Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО БЕДОНИШ КУР АСТ!

БЕДОНИШ КУР АСТ!

by admin
129 views

Рустое буд дурафтода, ки мардуми содадил ва бесавод дар он сукунат доштанд. Марди золиме аз содагии онҳо истифода карда, ба ҳар навъе болои онҳо ҳукумат мекард. Иттифоқан гузари як муаллиме ба он русто афтод ва мутаваҷҷеҳи дағалкориҳои он марди золим шуд ва ӯро насиҳат кард, ки аз зулм болои мардум даст кашад, вагарна ӯро расво хоҳад кард. Аммо марди золим напазируфт. Баъди баҳси зиёд бо ӯ, муаллим аз фиребкориҳои он мард ба мардум сухан гуфт. Баъд аз мушоҷараи зиёд байни муаллим ва он мард қарор шуд, ки миёни он ду нафар фардо дар майдони русто мусобиқа доир шавад, то ҳақ муайян гардад.

Фардо ҳама мардуми деҳа дар майдони русто ҷамъ омада буданд, то бубинанд охири кор чӣ мешавад.

Марди золим ба муаллим гуфт:

— Бинавис «мор»!

Муаллим мор навишта кард. Навбат ба он мард расид ва ӯ шакли морро тасвир карда, аз мардум пурсид: 

— Шумо худ қазоват кунед. Кадоме аз инҳо мор аст? Мардум, ки савод надоштанд, ҳеҷ кадоме мутаваҷҷеҳи навиштаи муаллим нашуданд, аммо ҳамагӣ шакли морро шинохтанд ва ба ҷони муаллим дарафтода, ӯро аз русто ронданд.

Мантиқ: Ҳар аҳмақе метавонад қонуне ҷорӣ кунад, ки танҳо аҳмақони дигар ба он аҳамият медиҳанд.

Related Articles

Leave a Comment