Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ХАБАРКАШӢ ВА ОҚИБАТИ ОН

ХАБАРКАШӢ ВА ОҚИБАТИ ОН

by admin
169 views

Яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо ин хабаркашӣ мебошад. Хабарҳои бад метавонад инсонро аз по афтонад ё ин ки сабаби пош хӯрдани оила шавад. Аслан мо агар аз назари дунявӣ бингарем, хабаркашӣ ё ин ки ғайбат гуноҳ аст.

Вобасте ба ин мавзӯъ олимон бузургон ва мутафаккирон суханҳои зиёд гуфтаанд. Хабаркашӣ ин мавзуе нест, ки аз назари мардум дур монад, зеро агар 40%- и оилаҳои ҷавон пош хӯрда бошанд, 10%-и фоизи онҳоро маҳз хабаркашӣ вайрон кардааст, чунки онҳо ба оиладории мустақил ҳоло омода нестаанд ва онҳоро бисёр ҷавон ба шавҳар медиҳанд. Вақте ки дар хонаи шавҳар ягон ҳодиса рух медиҳад, онҳо ба ин тоб наоварда, зуд ба падару модари худ хабаркашӣ мекунанд. Хуб мешуд, ки падару модар пеш аз он ки духтарон ё писарони худро оиладор кунанд, онҳоро каме ҳам бошад ба зиндагии мустақилона омода намоянд. Хабаркашӣ дардест, ки ба он дард ҳеҷ гоҳ аҷри нек ба соҳибаш намерасад.

Дилангези АШУРМАД,

донишҷӯи соли 2-юми

факултаи филологияи рус

Related Articles

Leave a Comment