Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ КИТОБ-МАНБАИ ДОНИШ

КИТОБ-МАНБАИ ДОНИШ

by admin
4057 views

Китоб барои инсон мӯнису ғамхор буда, ба ҳеҷ кас ва ба ҳеҷ чиз баробар шуда наметавонад. Китоб метавонад чун дӯсти беминнат моро аз ҳама дармондагиҳо раҳо бахшад. Ҳалли мушкилиҳо, тарзи хубу беҳи зиндагӣ, роҳ ёфтан ба ҳаёти осоишта, бунёдкорию ободонӣ, саодатмандию некрӯзгориро аз китоб пайдо мекунем. Ҳар як авроқи он ба мо рӯҳи тозаву нерӯи нав мебахшад ва ба сӯи ояндаи нек роҳнамоӣ месозад. Китоб манбаи ҳаёт буда, кас аз мутолиаи он соҳиби илму дониш мешаванд ва он хазинаи луғавӣ дошта, инсонро мунаввару дурахшон сохта, ӯро ба накӯкорӣ даъват менамояд.

Бузургтарин иқдом дар ин самт аз озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ…” таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Озмуни мазкур иқдоми шоистаест, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофиза, дарёфти чеҳраҳои нави суханрону суханвар мебошад. Пас, моро мебояд, ки дар пайрави  дастгирӣ аз Пешвои миллат пайи мутолиа кӯшиш намоем, зеро ояндаи дурахшон ва Ватани зебову обод танҳо ба мутолиа пайваста ва ҳамнишинии бештар ба китоб барои мо муяссар мегардад.

Лайлӣ АВАЗОВА,

донишҷӯи соли 3-юми факултаи

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment