Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО ПӮШИДАНИ РОЗ

ПӮШИДАНИ РОЗ

by admin
149 views

Субҳ буд. Паёмбар дар миёни роҳ ба Зайд бархӯрданд ва пурсиданд:

— Чӣ гуна субҳ кардӣ?

Гуфт:

— Бандае бо имон.

Паёмбар:

— Нишони имонат чист?

Гуфт:

— Рӯзҳоро дар ҳоли рӯза ташна мегузаронам ва шабҳо бедор ва машғули ибодат ҳастам. Ба ҳоле расидаам, ки замонро ва рӯзу шабро дар нур дидаам ва назди ман гузаштаву оянда якест. Ҳамон гуна, ки мардум осмонро мебинанд, ман аршу аршиёнро мебинам, ҳашт биҳишту ҳафт дӯзах пеши рӯи ман аст, якояки мардумро мешиносаму медонам кадом биҳиштӣ асту кадом ҷаҳаннамӣ.

Давом дод:

— Эй Расули Худо! Иҷоза медиҳед, ки сарнавишти якояки мардумро бозгӯям ва аз сирату ниҳони ҳар як хабар диҳам ва рози ҳамагон фош созам?

Паёмбар фармуданд:

— Хомӯш бош! Рози мардумон бармало макун, ки Худованд пардапӯш аст. Чун бар асрор воқиф шудӣ, дам фурӯ банд ва ҳеҷ магӯ. Худованд оинае ба ту дода, ки ҳақоиқро менамоёнад, онро ғилоф кун ва пинҳон дор. Чашм оламбин аст, бо ангушт метавон онро баст. Роздориву пардапӯшӣ хулқи каримон аст ва чун айби дигарон бипӯшӣ, Худои алим низ хатоҳоят бипӯшонад.

Related Articles

Leave a Comment