Home ХАБАР ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ

ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ

by admin
241 views

Бо мақсади омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16.09.2020 дар толори фарҳагии донишгоҳ бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ чорабинӣ гузаронида шуд. Чорабиниро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом оғоз бахшида, қайд намуданд, ки интихобот ба пойдории давлатдории миллӣ ва таҳкими аркони он, ноил гардидан ба пешрафтҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, тақвияти асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард мусоидат хоҳад кард.

Профессор Мирализода Абдусалом қайд намуданд, ки: «Ёдовар аз он шуд, ки солҳои аввали истиқлолият ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони азизамон сар зад, ки ин бадбахтие буд ба сари мардуми мо омад ва ҳеч фарди дилсӯзи ин кишварро бетафовут нагузошт. Мо вазифадор ва масъулиятнокиро бояд бар дӯш дошта бошем, ки ояндаи Ватанамонро ғамхорона ҳамчун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем.»

Дар идома ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, аз дастовардҳои солҳои оромию осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бевосита мақоми занро дар ҷомеа баланд намудааст ва атрофи маъракаи дар пеш истодаи муҳими сиёсии мамлакат баромад намуданд.

Чорабинӣ бо риояи фосилаи маҳдуди иҷтимоӣ, аз пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда гузаронида шуд.

Related Articles

Leave a Comment