Home ХАБАР АВВАЛИН УНВОН АЗ КОА

АВВАЛИН УНВОН АЗ КОА

by admin
57 views

Сафаров Мунир, номзади илмҳои педагогӣ, сардори Маркази фосилавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин унвони илмии дотсентро аз Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ овард.

Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Мунир аз рӯи ихтисоси педагогика соҳиби унвони илмии дотсент шуд.

Раёсати донишгоҳ ба муҳаққиқ ин комёбиро сидқан муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаи илмӣ-тадқиқотиашон бурдбориҳо таманно менамояд.

 

Related Articles

Leave a Comment