо хок хӯрад, зеро кулли мардуми сайёра маҳкумгари мақсуди нопоки онҳост.

Сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин росто накӯ овардааст:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт.

Айни замон террористону экстремистони ифритсурат ҷавонони сустирода, гаправ, камсаводу камтарбиядидаро ба майдони набарди ноҳақ раҳнамун сохта, худ дар сари дастархони пурнозу неъмат нишаста, аз содагии онҳо лаззат мебаранд. Лаззат аз он мебаранд, ки дар байни онҳо ҷавонони сода кам нестанд ва фирефтаи ваъдаҳои осмонбӯси онҳо гардида, ба ватану модари худ хиёнат мекунанд ва ахиран, ба лаънати мардуми сайёра гирифтор гардида, мукофоти амали худ-маргро сазовор мегарданд.

Биёед, хирадро раҳнамои хеш намоем, сулҳу ваҳдат, ободонию созандагиро дар сиришти ҳар фарди кишвар, алалхусус, ҷавонон бедор намуда, донишу маҳорат ва ақлу фаросати хешро баҳри сарафрозии Ватани маҳбубамон роҳандозӣ созем. Сарзамине чун Тоҷикистон, ки чор фаслаш фасли файзу баракат, халқаш баору баномус ва меҳнатқарину бофарҳанг, мардумонаш сулҳдӯсту соҳиби Ҳукумати конститутсионист, баҳри пешравию рушд ҷадал бояд намуд. Кӯшиш баҳри ободонию шукуфоӣ намуд, то мамлакати тозаистиқлоли худро ба ҷаҳониён тавассути ақлу хиради воло, дониши пешрафтаи ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ муаррифӣ карда тавонем. Ин аст, қарзи фарзандии ҳар як инсони худшиносу худогоҳ, бахусус, ҷавонони баору номуси Тоҷикистони азизи мо.

 

Абдулҳамид Гулмирзоев, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ

Related Articles

Leave a Comment