Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАР — ГАНҶИ БЕБАҲО

МОДАР — ГАНҶИ БЕБАҲО

by admin
501 views

Яке симу зару гавҳар бихоҳад,

 Яке аз осумон ахтар бихоҳад.

Дили ман аз ҳама чизи қимадтар,

Дуову ҳикмати модар бихоҳад.

Меҳрубоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш модар аст. Модарҷон Шуморо дӯст медорам. Миёни неъматҳое, ки Худо бар ман додааст, беҳтаринаш Шумоед модар. Модар чи қадар калимаи зебо ва гувороест. Вақте мо калимаи модарро ба забон меорем, пеши чашмонамон шахсе намуддор мешавад, ки бо як дасташ гавҳора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Агар ман бо Худо вохурда метавонистам, ман ба ӯ ташаккур мегуфтам. Барои он ки бар ман чунин модар додааст. Албатта, кам ҳастанд нафароне, ки дар ҷомеаи имрӯза ба қадри падару модарони худ мерасанд. Ба падару модаратон эҳтиром гузоред, то ин ки фарзандонатон ба Шумо низ эҳтиром гузоранд. Падару модар аз ҳама чизи қимадтарин дар ин дунё ба ҳисоб мераванд.

Падар хуршед падар моҳтоб,

Падар як гавҳари ноёб.

Падар соҳил, падар дарё,

Падар чун гавҳари камёб.

Вақте ки кӯдак будем, шабҳо фикр мекардем, ки пагоҳ чи бозӣ мекунем. Ҳоло бошад, фикр мекунем, ки зиндагӣ фардо бо мо чӣ бозӣ мекунад. Пурсиданд сахтарин дард кадом дард аст: яке гуфт ошиқӣ, яке гуфт танҳоӣ, яке гуфт фақирӣ, яке гуфт дилтангӣ. Аммо ҳеҷ кас нагуфт, ки пиршудани падару модар. Дунёи фарзанд ин чашмони падару модар аст. Вақте ки чашмони падару модар пӯшида мегардад, дунёи фарзанд торик мегардад.

Башорат ШЕРАҲМАДЗОДА,

донишҷӯи соли 1-уми факултаи молиявию иқтисодӣ

Related Articles

Leave a Comment