Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ СУТУНИ ХОНАДОНИ МАН

СУТУНИ ХОНАДОНИ МАН

by admin
106 views

Ҳаёти ҳар як шахс пур аз лаҳзаҳои хотирмон мебошад ва ман дар ин ҷо мехоҳам каме ҳам бошад аз як лаҳзаи рангини худ ёд кунам. Айёми кӯдакӣ барои ҳар як шахс бисёр ширин аст.

Вақте ман хурд будам, ҳар як иду ҷашнҳое, ки мешуд, падарам кӯшиш мекард, ки манро бе туҳфа намонад. Ҳар як Соли нав, ки меомад, ба мо аз ҳамон халтачаҳои солинавӣ меовард ва мо бо як хурсандии зиёд ҳамон Соли навро мегузаронидам. Ин як лаҳзае ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Бо гузашти айём ва вақти пурқиммат рӯз то рӯз ва сол то сол ҳар қадаре ки калон шудан гирифтам, ба кадри падару модари худ бисёртар расидам ва чӣ қадаре агар аз ин ду ганҷинаи ҷаҳон сухан гӯям, кам аст. Бовабрии яқин дорам, ки шахс дар баробари модару падарро ҳам дӯст медорад. Аз забони шоир гуфтаниям:

Сарвари ҳар хонадони одамӣ бошад падар,

Роҳбару ҳам соябони одамӣ бошад падар.

Одамӣ-ку бе падар монад, залилу хору зор,

Раҳнамоӣ ақли ҳар як одамӣ бошад падар.

Хубонбӣ РОЙБЗОДА, донишҷӯи соли 1-уми факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment