Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МАКТУБ БА МОДАРАМ

МАКТУБ БА МОДАРАМ

by admin
2625 views

Модар, эй оғози оғозҳо, эй бузургтарини бузургҳо, дар олам касеро аз ту бузургтар надидаам, то дил бар ӯ бандам. Ту он қадар бузургӣ, ки офаридгор туро офаридгорӣ додааст. Ту маъзани зебоиву садоқатӣ, ту махзани меҳру муҳаббатӣ ва тамоми хубиҳоро метавон дар номи покат хулоса кард. Ишқ бо ту ба камол расид ва меҳрубонӣ бо ту хотима ёфт.

Модар моҳест тобон, ки шабҳои тираи моро равшан месозад. Баҳор бо гулҳои рангинаш дар домони поки модар мешукуфад. Ҳақиқати зиндагии модар меҳр парваридан, фидокорӣ намудан ва дӯст доштан аст. Бузургии модар ба ҳаддест, ки ба хотири идома ёфтани зиндагӣ, ба даст овардани хушбахтӣ дар ҷаҳон дафтари орзуҳои худро нотамом мегузорад.

Модар, китобҳоро кофтам, то калимае пайдо кунам, ки битавонад мақому манзалати туро он тавре ки ҳастӣ, ситоиш кунам, аммо наёфтам. Оё дар дунё беҳтар аз модар шахсе вуҷуд дорад? Ҳаргиз на. Зеботарин дафтаре, ки дар васфи модар будааст, ин он қавли ҳабиби Худост, ки фармудаанд: «Биҳишт зери қадамҳои модарон аст».

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Ганҷина ДАВЛАТОВА,

донишҷӯи соли 2-юми

факултети филологияи рус

Related Articles

Leave a Comment