Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОСУХАНИ МОНДАГОР УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

by admin
71 views

Агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷаҳд кун то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар ва ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан. Пас, агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бесурат.

 

Related Articles

Leave a Comment