Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
103 views

Санаи 9-уми октябр дар факултети физика ва математика конференсияи илмӣ — назариявии умумидонишгоҳӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баргузор гардид. Чорабинии илмиро бо сухани ифтитоҳӣ Сафахон Рафиев, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз бахшид.

Дар конференсия бо маърӯзаҳои худ олимон ва устодон: Шамсиддин Шарифов,  омӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими он, Абдулазизов Абдулҳаким, номзади илмҳои физика-математика, дотсент, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, Ниёзов Ҷонмаҳмад, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он, Каримова Назокат, саромӯзгори кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо ва Убайдуллоҳи Абдусамад, докторанти PhD-и бахши сеюми кафедраи математика ва методикаи таълими он баромад намуданд.

Конференсия дар фазои иштироки фаъолонаи олимон, устодон ва донишҷӯён гузаронида шуд.

Related Articles

Leave a Comment