Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ БА ИСТИҚЛОЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ БА ИСТИҚЛОЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

by admin
119 views
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон арзи ҳасти намуд, ки ҳануз дар асрҳои 9-10 бо номи давлати паҳнои Сомониён ва оғоз аз солҳои 20-уми асри ХХ бо номи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маъхазҳо ва ва солномаҳо ёд мешуд.
Маврид ба зикр аст, ки тайи 31 сол аст, ки Тоҷикистони азиз, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон сулҳ, оромӣ, дӯстиву ҳамдилӣ сол аз сол мустаҳкам шуда, эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қавитару афзунтар шуда истодааст. Ин ҳама натиҷаи сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнату заҳмати бунёдкоронаи халқи Тоҷикистон мебошад. Ин ҳолат ба як гурӯҳ хоинони давлату миллат писанд нест. Онҳо муваффақияти Тоҷикистонро дида наметавонанд. Бо ҳар гуна роҳу усулҳо барои муташаниҷ сохтани вазъи кишвари мо ҳаракат мекунанд. Онҳо бо ҳамин мақсад дар хориҷи кишвар якчанд созмону ҳаракатҳои экстремистию террористиро ташкил намудаанд. Яке аз онҳо Паймони миллӣ мебошад. Ин ташкилоти ифротӣ барои фаъолияти хоинонаи худ нисбат ба халқу давлати Тоҷикистон ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карда шудааст. Роҳбарон ва бисёре аз аъзои ин ҳизб дини муқаддаси Исломро ба худ ниқоб карда, дар қаламрави кишвар бисёр хунрезиҳо, одамкушиҳо бетартибиҳоро содир намудаанд. 9-уми сентябри соли 2018 роҳбари ҳизби экстремистию террористӣ Муҳиддин Кабирӣ, дар хориҷа баромад намуда, худро ҳамчун ҳимоятгари демократия, ғамхори халқи тоҷик нишон доданӣ шуд. Вале чеҳраи ҳақиқии ин хоини халқу миллат ва давлати тоҷикро мардум аллакай хуб фаҳмидааст. Мақсади онҳо, ки бо роҳи зӯроварӣ, куштору хунрезӣ давлати қонунии Тоҷикистонро барҳам дода, ба ҷойи ӯ давлати исломӣ ташкил додан мебошад. Халқи тоҷик, тамоми аҳолии кишвар ба чунин дассисаҳои душманон ҳеҷ гоҳ фирефта намешаванд. Мо ба Пешвои худ, ба давлати худ ҳамеша содиқ мемонем. Ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи Истиқлолият ва якпорчагии Ватани азизи худ-Тоҷикистон ҳамеша омода бошем. Доимо сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намоем.
Душманони миллати тоҷикро хобу қарору оромӣ нест… Ин нотавонбинон бо -ғарази сиёҳи худ ҳеҷ натавонистанд воқеиятро қабул кунанд. Ба хости онҳо, ки қисме худро ДОИШ-ӣ мегӯяду қисме худро наҳзатӣ бояд дар Тоҷикистон мисли солҳои навадум ҳамеша беқонуниву бетартибӣ ва ҷангу низоъ ҳукмфармо бошад. Зеро волоияти қонун барои ин тоифаи хиёнатпешаи террорист баробар ба марг аст ва то ҷон доранд бар зидди волоияти қонун меҷанганд… Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳодисаи 16-уми сентябр бошад, деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулқанди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчи — қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз техникаи ҳарбӣ мавриди ҳуҷум қарор гирифтанд, ки, ҳатто, занону кӯдакон ҷони худро аз даст доданд.
Мутаассифона, қавми кӯчиеро дар қаламрави аҷдодиамон роҳ додем, ки на танҳо даъвои замин дорад, балки ба сӯямон метозад. Ҳар бор сари мизи музокирот менишинаду чанде нагузашта, худ пой болои ваъдаи додааш мегузорад, ки воқеан, акнун ҷойи ҳайрат ҳам нест. Зеро тавре бармеояд, на қавлро медонанду на расми қавл доданро.
Ҳамсояҳо бо истифода аз таҳаммули мо, даст аз озори тоҷику дасиса бофтан барнамедорад ва усули хосе ҳам доранд, ки бо пешхезӣ барои исботи «бегуноҳӣ» ба чор тарафи олам ҷор мезананд. Мо, мутаассифона, морро дар остин ҷой додаем, ки на «оши оштӣ»-ро мефаҳмаду на оини ҳамсоядориро. «Пирони батадбирашон» мӯйсафедони моро ба оғӯш мегиранду бо ҳамин гӯё созиш менамоянд, вале боз мебинӣ тайёраҳои бесарнишинашон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур мекунанду ҳамсояи «осоишта»-амон мошини ёрии таъҷилиро, ки захмиёнро наҷот медод, бомбаборон менамоянд. Ҳоло дар бораи аскарони шаҳидгаштаву модарону кӯдакони бесарпаноҳмонда чизе намегӯем.
Хуни хурдтарин шаҳидони мо – Имрону Асмоахон, ки ҳанӯз айёми кӯдакӣ меронданд, дар кӯҳу санги Чоркӯҳу Ворух нақш баста, ба дарозои таърих аз ҷабру зулми ҳамсояҳо қисса хоҳад кард. Дар мавриди куштори кӯдаки батни Садоқат Уктамзода ҳарфе намеёбам.
Метовон гуфт, ки миллати соҳибтамаддун ҳамагуна нобасомониҳоро метавонад аз дохили миллат ва сарзамин берун барад. Миллати номдор ё ин ки таҳҷоӣ дар ҳар сурат бояд дар гирду атрофи хеш дигар ақалиятҳо ва бошандагони Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ҳувияте барпо намояд, ки боиси рушду ифтхор гардад. Дар ин сурат ҳар гуна дахолати хориҷию мазҳабӣ динию ифротгароӣ наметавонад мақсадҳои ғаразнокеро дар кишвари мо амали гардонад. Итминон аст, ки миллати тоҷик чунин рисолатро дар саҳифаҳои минбаъдаи таърихи давлатдории соҳибистиқлоли хеш идома хоҳад дод.
Шералӣ ГАДОЕВ, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ

Related Articles

Leave a Comment