Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ҶАШНИ МЕҲРГОН

ҶАШНИ МЕҲРГОН

by admin
421 views

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки арзишмантарин дастоварди миллати тоҷик дар ҳазораи охир аст, бо шарофату ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё мегарданд.

Некрӯзу некҷашну неквақту некфол,

Меҳргон омад гирифта фолаш аз неки мисол.

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳабат, дӯстиву рафоқати одамон ба якдигар, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъовари ҳосил таҷлил мекарданд. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби мелодӣ аз 23-юми сентябр то 22-юми октябр давом меёбад.

Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукуҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгири Меҳргон ба иди Наврӯз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубонҳои зиёд мекарданд.

Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанҳои нав ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009, таҳти №538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бошукуҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми форсу тоҷик аст, бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8-уми октиябр чун иди миллӣ бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

 Бо ин мақсад мо донишҷӯёни соли 4-уми (гуруҳи 409, шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ) факултаи омӯзгории Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №53-и шаҳри Кӯлоб ба номи Саидҷон Ҳакимзода ҳамчун таҷрибаомӯзи синфҳои ибтидоӣ равона шудем, хостем ин ҷашни аҷдодии хеш-Меҳргонро дар якҷоягӣ ҷашн гирем.

Ман аз номи худ ва аз номи аҳли гуруҳамон ба ҳама омӯзгорон ва роҳбарияти муассиса, аз ҷумла устод Ёқубов Саидасвар ва муаллима Ибодова Маҳбуба изҳори миннатдорӣ менамоем, ки дар ҷамъомади имрӯза дасти кӯмаки хешро бароямон арзонӣ доштанд.

 Сомон АБДУЛЛОЕВ,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг

 

 

Related Articles

Leave a Comment