Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ РӮЗОНА БЕШ АЗ 1 СОАТ ХОБ НАКУНЕД: ОЛИМОНИ ЧИН МЕГӮЯНД, ХОБИ РӮЗОНА МАРГОВАР АСТ

РӮЗОНА БЕШ АЗ 1 СОАТ ХОБ НАКУНЕД: ОЛИМОНИ ЧИН МЕГӮЯНД, ХОБИ РӮЗОНА МАРГОВАР АСТ

by admin
156 views

Нафароне, ки ба роҳат рӯзона хоб мераванд, ғофил аз онанд, ки хоби онҳо метавонад барояшон марговар бошад

Дар Чин муҳаққиқони Донишгоҳи тиббии Гуанчжоу ба хулосаи шигифтангез омаданд — ба гуфтаи олимон, хоби беш аз яксоата метавонад барои инсон марговар бошад, менависд MedicalXpress.

Мутахассисон беш аз 20 адад кори илмиро мавриди омӯзиш қарор доданд ва маълумотро дар бораи 313 651 нафар таҳлил карданд, ки 39 дарсади онҳо дар давоми рӯз хоб мекарданд.

Натоиҷи ин таҳқиқот нишон дод, нафароне, ки давоми рӯз мунтазам беш аз як соат мехобиданд 34 дарсад ба хавфи гирифторшавӣ ба бемориҳои дилу раг ва 30 фисад ба дигар бемориҳои марговар наздик мешаванд.

Зимнан, муайян гардидааст, ки хоби рӯзона аслан барои нафароне, ки беш аз 6 соат дар як шабонарӯз хоб мераванд, хавфноктар аст

Муҳаққиқони Чин собит намуданд, ки хоб новобаста аз давомнокии он хавфи маргро 19 фисад зиёд мекунад.Ҳамчунин хоби занон ва одамони калонсолон хатари маргро 22 ва 17 фисад афзун мекунад.

Қаблан хобшиноси рус Михаил Полуэктов низ ба хавфи марговар будани хоби зиёд таъкид намуда изҳор дошт, ки хоби барзиёд дар рӯзҳои истироҳатӣ бештар зиён дорад.

Ба изҳори ӯ, хоби барзиёд дар рӯзҳои истироҳатӣ одамро ба бемории қанд, дилу рагҳо муваҷеҳ мекунад.

Манбаъ: https://sputnik-tj.com/world/20200827/1031801621/Ruzona-besh-az-1-soat-khob-nakuned-olimoni-Chin-megyand-khobi-ruzona-margovar-ast.html

Related Articles

Leave a Comment