Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО МАҚСАД ВА ИРОДА

МАҚСАД ВА ИРОДА

by admin
214 views

Шахсе корхонае кушоданӣ мешавад. 5 маротиба кӯшиш мекунад, аммо ҳар бор муфлис мешаваду аз одамони зиёд қарздор. Вақте афтодарӯҳ аз кӯчае мегузашт, чашмаш ба мӯрчае расид, ки донаеро ба хонааш бурданӣ буд. Мӯрча донаро ба як баландӣ мебаровард ва ҳар боре ки ба баландӣ мерасид, дона боз ба поён меафтод. Мӯрча бо ҳамин тарз 30-юм бор донаро ба баландӣ бароварду дона афтид. Маротибаи 31-ум мӯрча тавонист, донаро наафтонда ба баландӣ барораду ба хонааш бибарад. Он шахс ҳамаи инро диду андешид: «Мӯрчае бо ин хурдӣ ин қадр иродаи қавӣ дораду ман бо вуҷуди инсон буданам аз он маҳрумам?!» Он шахс дар назди худ вазифа гузошт, ки бо ҳар воситае бошад, бояд ба мақсадаш бирасад.

Мантиқ: Мову шумо низ дар роҳи ба мақсад расидан борҳо шикаст мехӯрему дилшикаста мегардем, аммо инро набояд фаромӯш кунем, ки ягона роҳи ба мақсад расидан ин ҳеҷ гоҳ таслим нашудан аст.

Related Articles

Leave a Comment