Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОСУХАНИ МОНДАГОР ГУФТОРЕ ЧУН ҚАНД БАРОИ ҶУМЛА ЗИНДАҲО СУДМАНД АЗ ФАЙЛАСУФИ АРҶМАНД ИММАНУИЛ КАНТ

ГУФТОРЕ ЧУН ҚАНД БАРОИ ҶУМЛА ЗИНДАҲО СУДМАНД АЗ ФАЙЛАСУФИ АРҶМАНД ИММАНУИЛ КАНТ

by admin
202 views

(Аз рисолаи «Нақди хиради холис»-и ин хирадманд («Критика чистого разума»)

— Маънавияту одамиятро сарҳаде ҳаст, ҳайҳот, ки ноодамиву бадахлоқиро не.

— Одамият чист? Ширкат дар сарнавишти одамони дигар.

— Кӯдаконро барои имрӯз не, барои фардо, барои беҳтар сохтани зиндагии оянда тарбият бояд кард.

— Агар кӯдакро барои рафтори бадаш ҷазо ва барои кирдори некаш подош бидиҳӣ, вай минбаъд танҳо барои манфиати хеш накукорӣ хоҳад кард.

— Ба одам ҳар чизе, ки мехоҳад бидеҳ, ӯ ҳамоно эҳсос мекунад, ки ин ҳама чиз ҳама чизи мехостааш нест.

— Яке дар кулмаки об манбаи ифлосӣ, дигаре акси ситораҳоро мебинад.

— Ҳар қадар одатҳо бештар шаванд, озодии инсон камтар мешавад.

— Одами оқил андешаашро тағйиру такмил медиҳад, одами хартабиату аблаҳ ҳаргиз.

— Аз марг онҳое камтар метарсанд, ки ҳаёташон арзиши бештар дорад.

— Маънои ҳаёт он нест, ки худро дарёбӣ, балки он аст, ки худро бисозӣ.

— Вақте адолати умумӣ нест, аз арзиши зиндагии инсонҳо сухан гуфтан маъно надорад.

— Бо одамони дигар ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳоят муносибат макун.

— Инсони бошарафу озод ҳамонест, ки ба қонун итоат мекунад, на ба одами дигар.

— Одами бенангу сустаносир рӯ ба макр меорад, макр бошад, ҳамеша эҳтиёткор буданро тақозо мекунад.

— Аз танҳоӣ онҳое метарсанд, ки аз худашон метарсанд.

— Одам дар рӯшноӣ хеле кам аз торикӣ, ҳангоми хушбахт буданаш хеле кам аз бадбахтӣ, ҳангоми серу пур буданаш хеле кам аз азоби нодорӣ фикр мекунад, баръакс, ҳамеша ҳангоми торикӣ аз рӯшанӣ, вақти азоб доштанаш аз бахту саодат, вақти камбағалӣ аз зиндагии серу пур андеша мекунад…

Related Articles

Leave a Comment