Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО АФКОРИ АФЛОТУН

АФКОРИ АФЛОТУН

by admin
512 views

Аз Афлотун ду савол пурсиданд:

— Кадом рафтори одамият шуморо ба ҳайрат меорад?

Афлотун гуфт:

Одамият аз кӯдакӣ ҳамеша орзуи ҳарчӣ зудтар ба камол расиданро мекунад, вале пас аз бузург гаштан, кӯдакияшро ёд мекунад. Ҳамчунин барои ба даст овардани сармоя саломатияшро аз даст медиҳад, вале боз барои барқарор кардани саломатӣ сармоя сарф мекунад. Ояндаашро фикр карда, имрӯзашро фаромӯш мекунад, вале дар охири умр мебинад, ки на имрӯз ва на ояндаашонро зиндагӣ кардааст. Ҳамон гунае ба сар мебарад, ки гӯё намиранда бошад, вале он гунае мемирад, ки гӯё ҳеҷ вақт дар ин олам назистааст.

Бори дигар ба Афлотун чунин савол доданд:

— Барои хушбахт зистан чӣ тавсия медиҳед?

— Ҳеҷ касро барои дӯст доштани худ маҷбур масозед! Агар сазовор бошед, бигзор худашон дӯстатон доранд! Вазифаи шумо ин аст, ки шахси лоиқи дӯст доштан бошед. Муҳим он нест, ки соҳиби чизи зиёд бошед, муҳим он аст, ки бо чизи андак эҳтиёҷро бартараф кунед.

Related Articles

Leave a Comment