Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ШАҲЛОИ ГУЛХОҶА ДУРӮҒ МЕГӮЯД, Ё БАҲРОМ АМОН?

ШАҲЛОИ ГУЛХОҶА ДУРӮҒ МЕГӮЯД, Ё БАҲРОМ АМОН?

by admin
203 views

Рӯзи 3-юми сентябр як хабар дар Радиои Озодӣ пахш гардид, ки ҳаммуассиси “Толибон” ва раиси сиёсии ин гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародарро бо як ҷумла “Ӯро як шахси нисбатан мӯътадил дар дохили ин гурӯҳи тундрав меноманд” таъриф кардааст. Аммо, имшаб вақте ки Телевизиони “TOLOnews”-ро тамошо мекардам, дар он ин гуна ҷумла набуд. Хабарҳоро нигоҳ кунед!

“TOLOnews”
«Хабаргузории “Рейтерс” ба нақл аз 3 манбаи огоҳ гузориш шуда, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсву раиси дафтари “Толибон” дар Қатар раҳбарии ҷадиди давлати Афғонистон ба душ хоҳад дошт.» (аз дақиқаи 7:27 то 7:39-ро нигоҳ кунед!)
“Радиои Озодӣ”
«Хабаргузории “Рейтерс” имрӯз бо такя ба чанд манбааш навишт, ки ҳаммуассиси “Толибон” ва раиси сиёсии ин гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар, ки ӮРО ЯК ШАХСИ НИСБАТАН МӮЪТАДИЛ ДАР ДОХИЛИ ИН ГУРӮҲИ ТУНДРАВ МЕНОМАНД (!!!), раҳбари ҳукумати нави Афғонистон хоҳад шуд.» (аз дақиқаи 3:58 то 4:14-ро нигоҳ кунед!)
Аз ин рӯ, аз масъулини Радиои Озодӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба ин се савол ҷавоб гӯед!
1. Ҷумлаи “Ӯро як шахси нисбатан мӯътадил дар дохили ин гурӯҳи тундрав меноманд”-ро аз куҷо гирифтед?
2. Чаро ин ҷумла дар хабари телевизиони “TOLOnews” нест?
3. Чаро телевизиони “TOLOnews” «ба нақл аз 3 манбаи огоҳ» мегӯяду Шумо «бо такя ба чанд манбааш» мегӯед?

Related Articles

Leave a Comment