Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ УСТОД ВА ШОГИРД

УСТОД ВА ШОГИРД

by admin
3904 views

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе шуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Устод касест, ки нисбат ба шогирд ба умеду орзуҳои бисёр сабақ медиҳад, илму ҳунар меомӯзонад. Аз олами тираю тор ӯро ба ҷаҳони мунаввар роҳнамун месозад. Умед мебандад, ки шогирдаш дар оянда одами солимақлу бомаърифат гардад, соҳиби илму ҳунар шавад.

Чи таваре ки падару модар нисбат ба фарзанди худ меҳру муҳаббат дорад, дилсӯзу ғамхор мебошад, устоди ҳақиқӣ низ нисбат ба шогирд чунин аст. Шогирд низ нисбат ба устод ҳамчун фарзанд ба ҳисоб меравад, ҳатто дар ояндаи дурахшони шогирд ҳиссаи устод нисбат ба падараш чанд маротиба боло меистад.

Дар ҷамъияте, ки устод ситқан қадр карда мешавад, он ҷамъият рӯ ба пешравӣ дорад ва тамоми соҳаи ҳаёт дар тараққӣ аст. Ин албатта сабаб дорад. Устодони варзида кӯшиш мекунанд, ки дар таълиму тарбияи шогирдон тамоми қувваю дониши худро сарф намоянд. Бинобар ин, агар шогирд хоҳад, ки ояндаи ӯ дурахшон бошад, ҳамеша вақти худро дар пеши устод сарф бояд кунад.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Муатара АЛИЕВА,

донишҷӯи соли 3-юми

факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment